Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мусоҳибаи Мавҷуда Соҳибназарова бар зарари бадахшониҳост
Главная > Хабар > Мусоҳибаи Мавҷуда Соҳибназарова бар зарари бадахшониҳост

Мусоҳибаи Мавҷуда Соҳибназарова бар зарари бадахшониҳост


21-10-2018, 17:50. Разместил: admin

Дар сомонаи интернетии ифротии “Кимиёи саодат”, ки дар хизмати охундҳо ва ТТЭ ҲНИ мебошадмусоҳибае бо Мавҷуда Соҳибназарова дар мавзуи Бадахшони Тоҷикистон нашр шудааст. Албатта наҳзатиҳо душманона мехостанд, ки дар ВМКБ ягон нооромие ба вуқуъ пайвандадЧундидандки инхоҳишашон нашуд, ба амалҳои  иғвобарангезо надаст мезанандМусоҳибаи мазкур яке аз чунин амалҳои душманонаи наҳзатиҳост. Мавҷуда Соҳибназароваки худро журналист меҳисобаддар асл бо амалаш нишон додки як шахси тангназар ва манфиатҷуестЗеро дар Аврупо рафтабо мақсади дарёфти қути лоямуте ба хизмати наҳзатиҳо камар бастааст ва имрӯз он чи ки мегуяду менависад танҳо баманфиати ҳамон террористонаст ва бар зарари мардуми кишвархусусан сокинони Бадахшон.

Дар аввали мусоҳиба ба таври сохтакорона саволҳое гузоштаандки гуё расонаҳои мустақил ба Бадахшон дастрасӣ надошта бошандМавҷуда Соҳибназарова изҳори ҳайронӣ мекунадки чаро вазъият ва мушкилиҳои ВМКБ то инвақт дар ВАО инъикос наёфтааст. Чунин ҳайронии вай нишонди ҳандаи онастки худаш аз вазъияти Тоҷикистон ва хусусан Бадахшон тамоман бехабар аст ва ҳар чизе ки нахзатиҳо дар гушаш хондандҳамонро мисли тутӣ такрор мекунад.  Зеро ба ҳама маълум астки тавассути шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаҳо ва дигар васоити ахбори умум вазъияти тамоми минтакаҳои кишварамоназ ҷумла ВМКБ мунтазам инъикос меёбадДар хусуси мушкилиҳои ин минтақафаъолияти сохторҳои қудратӣ барои пешгирии амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор ва ҳифзи сарҳади давлатӣ мунтазам гузоришҳо ба воситаи телевизион намоиш дода мешаванд.Сабаби ҳами “хуфту хези” муллоҳоро хурдани Мавҷуда низ дарон астки имрӯз резахури дастархони наҳзатиҳост.  

Чунин ба назар мерасад, ки Мавҷуда Соҳибназарова бо супориши роҳбарони ҲНИ ва ба таври махсус мардуми Бадахшонро ба шур овардан астЁ мумкин мусоҳибаро худи Сайидюнус таҳия карда аз номи вай нашр карда астБа ҳар ҳол вай хонандагонро баиштибоҳ андохтанӣ шуда, дар мусоҳиба фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккилро ба ҳодисаҳо ва амалҳои майдаавбошӣ баробар мекунад. Амалҳои ҷиноятиро, ки ҷинояткорон анҷом медиҳанд, беинсофона ба мардуми ВМКБ нисбат додааст. Фаъолияти сохторҳои қудратиро барои пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо нашармида “лашкаркашӣ” меномад. Бо туҳмату буҳтон тамоми гуноҳро ба сари кормандони мақомоти давлатӣ зада, чунин вонамуд мекунад, гуё дар онҳо ҷинояткорон умуман мавҷуд набошанд.  Вай ҳатто зидди фаъолияти неруҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ буда, дарро ба рӯйи террористони хориҷӣ боз карданӣ аст.

Мавҷуда Соҳибназарова руйи рост туҳмат мекунадки гуё мақомоти марбутаи кишвар мардуми ин вилоятро “криминал” ҳисобида бошандҲол он ки гап дар бораи гурӯҳҳои ҷиноятӣ мерафтАз ин сабаб вай бояд барои туҳматҳояш, аз ҷумла барои бо порахурӣ айбдор кардани сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва ҳаммаслаку хизматгори террористони наҳзатӣ буданаш, инчунин барои барангехтани ихтилоф дар байни минтақаҳои кишварамон дар назди қонун ҷавоб гуяд.

         Дар мавриди қочоқи аслиҳа низ вай хонандагонро ба иштибоҳ бурданӣ шуда, дар хусуси интиқоли яроқ ба Толибон афсонабофӣ мекунадҲол он ки гап танҳо сари аслиҳае меравадки дар дасти ҷинояткорон аст ва бо он бар зидди мардуми ҳамин вилоят ҷиноятҳо содир карда мешавандЯъне мақсади Ҳукумат ҳифзи худи бадахшониҳо аз ҷинояткорон аст, на чизи дигар. Масъалаҳои марбут ба Толибону Афғонистон ва дигар мавзуҳои глобалӣ бошанд, бе Мавҷуда ҳам ҳал мешаванд.

         Мавҷуда Соҳибназарова аз ақлу дониши худ хеле бештар гап зада, фаъолияти ободкоронаю созандаи Роҳбарияти давлатро дар ВМКБ нодида мегирад. Аммо ба фарқ аз вай мардуми шарифи Бадахшон талошҳои Сарвари давлатро барои пешрафти вилоят хуб дарк мекунанд ва ба қадри он мерасанд. Сокинони вилоят мефаҳманд, ки эродҳои Сарвари давлат ҳангоми мулоқот дар шаҳри Хоруғ ба кормандони мақомоти давлатӣ дахл дошт. Роҳбари кишвар дилсӯзона таъкид кардандки пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавадто фаъолияти сохторҳо дурусттар амалӣ гардидаин минтақаи зебои диёрамон боз ҳам тараққӣ карда тавонад.

Парвизи Мирзо, рӯзноманигор

 


Вернуться назад