Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ДАР АТРОФИ МАФҲУМҲОИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ
БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ДАР АТРОФИ МАФҲУМҲОИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ28-01-2024, 23:26. Разместил: admin |
Дар банди 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (аз 16 ноябри соли 1999, №845) низ террорист – шахсе, шинохта шудааст, ки дар анҷом додани фаъолияи террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд. Терроризм аз куҷо маншаъ мегирад? Яке аз сарчашмаҳои асосии пайдоиши терроризм, фаъол шудани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва паҳн гаштани ақидаи ифротӣ, бешакку шубҳа, ҷаҳолату бесаводист. Маҳз бесаводӣ, тафаккури иртиҷоӣ, дармондан ба хурофоту одатҳои ношоиста тавлидкунандаи экстремизм ва терроризм гаштааст. Муқовимат бо ин мушкилӣ бошад, танҳо бо роҳи баланд бардоштани шуури диниву илмии мардум имконпазир аст. Вобаста ба масъалаи саводноккунии ҷавонону наврасон ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ва аз байн бурдани хурофотпарастӣ миёни ин гуруҳи иҷтимоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид кардаанд. Хусусан, дар яке аз суханрониҳо чунин қайд намуданд: “Аксари онҳое, ки дар нооромиҳои Сурия иштирок доранд, саводи дурусти мактабӣ надошта, афродеанд, ки аз тарбия комилан дур мондаанд”. Ин маънои онро дорад, ки бесаводӣ инсонро ба золиму бераҳм табдил дода, метавонад аз дарранда ҳам даҳшатноктар гардонад. Ин аст, ки ҳоло ҳамин турфа одамон гӯшаҳои алоҳидаи ҷаҳонро ба харобот табдил дода, мехоҳанд барои башарият “низоми нав” ҷорӣ кунанд. Инчунин тибқи хулосаи умумии аксарияти таҳлилгарон гуфтан мумкин аст, ки аслан экстремистон террорист мешаванд ва ё ҷавонон аввал ба равияҳои экстремистӣ ворид гардида, аз ғояҳои онҳоро пайравӣ ва таблиғ намуда, оҳиста-оҳиста бо роҳи тағирдиҳии руҳия ва таъсир ба ҳолати равонии онҳо ба ташкилотҳо ва амалиётҳои террористӣ ҷалб карда мешаванд. Экстремизм чист ва экстремист кист? Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан аст. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) шахсро ба терроризм мебарад. Ба ақидаи аксари муҳақиқон, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Экстремист – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон –дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Барои чи ҷавонон экстремист мешаванд ва дар ниҳоят даст ба амали террористӣ мезананд? Яке аз сабабҳои ба гуруҳҳои ифротӣ шомил гардидани ҷавонон ин ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия), ки олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад, мебошад. Дар ҷаҳони ислом, хусусан дар миёни мусулмонон эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он меттавонад ба экстремизм ва дар ниҳоят ба терроризм бурда расонад. Чунки, дар айни замон аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки мамлакатҳои Ғарб нисбат ба онҳо сиёсати духӯра, дурӯя ва меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Инчунин, аксари мусулмонон, ки бо асли аркони ислом, таърих, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хоси ин дин аст. Ҳол он, ки “Қуръон”, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва таблиғ менамояд. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ. Вале, экстремистон барои ба гумроҳӣ бурдан ва бовар кунонидани ҷавонон ба ғояву андешаҳои муғризонаи худ оятҳои Қуръонро нодуруст ва ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар ва яроқу алсиҳа низ аз сарчашмаи ташкилу омодасозии гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мебошад. Бархе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҳамин ҳисоб маблағҳои калони пулӣ ба даст меоранд ва ба ин мақсад амал мекунанд. Давлатҳои абарқудрат маҳз ба воситаи чунин гурӯҳҳо яроқу аслиҳаи худро ба фурӯш мебароранд. Маҳз тиҷорати маводи нашъаовар ва аслиҳа яке аз сабабҳои доман паҳн кардани гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо қастгирӣ, ғараз ва хусумати шахсӣ низ сабаби экстремист ва дар ниҳоят террорист шудани ҷавонон оварда мерасонад. Ҷавононе, ки бо шахс ва ё шахсони дигар хусумати шахсӣ ва ё оилавӣ доранд, ва дар зиндагӣ камтаҷрибаву камтарбия ва табиатан ҷангҷӯ, моҷароҷӯй ва ҳангоматалаб ҳастанд, бо ҳар роҳу васила, ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардида, гӯйё бо ин роҳ дар ҳолатҳои мусоид аз “душманонашон” қасос мегиранд. Омили дигари шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ин ҷинояту ҷинояткорӣ мебошад. Баъзе ҷавонони камдониш, ки бевосита ва ё ба воситаи шахсони дигар ба амалҳои ҷиноӣ даст зада, доғи судӣ доранд, фикр мекунанд, ки дигар ба ҷомеъа даркор нестанд. Таблиғгарони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ чунин ҷавононро низ ба осонӣ ба сафи ҳаммаслакони худ ҷалб менамоянд. Чи бояд кард, то ҷавонон экстремисту террорист нашванд? Фикр мекунам, ки ба инобат гирифтани пешниҳодҳои зерин метавонад то андозае пеши роҳи шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои экстремистиву террористиро гирад: - тамоми муассисаву ташкилотҳо, хусусан муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои баъдидипломиро зарур аст, ки моҳияти асосии мафҳуми ҷаҳонишавӣ, нигоҳдорӣ ва эҳтироми урфу одатҳои миллӣ, мустаҳкам нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ, дӯстдорӣ ва таблиғи фарҳанги миллӣ ва дигар донишҳои заруриро дар шакли хонишҳои сиёсӣ ва ё чорабиниҳои маърифатӣ-сиёссӣ ба самъи наврасону ҷавонон расонида, зиракии сиёсии онҳоро бедор намоянд; - моҳияти дини мубини ислом ва рукнҳои асосии онро бо дарназардошти урфу одатҳо ва таъриху фарҳанги миллии тоҷикон ба наврасону ҷавонон расонида, ҳамзамон дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣ, омилҳо, заминаҳо ва мақсади таъсис намудани ин ҳизбу ҳаракатҳо, замон ва макони пайдоиши онҳо, ҳадафу мақсадҳои нопоки ин ҳизбу ҳаракатҳо аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони соҳа маълумотнома, мақолаву брошюраҳо омода карда шаванд, миёни наврасону ҷавонон паҳн карда шавад, то онҳо дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумоти мушаххас ва кофӣ дошта бошанд; - ғоя, идеологияи миллиро ба шуури инсонҳо, мардум, хусусан наврасону ҷавонон бо ҳар роҳу усули таъсировар, собитқадамона ҷойгир кардан зарур аст, то ки ҷойи холиро ғояи бегона ва ба назари мардум “ҷолиб” ишғол нанамояд; - ҳангоми гузаронидани корҳои таблиғотӣ синну сол, маълумот, шуғл, сатҳи зиндагӣ, гурӯҳи иҷтимоӣ, ба кадом ҳизбу ҳаракатҳои расмӣ, қонунӣ шомил будани онҳо бояд ба инобат гирифта шавад. Зеро тибқи таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сину соли шахсони ба гуруҳҳои ифротӣ шомилгардида асосан аз 18 то 30 ва аз 30 то 40 сола мебошад, ки инро бояд ҳангоми гузаронидани корҳои тарғиботӣ ба инобат гирифт; - таъмин кардани ҷавонон бо ҷои кор, аз байн бурдани бекорӣ, майлу хоҳиши пулпарастӣ, чизпарастӣ, шӯҳратпарастӣ, бегонапарастӣ имрӯз бояд зери маркази таваҷӯҳи волидайн ва мақомоти масъул бошад; - баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастӣ ва тарбияи ҷавонон дар мисоли ҳаёт, таҷриба ва зиндагии ибратангези шахсиятҳои номдор дар миқёси шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ низ метавонад ба ояндабинӣ ва аз худ шахсиятсозии наврасону ҷавонон таъсири мусбӣ расонад. - таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар бояд зери назорати махсуси волидайн ва мақомоти масъул бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба доми терроризм ва экстремизм кашида мешаванд. Аз ин лиҳоз, имрӯз мо масъулият дорем, ки рафтори онҳоро дар хориҷи кишвар низ назорат намуда, аз маҳалли будубош ва нафарони ҳамзисти онҳо бохабар бошем.
Ҳасан ҚУВАТЗОДА Вернуться назад |