Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНДИ ИДОНА БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Главная > Хабар > ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНДИ ИДОНА БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНДИ ИДОНА БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН


7-03-2024, 09:57. Разместил: admin

   Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии бошукуҳи сиёсию фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуд. Раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр нахуст ҳамаи модарону хоҳарон ва бонувони ноҳияро ба ин рӯзи фархунда шодбош гуфта, саҳми онҳоро дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ беназир арзёбӣ намуданд. Иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро ба он хотир чунин ном ниҳоданд, ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи Ҳукумати мамлакат ва худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созанд. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад. Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз ҳаждаҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст.

Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат намуда истодаанд.

Ҳамзамон раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ба як қатор занони фаъоли ноҳия аз номи мақомот Сипосномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравиро дар фазои тантанавӣ тақдим намуданд. 

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз меҳру муҳаббати зан-Модар хотири аҳли нишастро шод гардониданд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон


Вернуться назад