Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ
Главная > Хабар > ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ


23-12-2023, 13:03. Разместил: admin

Имрӯз терроризм ва эктремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз яроқи ядроиро ба миён овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст ва набояд фирефтаи он гашт.

Аз ин рӯ мо ҷавононро месазад, ки ҳушёрию зиракии худро аз даст надода сулҳу субот ва истиқлолияте, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба мо ҷавонони даврони истиқлол муяссар гардидааст, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, чунки қурбонии ин гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аксаран ҷавонон мебошанд.

Имрӯзҳо техналогияи муосири иттилоотӣ дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуниҳаёт, ҳамчунин шаклу намудҳои гуногуни зарарро ба худи инсоният эҷод менамояд. Махсусан қайд кардан ба маврид аст, ки истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳода истодаанд ва аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳад. Беҳуда нагуфтаанд: “Агар давлатро нобуд кардан хоҳӣ, пеш аз ҳама насли наврасу ҷавонони онро гумроҳ намо”. Аз ин рӯ аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки фирефтаи ин гурӯҳҳои ифротиву тундгаро нашуда, дар пешравии Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ширмои Маҳмадсаид


Вернуться назад