Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР»
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР»8-03-2025, 09:52. Разместил: admin |
Меҳру муҳаббати модар ба фарзандон, танзими зиндагӣ ва роҳбарии дохили хона фазои орому осудаи оиларо таъмин месозад. Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст. Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз ҳаждаҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст. Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат намуда истодаанд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муҳимтарин санадҳое мебошанд, ки барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии занон нақши ҳалкунанда мебозанд. Дар натиҷа, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд. Шумо занону бонувони гиромӣ, дар раванди тарбияи фарзандон нақши ҳалкунанда доред ва набояд фаромӯш созед, ки тарбияи фарзанд дар навбати аввал вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар ва баъдан мактаб ва ҷомеа мебошад. Бузургони гузаштаи халқамон, ки аз худ барои наслҳои оянда одобномаву насиҳатномаҳои зиёд ба мерос гузоштаанд, фармудаанд, ки падару модар, муаллим ва ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва фарзандон дар назди Худованд ҷавобгаранд. Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор аст, ки дар хусуси ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар шуури онҳо тарбия кардани фарҳанги оиладорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул кӯшиши доимӣ дошта бошад. Имрӯз беш аз пеш аён мегардад, ки пешрафти давлат ва тавоноии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба ҳифзи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, ки бе таълиму тарбияи дуруст зуҳур кардан ва натиҷа бахшидани онҳо амри маҳол аст. Занону модарони мо метавонанд дар ин раванд низ яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа бошанд. Занону модарони мо инчунин метавонанд дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузург бозанд. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон - Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд. Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд. Итминони комил дорам, ки занону модарони иззатманд ва хоҳарону духтарони азизи мо ин рисолати азаливу таърихиро садсолаҳои дигар бо сарбаландӣ адо хоҳанд кард. Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми занону модарони ноҳия ва дар маҷмӯъ кулли бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати “Рӯзи модар” самимона табрик гуфта, бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу менамоям. Рӯзи Модар муборак, модарону бонувони азиз! Вернуться назад |