Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҲСУБ МЕЁБАД
ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҲСУБ МЕЁБАД28-01-2024, 23:33. Разместил: admin |
Пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Вақтҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамоянд, аз қабили ифротгароии ҷавонон мешавем. Ин тамоюл, бешак, мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маъмул буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир менадешад.
Ҳамрозода О. Вернуться назад |