Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > РАДИОИ ОЗОДӢ РАСОНАИ ИҒВОАНДОЗ ВА БАДХОҲ
РАДИОИ ОЗОДӢ РАСОНАИ ИҒВОАНДОЗ ВА БАДХОҲ1-01-2024, 13:40. Разместил: admin |
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи рушди демократӣ ва ҷомеаи ҳуқуқбунёдро ҳадафи олӣ қарор дода, давоми солҳо дар ин самт ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Таҳкими давлати демокративу дунявӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини амнияту суботи шаҳрвандон далели гуфтаҳои боло аст. Мувофиқи арзёбии созмонҳои расмии байналмилалӣ ва марказҳои зеҳнии ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарини минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардида, ҳамчун давлати демокартиву соҳибихтиёр эътироф шудааст. Воқеан, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити лозима ҷиҳати рушди ҷомеа фароҳам оварда шудааст. Қонунҳои адолатмеҳвар шароитеро бавуҷуд овардаанд, ки ҳар як шаҳрванд озодона кору фаъолият намояд. Инчунин, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд намоянд ва дар пешрафти давлат саҳми муносиби худро гузоранд. Масалан, имрӯз дар кишвар даҳҳо расонаҳои воситаи ахбори оммаи мустақил ва садҳо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ озодона фаъолият менамоянд. Бар замми ин давлат барои онҳо тамоми фаъолият озод ва таъмини бехатариро кафолат додааст. Мутассифона, аз чунин шароитҳои созгор ва фароҳамгардида, баъзе расонаҳои мустақил сӯиистифода намуда, дар анҷоми рисолати касбӣ ба хиёнаткорӣ даст мезананд. Яке аз чунин расонаҳои хабарӣ Радиои озодӣ аст, ки бештари вақт ба таҳрифи хабару гузоришҳо ва паҳн намудани иттилоотҳои ғайривоқеиву дуруғ ва ғаразнок машғул аст. Рӯзноманигорони ин расона дар асл бояд хабарҳои бо далелро барои ҷомеа пешниҳод намоянд. Вале мушоҳида мегардад, ки онҳо ба ҷои пешкаш намудани иттилоотҳои саҳеҳ баръакс ба таҳрифи хабарҳо ва гумроҳсозии ҷомеа машғуланд. Таҳлилҳои коршиносон борҳо собит намудаанд, ки ин расона дар ҳар кишваре ки фаъолият менамояд, хилофи арзишҳои давлат ва ҷомеаи он фаъолияти худро пеш мебарад. Яъне, Радиои озодӣ дар асл барои созмонҳои бадхоҳи хориҷӣ ва давлатҳои манфиатҷуву моҷаробарангези муайян кор менамояд. Ҳамин тавр, ҳар як шаҳрванд бояд огоҳ бошад, ки хабару гузоришҳои чунин расонаҳову созмонҳои бадхоҳ ҳеҷ ҳақиқате надорад. Онҳо танҳо ба хотири гумроҳсозии мардум таҳия мегарданд. Даҳҳо факту далелҳо мавҷуданд, ки Радиои озодӣ хилофи арзишҳои давлатдории мо фаъолият намуда, нисбат ба пешрафти давлати мо нияти нек надорад. Радиои озодӣ, ки муассиси он депортаментҳои амрикоиву аврупоӣ мебошанд, ҳама сола мувофиқи сенарияҳои пешниҳодкардаи онҳо фаъолияти худро созмон медиҳад. Гарчанде, ки худи ин расона даъвои озодии мутлақи худро намояд ҳам, аммо воқеиятҳо ва тарзи муносибати он ба падидаҳо тасдиқ намудаанд, ки Радиои озодӣ ягон вақт озод набудааст. Инъикоси хабарҳо, мавқеъгирии ғалат ба ҳодисаҳо, яктарафа баҳогузорӣ намудан ба масъалаҳо гувоҳии он аст, Радиои озодӣ расонаи иҷрокунандаи супоришҳост. Вақтҳои охир мушоҳида мегардад, ки Радиои озодӣ хусусан, бахши тоҷикии он пурра ба майдони манфиати гуруҳҳои ифротӣ табдил ёфтааст. Дар ин расона ягон матлаб оид ба рушду инкишоф ва дастовардҳои Тоҷикистон мавҷуд нест. Аммо, агар як камбудии кучак пайдо гардад Радиои озодӣ аз он як куҳи азим ва фаҷиаи бузург месозад. Албатта, ин шакли муносибати Радиои озодӣ берун аз меъёр ва ахлоқи журналистӣ аст. Инчунин, мушоҳида мегардад, ки ин расона ба майдони манфиатҳои ТЭТ ҲНИ табдил ёфтасст. Дар ин маврид чандин мисолҳоро зикр намудан мумкин аст. Радиои озодӣ ба манфиати шаҳрвандон ва халқ кор намекунад, балки ба манфиати лидерони амрикоияш фаъолият менамояд. Пас, гуфтан мумкин аст, ки Радиои озодӣ имрӯз ҳамчун як расонаи ифротгаро хатаровар фаъолият намуда истодааст. Вернуться назад |