Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН24-02-2024, 19:53. Разместил: admin |
Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо таваҷҷуҳ ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январи соли ҷорӣ ва дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 баён доштанд, ҷаласаи васеи назди раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якум, муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳ ва мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, корхонаҳои саноатӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони бунгоҳу марказҳои саломатӣ, имомхатибони масҷидҳо ва раисони маҳаллаҳо иштирок доштанд. Раиси ноҳияи Балҷувон дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот пешниҳод гардидааст, муҳокимаронӣ намуда, масъулинро вазифадор намуданд, ки барои сари вақт бартараф намудани камбудию мушкилотҳои ҷойдошта, тадбирҳои амалӣ андешанд. Махсусан дар самти кам кардани бақияпулиҳои андоз, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, бунёди майдонҳо ва толорҳои варзишӣ, анҷом додани корҳои соҳилбандӣ, рушди инфрасохтори соҳахои маорифу тандурустӣ, таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, вусъат додани корҳои ниҳолшинонию сарсабзгардонӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, риояи ҳатмии талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дигар масъалаҳои пешниҳодгардида аз масъулон пурсон шуда, барои иҷрои саривақтии ҳадафҳои гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ, дастуру супоришҳо доданд. Инчунин иброз доштанд, ки масъалаҳои пешниҳодгардида зери назорати доимии Роҳбари Гуруҳи корӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муҳтарам Давлатзода Нусратулло ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид қарор дошта, дар ҷаласаҳои навбатии Гуруҳи корӣ ва маҷлисҳои назди раиси вилоят, мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон Вернуться назад |