Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ҲАДАФ: ГУСТАРИШ ДОДАНИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА
ҲАДАФ: ГУСТАРИШ ДОДАНИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА18-02-2024, 15:13. Разместил: admin |
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон вохурии раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр бо вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер баргузор гардид. Дар вохурии мазкур муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони ташкилотҳои дахлдори ноҳиявӣ, инчунин аз ҷониби Вазорат муовини вазир, директори ҶСК “Нафту газ” ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд. Ҳадафи асосии вохурии мазкур пеш аз ҳама иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” ба ҳисоб рафта, дар ин доира тарафҳо мубодилаи афкор намуданд. Раиси ноҳияи Балҷувон дар ҷараёни вохурӣ оид ба захираю имкониятҳои соҳаи саноат ва энергетикаи ноҳия ва ҳамзамон мушкилотҳои дар ин самтҳо ҷойдошта маълумот дода, аз ҷониби Вазорат даъват ба амал оварданд, ки вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта, махсусан ҷалби сармоя дар самти истихроҷи нафту газ, таъмини деҳаҳои бебарқи ноҳия бо барқ, иваз намудани зеристгоҳи барқии ноҳия, иваз намудани симчубҳо ва хатҳои барқи солҳои тулонӣ фаъолиятдошта ва бо хатти барқи ноҳия пайваст намудани Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим, мусоидат намоянд. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер пешниҳодҳои раиси ноҳияро ба хубӣ пазируфта, иброз доштанд, ки Вазорат тамоми имкониятҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои гузошташуда ва ҳалли мушкилотҳои ҷойдоштаи ноҳия, равона месозад. Дар охир тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои муайян намудани вазъи хизматрасонии соҳаи барқ ва мушкилотҳои ҷойдошта Гуруҳи кории Вазорат ба ноҳия ташриф оварда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ таҳлили пурраи соҳаро гузаронида, тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шавад. Вернуться назад |