Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ШИНОСОӢ БА ҲОЛАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НАВБУНЁДИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
ШИНОСОӢ БА ҲОЛАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НАВБУНЁДИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН18-02-2024, 15:16. Разместил: admin |
Дирӯз раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр бо ҳамроҳии Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Баҳром Бобоқул аз ҳолати корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии тавассути Лоиҳаи мазкур бунёдшаванда, шинос гардида, бо масъулини иншоотҳо барои такмили низоми корбарӣ ва бо сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, дастуру тавсияҳои судманд доданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна сохтмони муассисаҳои таълимии №24 дар деҳаи Самари Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим, №4 дар деҳаи Охбулоқ ва №5 дар деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон ва №11 дар деҳаи Хироби Ҷамоати деҳоти Балҷувон, рафта истодааст. Ҳолати кор дар иншоотҳо хуб ба роҳ монда шуда, муҷаҳҳаздорнии муассисаҳо бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ, пешбинӣ гардидааст. Дар моҳи марти соли ҷорӣ мавриди истифода қарор додани муассисаи таълимии №24 дар деҳаи Самар нақшабандӣ гардида, ақйни замон зиёда аз 90 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди инфрасохтори соҳаи маорифи ноҳия таъмин гардида, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, заминаи воқеӣ гузошта истодааст. Айни замон бо ҷалби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 15 муассисаи таълимӣ ҷараён дошта, дар соли ҷорӣ мавриди истифода қарор додани 5 муассиса, пешбинӣ гардидааст.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон Вернуться назад |