Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > РАҲОЁБИИ БАДАХШОН АЗ ЧАТРИ ВОПАСГАРОИИ МАҲАЛЛӢ (Масири миллӣ дар амал)
РАҲОЁБИИ БАДАХШОН АЗ ЧАТРИ ВОПАСГАРОИИ МАҲАЛЛӢ (Масири миллӣ дар амал)21-10-2018, 17:47. Разместил: admin |
Бо ҳукми тақдир ва зарурати шахсӣ, муаллифи ин сатрҳо, ки марбути доираҳои хабарнигории ҷумҳурӣ мебошам, дар рӯзҳои таърихсози Бадахшон, санаи 12 то 16.10.2018с., ки ба таърихи авҷи мусодираи миқдори силоҳ ва таъмини волоияти қонун баробар омад, шоҳиди дигаргуниҳои куллӣ дар зеҳни мардум ва дар низоми тартиботи ҷамъиятӣ гаштам. Талошҳои хастагинопазири Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ, ки се роҳбари ниҳодҳои муътабари қудратӣ (КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералӣ) гардонандагии чархи фаъолият ва чорабиниҳои асливу сарнавиштсози таъсиррасони он маҳсуб мегарданд, шаҳодати воқеияти ҳол ва гӯё аст, ки ба маҳзи мусодираи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ аз саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва таъмини волоияти қонун, мардуми шарифи шаҳри Хоруғ аз завлонаи 30-солаи беқонунӣ, ақибмондагӣ ва вопасгароӣ раҳо шудааст. Бо камоли тааасуф бояд иқрор шуд, ки дар шаҳри Хоруғ бо сабабҳои айниву зеҳнӣ, ки тафсири муфассалашро ба дафъи дигар вомегузорем, дар тӯли 27 сол насли ҷавоне дар атрофи хонаҳои “сарон”-и бемағзи гурӯҳакҳои ҷиноятӣ дар маҳаллаи УПД, Бархоруғ, Болнисен, Хчордев, Шошхоруғ ва Тишори Поршнев ба воя расидааст, ки парастиши аъмоли ғайриқонунии саркардаҳои ин гурӯҳҳои ҷиноятиро, ҷузъи ҷаҳонбинии танги маҳаллии худ мепиндоранд ва гароиши онҳо дар зери таъсири корҳои фаҳмондадеҳӣ ва мусоидатии мардум ба сӯйи оромиву субот; водор шудани қисми наврасон ба тобеияти қонун, ки аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ орифона ва тоҷикона сурат гирифт, тақозои замон ва посухгӯйи даврони ҷомеаи қонунмадор буд. Ба истиснои тадбирҳои пешгирикунанда бо истифодаи нерӯи нарм, раҳо кардани ин ҷавонон аз вартаи андешаи ҷиноятпарварӣ, “қонунияти зиндонӣ” ва парастиши шахсияти ҷинояткорон, нақшаи алоҳидаи дастаҷамъӣ, иродаи мустаҳками намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллиро тақозо менамояд. Дар суҳбатҳои сарироҳӣ бо кормандони Бунёди Оғохон маълумам гашт, ки падидаи фарқкунанда аз шаклгирии ҷаҳонбинии табақаҳои пайрави гурӯҳҳои ҷиноятии шаҳри Хоруғ дар он сӯйи дарёи Панҷ - дар зеҳни мардуми вулусволиҳои исмоилнишини Бадахшони Афғонистон ба мушоҳида мерасад. Намояндагони ин минтақа ба саволҳои мансубияти ҳувияти миллӣ, худро мутлақо тоҷик медонанд ва забони тоҷикиро ба ҳайси абзори миллии муқаддас мепиндоранд, ҳунару мусиқии қадимии миллиро ҳифз ва онро дар байни бегонагон тарғиб менамоянд. Дар воқеъ, ин қишри омма ба тафовутҳои мазҳабии исмоилӣ ва ҳанафӣ эътибор қоил ҳастанд ва низ эътиқодманд ҳастанд, ки тафаккури динӣ ба ҳеҷ сурат сарҳади худшиносии миллиро шикаста наметавонад ва дар муборизаи беамони тамаддунии миллатҳо, омили миллӣ нақши барҷаста ва сарнавиштсоз дорад. Барои намуна ва улгунамоии хислатҳои волои миллӣ, фаъолияти овозхонони машҳури Бадахшони Афғонистон-Мир Мафтун ва Довуди Пажмонро барои ҷавонони маҳаллаҳои дар болозикршудаи шаҳри Хоруғ овардан мумкин аст, ки дар талоши тоҷиксозии Хуросони таърихӣ-Афғонистони кунунӣ, тавассути қалам, қадам ва лаҳни хушсадояшон, дилҳои худиву бегнаро чунон тасхир кардаанд ва худро пайравони хомасароёни Шарқ: Одина Ҳошиму Давлатманд Хол ва Акашариф Ҷураеву Абдулло Назрӣ медонанд. Ҷавонони хоруғӣ оё ҳеч вақт фикр кардаанд, ки як хатлонӣ-Пир Шоҳ Носири Хисрав, чӣ қадар дар дилу дидаи онҳо ҷойгоҳ дорад, бо тарки макону ҷойдоди худ, дар як кунҷи дурдасти кӯҳистони Бадахшон замингир шуд ва ӯро чӣ водор ба фирор кард?! Ҳамин ҳувияти миллӣ буд, ки ӯро бадахшониҳо пазируфтанд ва пешвои худ донистанд. Оё пайванди мардуми Кӯлоб ва Бадахшонро, метавон ба ҳарзагӯйии 3 ҷинояткор латма зад? Оё суғдиҳо ҳамон васлгарони қавми яғнобӣ бо забони қадими шуғнӣ чӣ гуноҳ доранд, ки дар Хоруғ изи по надошта бошанд? Ислоҳи ин каҷравиҳои зеҳнӣ вазъиятро дар шаҳри Хоруғ беҳбуд мебахшад. Пирӯзии миллати тоҷик муборак.
Ф.Додов, хабарнигор-таҳлилгари масоили сиёсӣ
Вернуться назад |