Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ТАШКИЛИ ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУНИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Главная > Хабар > ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ТАШКИЛИ ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУНИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ТАШКИЛИ ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУНИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


16-11-2023, 20:34. Разместил: admin

Сипас дар маркази ноҳия бо иштироки зиёда аз 500 нафар шаҳрвандон ва кормандони касбу кори гуногун бахшида ба ин ҷашн роҳпаймоии осоишта доир гардид.      

     Дар толори қасри фарҳанги ноҳия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ оғоз гардида, раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр тамоми аҳли нишаст ва мардуми ноҳияро бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик намуданд. Иброз доштанд, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент дар кишварҳои гуногун таърихи хеле қадима дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва хосро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан чунин рӯзҳоро бо шукӯҳу шаҳомат ва тантанаи хос таҷлил менамоянд. Агар ба таърихи таҷлил намудани Рӯзи Президент таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон чунин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Давлатҳо дар аксар маврид рӯзҳои муқаддас ва таърихиро тавассути қонун ҳамчун рӯзи Ид эълон мекунанд. Боиси ифтихору сарбаландист, ки моҳи майи соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуда, бо назардошти хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рӯзи Президент дар соли ҷорӣ ба 31-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, ки ин фоли нек ва муждае аз музаффариятҳои дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастомадаи миллати тоҷик мебошад.

    Сипас раиси Суди ноҳия Муродализода Фирдавс суханронӣ намуда, сокинони ноҳияро бахшида ба ин ҷашн табрику муборакбод намуданд. 

    Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳо аз хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хотири аҳли нишастро шод гардониданд.


Вернуться назад