Главная > Хабар > ДАР ПУШТИ ТАНҚИДҲОИ ДОДОҶОН АЗ ҲНИТ ВА КАБИРӢ ЧИ МЕИСТАД?

ДАР ПУШТИ ТАНҚИДҲОИ ДОДОҶОН АЗ ҲНИТ ВА КАБИРӢ ЧИ МЕИСТАД?


14-12-2017, 14:29. Разместил: admin

Додоҷони Атовуллоҳ дар пароканда шудани Анҷумани нирӯҳои созанда, ки ӯ раҳбарӣ мекард, ҲНИТ ва раисаш Муҳиддин Кабириро айбдор мекунад. Ҷониби дигар мавҷи нави танқидҳои Додоҷони Атовуллоҳ аз ҲНИТ ва Кабириро як бахши муомилаи вай бо мақомоти Тоҷикистон мешуморад.

 Муҳаммад Расул, муовини раиси Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон рӯзи 25 август бо пахши як изҳорот гуфт, бо вуҷуди аз сафҳои ин ташаккули мухолифи ҳукумат рафтани се узви Шӯрои роҳбариаш "чароғи Анҷуман фурӯзон аст” ва ин созмон алорағми "шодикафак шудани ҳарифон”, ки ба таъбири Муҳаммад Расул, "бо ҳар роҳ мехоҳанд ба оташ рӯған резанд,”ҳамчунон "дар қатори ҳизбу созмонҳои мухолиф барои дигар кардан вазъ дар Тоҷикистон роҳи худро идома медиҳад.” "Бо барномаҳои нав, бо маромҳои нав ва бо ситораҳои нав,” – навиштааст ҷонишини Додоҷони Атовуллоҳ дар поёни ин изҳорот.

Нашри ин изҳорот ҳамзамон бо мавҷи нави танқидҳои Додоҷони Атовуллоҳ аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва раиси ин ташаккули умдаи мухолифин Муҳиддин Кабирӣ буд. Додоҷони Атовуллоҳ шаби 25 август дар мусоҳибае бо ББС ҲНИТ ва шахсан Муҳиддин Кабириро ба сохтани "бӯҳрон” дар сафҳои Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон айбдор кард ва гуфт, онҳо барои андохтани ин ҷудоӣ аз Шарофиддин Гадоев сӯиистифода кардаанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, Кабирӣ ҳоло мехоҳад тамоми мухолифинро дар зери чатри ҲНИТ ва зери сояи худи ӯ ҷамъ биорад: "Яъне Кабирӣ мехоҳад пешво ӯ бошад. Ман бар инам, ки роҳбари эътилоф бояд як нафари нав бошад. На ман ва на Кабирӣ! Ман мехоҳам як оппозитсияи муосир ва демократӣ рӯи кор биояд ва ҳама дар гирди он ҷамъ шаванд.”

Далели ихтилоф миёни мухолифони давлати Тоҷикистон чист? Оё Анҷумани Нерӯҳои Созанда дигар вуҷуд надорад? Чиро Додоҷони Атоуллоҳ бо раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ сари созгорӣ надорад? Ва пурсишҳои дигар дар гуфтугӯи вежаи Би-Би-Сии форсӣ бо Додоҷони Атоуллоҳ, раҳбари 

Анҷумани Нерӯҳои Созандаи Тоҷикистон:

Аммо дар байни мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Аврупо фаъолият доранд, бисёриҳо ба ин назаранд, ки танқидҳои Додоҷони Атовуллоҳ аз ҲНИТ ва Кабирӣ бахше аз муомилаи ӯ бо ҳукумат аст ва оқои Атовуллоҳ бо ин интиқодҳо амалан "нархи билети бозгашташ ба Тоҷикистонро кор карда истодааст.”

Онҳо мегӯянд, ин мавҷи интиқодҳои Додоҷони Атовуллоҳ баъди нишасти Дортмунд сар шуд. Рӯзи 9 июл дар Дортмунд дар ҳошияи як нишасти бахшида ба солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳ раҳбарони гурӯҳҳои мухолифин ҷиҳати ташкили як иттиҳод тавофуқ карданд ва алакай рӯзе баъд Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ, як ниҳоди таҳқиқотии вобаста ба дастгоҳи Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки азми иттиҳоди мухолифин барои амнияти Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад ва "ҳукумат бояд дар ин робита чора бияндешад.”

Яке аз намояндагони мухолифини тоҷик дар Аврупо ба сомонаи "Ахбор” гуфт, ҳукумат дар ҷустуҷӯи як ҳалқаи заиф дар занҷири мухолифин шуд ва чунин ҳалқаро дар шахси Додоҷони Атовуллоҳ ёфт: "Нишасти Дортмунд нишон дод, ки ҲНИТ бо вуҷуди саркӯбҳои шадид ҳанӯз ҳам нирӯи тавоное дар ихтиёр дорад. Додоҷони Атовуллоҳ дар пушти худ чунин нирӯ надорад ва табъан аз ин ки мардум метавонанд дар атрофи Кабирӣ муттаҳид шаванд, хушаш наомад. Афроде аз ин фурсат истифода бурданд ва ӯро, ки хеле эҳсосист, таҳрик доданд.”

Мунтақидон ҳамчунин ба ин ишора мекунанд, ки матбуоти тарафдори ҳукумат, ба мисли радиои "Озодӣ” то тавонистанд, ба оташи моҷарои Додоҷони Атовуллоҳ бо наҳзатиҳо равған рехтанд ва дар Интернет низ онҳое, ки аз "фабрикаи ҷавоб” дониста мешаванд, ҳама ба ҳаво додани ӯ ба идомаи ин ҳамлаҳо ба зидди ҲНИТ ва Кабирӣ пардохтанд.

Рӯзи 26 август дар як мусоҳиба бо сомонаи "Ахбор” Додоҷони Атовуллоҳ ба чанд суол дар бораи мавзеъгириҳои охираш посух дод.

"Ахбор”: Анҷумани нирӯҳои созанда ба кадом шакл ба кори худ идома медиҳад? Ва манзур аз "маромҳои нав” ва "барномаҳои наав” чист? Барнома ва ҳадафҳои ин созмон тағйир меёбад?

Додоҷони Атовуллоҳ: Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон на танҳо пароканда нашудааст, ончуноне як бехабаре эълон дошт ва ҳарифону ҳасудон ба тамоми дунё бо таблу карнайу танбӯри шикастаашон онро ҳама ҷо паҳн карданд. То ман ҳастам ин анҷуман ҳаст ва баъди ман низ ин маҷлиси озодманишон ва ин маҳфили ҳақталошон хоҳад буд. 

Хиштро метавон шикаст, аммо хоку гилеро, ки аз он хишт мерезанд, кай метавон шикаст? Мо зарраҳоем, ки ҳама ҷоем ва рӯзе ба КОХИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ бадал хохем шуд. Кӯлро метавон хушконид. Ҳавзеро метавон фурӯ бурд. Ҳатто пеши рӯдхонеро метавон баст. Аммо мо қатраем, рашҳаем, мавҷем. Қатраро, рашҳаро, мавҷро наметавон маҳв кард. Мо ҳамон қатраву ҳамон рашҳаву ҳамон мавҷем, ки рӯзе ба дарёи азамате бадал хоҳем гашт. Ва як ҷумла, ба доно як ишора бас, барои манзалат ва шаҳомати Анҷуман: Равед Бадахшон, равед Хатлон, равед Зарафшон, равед Ҳисори шодмон, равед Суғдиён. Мактаб ба мактаб, масҷид ба масҷид, як ширкати кучак ё Кохи президент, як созмони кӯчак ё вазоратхонае ва чанд одами фозил ва оқил бубинед, ҳатман яке аз онон мухлиси Додоҷони Атовуллоев аст.

"Ахбор”: Назаре ҳаст ки ҳамлаҳои Додоҷон ба ҲНИТ ва Кабирӣ як шарти муомилааш бо мақомоти Тоҷикистон аст. То куҷо ин воқеият дорад?

Додоҷони Атовуллоҳ: Лидери ҳар як ҳизб ва созмон - рамз, намо, корти шиносоӣ ва бренди ҳамон гурӯх аст. Ёрони ман, хамсаф, ҳамраҳ ва ҳамроҳони ман ифтихор менамоянд, ки номи Додоҷон Атовуллоев беҳтарин оиннома аст.

Муомила ва савдою тиҷорати сиёсӣ дар оини мо нест. Ман савдогари сиёсат нестам. Бо касе муомила низ надорам. Ва танқиди ман аз Кабирӣ усулист ва ман дар масъалаҳои бунёдӣ мухолифи ӯям. Тӯҳмат аст, ки ман гӯё тоза ба танқиди Кабирӣ пардохта бошам. Даҳҳо, садҳо маротиба ман ӯро, сиёсати ӯро, сабри ӯро танқид кардаам. Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад аз худ як бозигар битарошад. Аммо ҳам табараш кӯҳна асту ҳам чӯбаш пӯсидаву ҳам истеъдодаш мелангад.

Имрӯз ӯ тавассути сомонаҳои бесомонаш овоза паҳн менамояд, ки Атовуллоев ба ҳукумат фурӯхта шуд ва мехоҳад эътибори маро паст назанад ва муборизаи 25 солаи маро бар бод бидиҳад. на кам, на зиёд. Ман худсафедкуниро бад мебинам. Мушкилтарин формула барои ман исбот кардани сафед будани шир аст.

Ва боз ҳам аммо. Магар ҳамин Кабирӣ бист сол ҳамроҳи ҳамин ҳукумат набуд? Ман ба номи занам дар Турсунзода бозор доштам ё Кабирӣ? Ман вакили порлумон будам ё Кабирӣ? Ман боиси беобрӯӣ ва шикастани Нахзат шудам ё Кабирӣ? Чаро агар Кабирӣ барои ҳукумат оппозитсияи хавфнок бошад, дар Душанбе ҷавлон мезад ва касе коре ба ӯ надошт? Чаро ба ман, мани бехавф ва бетарафдор дар як кишвари бегона корд заданд?

Боз як рози магӯро ошкор мекунам: Ҳамин ҳукумате, ки гӯё ман бо он муомила дорам, ҳатто дар Аврупо низ аз шикори ман даст накашидааст. Маро Худо дӯст медорад. Дар остонаи як сӯиқасд, ки то анҷомаш чанд рӯз монда буд, мақомоти Олмон огоҳӣ ёфтанд. Зарфи беш аз як моҳ ман таҳти назорати пулиси Олмон будам. Ниҳодҳои интизомӣ тайи ин муддат дар як маҳалли махфӣ аз ман нигаҳдорӣ мекарданд. Ҳеҷ иртиботе бо ҷаҳони хориҷ вуҷуд надошт ва ҳатто ба мағоза ҳам бо муҳофизони мусаллаҳ рафту омад мекардам.

Вақте Нахзатро бастанд, ман садо баланд кардам. Ман ба созмонҳои байналмилалӣ нома навиштам. Ман дар садҳо дидуводидҳо бо сафирону вазирон, коршиносу хабарнигорон мавқеъи худамро баён кардам. Ман имрӯз низ бар онам, ки бастани ҲНИТ хато буд.

Агар Кабирӣ сиёсатмадор мебуд, стратег мебуд, як ҳизби калонро ба ин ҳол намеафканд. Сабаби зиндон шудан ва муҳоҷир шудани ҳазорон тарафдоронаш намегашт. Ҳизбро ба ҳизби оилавӣ табдил намедод. Ҳолиё Чӣ? дар Нахзат бисёр шахсони калидияш аз рафтору кирдори Кабирӣ ба танг омадаанд. Шояд онон ба наздикӣ масъалаи истеъфои Кабириро ба миён гузоранд. Аз ин рӯ Кабирӣ мехохад барои худаш як "запасной аэродром" бунёд бикунад. Журналистони эҳтиёҷманд, гурезаҳои бекор, коршиносони корноозмуда, ҷавонони гумроҳро мехоҳад ҷамъ биёварад ва оппозитсияи нав созад, ки дар унвонаш номи "ислом" набошад ва худаш ПЕШВО бишавад.

Намоишномаи Дортмунд дебочае буд. Бахши сонии мазҳакаи исломии рақами 1-ро дар Варшава хоҳем дид. Аз ин ҳама Кабирӣ чӣ мехоҳад? Худро чун пешвои ягонаи мухолифин вонамуд кардан ва аз сармоягузорон маблағ хостан. Ва баъди каме пул ба даст овардан ва аз сиёсат даст кашидану ба тиҷорат пардохтан. Беҳуда нест, ки хостаю нохоста Кабирӣ худро бизнемен низ меномад. Шитоби Кабирӣ ва ҷанги Кабирӣ бар зидди Атовуллоев барои ҳамин асту бас. Худо, Паямбар, Миллат- дигар ин ҳама як шиор барои гӯл задани мардум асту бас.

"Ахбор”: Ин ҳарфҳои шумо, ки Кабирӣ дар Дортмунд мардумро ҷамъ кард ва боз дар Варшава ҷамъ мешаванд метавонад таассуротеро ҳосил кунад, ки решаи мухолифатҳоятон бо Кабирӣ шояд рашки оддист, ки худи Додоҷони Атовуллоҳ ба чунин корҳо қодир нест ва аз ин рӯ, кореро ки Кабирӣ анҷом медиҳад, чашми дидан надорад...

Додоҷони Атовуллоҳ:

Оҳ- оҳ, аз дасти саррофони гавҳарношинос

Ҳар замон хармӯҳраро бо дурр баробар мекунанд.

Ман дилам танҳо барои Кабирӣ месӯзад ва дигар эҳсосе нисбати ӯ надорам. Дар бораи тавонистан ва натавонистан... Фардо агар эълон бинамоем, ки дар Дортмунд ё Варшава консерти бепули ягон артисти дигар баргузор мегардад, тасаввур мекунед, чӣ қадар одам ҷамъ меояд. Агар роҳпулӣ ва ғизои бепул бошад, эҳҳҳҳе, толор намеёбӣ! Агар ҷиддӣ бигуем, ин ҳама ҷамъомадҳо хубанд, аммо суде аз онҳо нест. Беҳтараш ин маблағ ба хонаводаи зиндониён фиристода шавад. Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро мепазирад ва дар ин минтақа коре кардан ба ҳован кӯбидан асту бас.

"Ахбор”: Бисёриҳо дар сабки танқидҳои шумо аз Кабирӣ ва ҲНИТ шабоҳатҳое бо матлабҳои ба истилоҳ "фабрикаи ҷавоб"-ро мебинанд ва мегӯянд, ин матнҳо фармудашуда менамоянд. Дар воқеъ, ин ҳама ҳарфҳои охир суханони худи шумост ё фармудашуда аз ягон марказ?

Додоҷони Атовуллоҳ: Ман услубшинос нестам. Аммо ифтихор менамоям, ки ҳазорон ҳазор дар Тоҷикистон бо сабки ман мегӯянду менависанду ҳатто либос мепӯшанд. Ва ин ҳам сафҳае аз зиндагиномаи Додоҷони Атовуллоев аст.

"Ахбор”: Ба ҳар сурат, аз посух фирор кардед. Ва аммо ба унвони саволи охир: Оё мавқеатон нисбат ба ҳукумат иваз шудааст? Чун ҳар ҷое ки дар ин бора мепурсанд, гапро ба дигар тараф мебареду посух намедиҳед.

Додоҷони Атовуллоҳ: Дар бораи ману ҳукумат! Муносибати ончуноне буд, мондааст ва ягон зарра тағйир наёфтааст. То нафас боқист, ман аз ин роҳам наҳохам гашт: на ба зӯрӣ, на ба зорӣ, на ба зар! 

 


Вернуться назад