Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия: «Ҷомеаи Тоҷикистон ақидаҳои ҲНИ-ро қабул надорад»
Главная > Хабар > Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия: «Ҷомеаи Тоҷикистон ақидаҳои ҲНИ-ро қабул надорад»

Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия: «Ҷомеаи Тоҷикистон ақидаҳои ҲНИ-ро қабул надорад»


23-10-2018, 11:20. Разместил: admin

<!--[if gte vml 1]> <!--[if !vml]--><!--[endif]-->Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия:  «Ҷомеаи Тоҷикистон ақидаҳои ҲНИ-ро қабул надорад»

<!--[if gte vml 1]> <!--[if !vml]--><!--[endif]-->ДУШАНБЕ, 16.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавреиттилоъдодем, 15 октябрисоли 2018 боташаббусиСафоратиҶумҳурииТоҷикистондарҶумҳурииТуркияваКонсулгарииГенералииҶумҳурииТоҷикистондаршаҳриИстанбулКонфронсибайналмилалии «Заруратимуборизаимуштаракбарзиддиташкилотҳоитеррористӣ» дартолорибарҳавоиДонишгохиИстанбулбаргузоргардид. ДарКонфронсдарбаробаридигармеҳмононраисиАнҷуманитоҷикондарТуркияЗафарМақсудовмаърузанамуд, кидарон, азҷумлаомадааст:

-МанҳамчуннамояндаиАнҷуманитоҷиконимуқимиТуркияназарихудродармавридитаҳдидҳоиглобалӣ, чунтерроризмибайналмилалӣваифротгароӣдарчандмавридбаёнменамоям.

Мояи ифтихор аст, ки мақоми Ватани азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи байналхалқӣ торафт боло меравад. Танҳо давоми як моҳи охир дар ҷумҳурии мо чандин ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла, шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи олӣ, саммити роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) ва нишасти сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) гардид. Соли ҷорӣ Тоҷикистон роҳбарии ИДМ-ро муваффақона сипарӣ намуд ва ин амал аз ҷониби роҳбарони кишварҳои дигари созмон ба таври шоиста арзёбӣ карда шуд.

<!--[if gte vml 1]> <!--[if !vml]-->http://khovar.tj/wp-content/uploads/2018/10/9fade446d0331c93d0b1a89d6df6766e.jpg<!--[endif]-->Вақтҳои охир ташаббусҳои Сарвари давлатамон вобаста ба аҳамияти об, барқарорсозию таъмини сулҳу оромӣ дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, обрўю таъсири кишвари моро дар ҷаҳон бештар мекунад.

Дар замони истиқлолият ва хусусан дар се соли охир Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба пешрафтҳои беназир ноил гардидааст. Соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетикаю кишоварзӣ, иҷтимоиёту фарҳанг ва маориф мунтазам инкишоф меёбанд ва раванди мазкур дар маҷмуъ ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Баргузории чунин як нишаст ё Конфронс дар масоили зикргардида бисёр саривақтӣ ва муфид мебошад. Чунки имрӯз ба касе ё кишваре пӯшида нест, ки ҷаҳони муосир бо як хатари ҷиддӣ, чун терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гаштааст.

Чунонки борҳо аз ҷониби Сарвари давлати  Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ҳеҷ кишваре дар танҳоӣ қодир нест, ки бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа ва кишварҳо мешавад бо он муборизаи беамон бурд ва пеши роҳи онро гирифт.

Мутаассифона, ҷомеаи Тоҷикистон низ бо ин мушкилот рӯ ба рӯ гаштааст. ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ нияти халалдор намудани кишварро дошта, тинҷию оромиро намехоҳанд. Созмонхои хориҷӣ ба монанди САҲА ва ғайра ба ин гурӯҳҳои мухолиф минбар додаанду паноҳандагии сиёсӣ. Онҳо бе асос ва бидуни хиҷолат доир ба роҳбарияти олии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи онҳо бадгӯӣ намуда истодаанд. Ҳатто пешравиҳову дастовардҳои Тоҷикистонро, ки тайи ин ҳама солҳо ба даст омадааст, нодида мегиранд, ки инро мардуми мо хуб медонанд.

Хушбахтона, қишри асосии ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонони ҳушёру ғаюр ва босавод ташкил медиҳанд ва онҳо ақидаҳои ифротиву бадхоҳонаи наҳзат ва дигар созмонҳои террористиро қабул надоранд.

Исботи гуфтаҳои боло эътирозу роҳпаймоиҳои ахири ҷавонон алайҳи ҳизбу гурӯҳҳои мухолиф дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз дар кишвари иқомат, яъне кишвари ба мо дӯст- Ҷумҳурии Туркия теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки аксарияти онҳоро низ ҷавонон ташкил медиҳанд.

Таъсиси ҷамъияти тоҷикон аз сӯи ҳамватанони фаъол маҳз барои сарҷамъӣ ва кумаку дастгирии бевоситаи шаҳрвандони мо ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ин гуна ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ мебошанд. Мо дар ин самт муваффақ хоҳем шуд, чунки мардуми мо ҳушёриву зиракиро аз даст надода, дар атрофи роҳбарияти кишвари худ муттаҳид гашта, саҳми худро дар ободиву созандагии Тоҷикистон мегузоранд.

 

 


Вернуться назад