Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
Главная > Хабар > РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН


7-02-2018, 05:27. Разместил: admin

Имрўз зудтаѓйирёбии вазъии сиёсии давлатњои ба мо дуру наздик ба раванди тарбияи љавонони кишвари мо низ ба  таври манфї зарар ва таъсир мерасонад. Воќеањои Сурия, Либия ва Миср дар замони муосир ягон шахси равшанзамирро бетараф намемонад. Агар ба таърихи то замони кашмокашињои сиёсии ин давлатњо назар афканем, хонандаи нозукбину тањлилгар мумкин ба ин андеша ва далелњои мо розї шуда натавонад. Сатњи зиндагии ин мардум дар ин давлатњо бо сабаби доштани захирањои бои нафту газ дар дараљаи баланд  ќарор дошт, амнияти мардум, њуќуќи шањрвандон ба пуррагї таъмин буд. Пас суол ба миён меояд, ки кадом омилњо ин давлатњоро ба  чунин њолат овард, ки ањолии давлатњои номбурда зиндагиии пурмашаќатро њамарўза пушти сар мекунанд. Фикр мекунем, ки омилњои субъективї мавќеи муайянкунандаро ишѓол мекунанд. Дар асри љадид пешрафти технологияи нав бо суръати кайњонї пеш рафта, метавонад дар як лањза ба пуррагї тамоми њодисаю воќеањоро ба оламиён иттило дињад, яъне гуфтанием, ки ин љанги иттилоотї махсусан шабакањои интернетии ќуввањои беруна ва дохилї алайњи мардум, хусусан љавонони хунгарму камтаљрибаю обутоб наёфта дар муборизањои сиёсї мебошанд. Ин шабакањо нисбати њукуматдорону шахсиятњои сиёсї тўњмату бўњтон ва иѓвоњои гушношунидро пањн намуда, мардумро ба кўчаю майдонњо мекашанд. Чунин амалро дар солњои 90-уми асри гузашта мушоњида карда будем.

         Кишвари азизамонро ба гирдоби љанги тањмилї кашида ва наздик ба вартаи нобудї расонид. Бо зањматњои шабонарўзии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оташи љанги шањрвандї абадан хомўш гардида, Љумњурии Тољикистон дар баробари дигар давлатњои абарќудрати дунё дар рушду нумўъ ќадамњои устувор гузошта, бо бисёр давлатњо муносибатњои иќтисодию дипломатї дорад. Ба њамаи ин нигоњ накарда, сиёњдилоне низ пайдо шуданд, ки ин сулњу вањдат, пешравии давлат ба онњо маќбул нест. Онњо мехоњанд, ки ба њар роњ ватани бињиштосои моро  боз ба майдони кашмакашињои сиёсї табдил дињанд. Чунончи  собиќ раиси ЊНИТ Муњиддин Кабирї ва њаммаслакони ў  Њољї Абдуњалим ва Додољон Атоулоев дар њар гўшаю канори мамлакатњои хориљї аз он љумла, дар Лањистону Туркиё тавассути гирдињамоињо бо истифодаи рассонаю сомонањо ташвиќоту таблиѓот бурда, бо ин амали номатлуби  љинояткоронаи хеш мехоњанд, ки обрўю нуфузи љумњуриро паст зада, њатто муносибатњои байни давлатдориро халалдор созанд. Дар пиёда сохтани наќшањои манфури хеш мехоњанд љавононро ба доми худ кашанд, вале итминони комил дорем, ки ин бешарафон њељ ваќт ва њељ гоњ ба маќсади нопоки хеш намерасанд.

Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомаи Рањмон таъкид месозад, ки шароити пуртазод ва зудтаѓйирёбандаи љањон таќозо менамояд, ки нисбат ба хатарњои љањонї ба монанди терроризм, ифротгарої, ќочоќи маводи мухаддиру љинояткории фаромарзї ва дањњо дигар падидањои хатарнок, ки ба амният ва сулњу суббот дар љањон тањдид менамояд, бетараф набошем.

         Чї хеле ки дар боло ќайд намудем, њама љараёнњои сиёсї ва ифротию харобовар дар бисёре аз кишварњои минтаќа талош доранд, ки љавононро ба доми худ кашанд. Аслан онњо љавононро љалб менамоянд, ки саводу маърифати сиёсии заиф доранд, љои кору бо тањсил фаро гирифта нашудаю  зудбоварро  ба ваъдањои зиёде ба доми худ кашида ва аз очизии  онњо истифода бурда, мехоњанд ба њадафњои нопоки худ расанд. Имрўз, ки фазои сарзамини офтобрўяи Тољикистонро сулњу суббот, вањдату якдигарфањмї фарогир аст, мутаасифона бархе аз љавонони тољик ба доми фиреби гурўњњои љиноятпеша афтода ба бањонаи љињод кардану соњиби сарвату мол гардидан, рўзгори осудаву ором, ватани ободу зебо, волидайн ва њамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварњои хориљ дар шароити вазнину ѓайриинсонї, дар хорию зорї алайњи дигарон мељанганд. Аз њама аламовараш њамин аст, ки онњо номи миллати тољикро дар арсаи љањон сиёњ мекунанд.

Дар њама давру замон миллати тољик бо адабиёту фарњанги пурѓановати худ ба дили љањониён роњ ёфтаанд. Миллати тољик аз азал талош ба озодиву истиќлол доштааст ва њаргиз аз болои кишвари дигаре зулму ситам накардааст.

Боиси ифтихор аст, ки Љумњурии Тољикистон њамќадами кишварњои пешрафта ва рушдёфта мебошад. Вале дар ин раванд њифзи анъанањои миллї ва тарбияи фарзандон дар руњияи эњтироми фарњангу тамаддуни миллї ва арзишњои он бояд дар мадди аввал  ќарор гирад.

         Тавре солњои охир ба мушоњида мерасад гурўњњои љиноятпеша ифротгару харобиовар кўшиш менамоянд, ки ба љањонбинии љавонон истифода аз бепарвоии волидайн, фориѓболоии сарварони корхона, муассисањои таълим таъсир расонанд. Ногуфта намонад, ки новобаста ба он ки барои рушди тарбия  Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ќабул карда шуд, мутаасифона падару модароне  њастанд, ки нисбати таќдири ояндаи фарзандони худ бепарвої зоњир мекунанд. Имрўз технологияи нави љањонї вориди њар як оила мегардад, волидайн бояд дониши замонавї дошта бошанд, то тавонанд аз таъсири манфии интернет фарзандонро эмин нигоњ доранд. Маълум аст, ки имрўз дар интернет маводњои фањшу зуроварї таблиѓи идеологияњои ифротгарої интишор меёбад. Кўдакон инро бештар тамошо мекунанд, ки ба мафкураи онњо бе асар намемонад. Бинобар ин вазифаи асосии зиёиён, ќувваи солимфикри  љомеа, бояд равона бар ин шавад, ки интиќоли таљрибаи андухтаи насли калонсол ба насли љавон, яъне ташаккули сифатњоест, ки барои њалли масъалањои имрўзаи љомеа заруранд. Њаллу фасли ин вазифаи муњими давлатї тавассути низоми муассисањои таълиму тарбия, хонавода ва муњити иљтимої сурат мегирад, ки ин  масъала борњо дар Суханронињо ва дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон равшан ифода ёфтааст.

«Тољикистони соњибистиќлол, љомеаи навбунёди мо ба шахсоне эњтиёљ дорад, ки љањонбинии нав дошта, идеологияи навро бояд эњсоси ифтихори миллї ва давлатдорї, муњаббат ба ватан ва ба тамоми инсоният, умуман тамоми арзишњои миллї ва умумиинсонї ташкил намояд. Барои тарбия ва камолоти чунин насл миллати мо тамоми асосњои фарњангї, таърихї ва тарбиявиро доро мебошад. Фарњанги таърихи бою рангин, ганљинаи  адабиётро, ки дар давоми њазорсолањо ба вуљуд омадаанд, ниёгони мо офаридаанд».

         Анъанањои расму  русуме, ки дар давоми асрњо суфта шудаанд, барои тарбияи насли оянда пойдевори устувор мебошад. Донишмандони пешин ба мисли Абўалї Ибни Сино, Абурайњони Берунї, Форобї, Умари Хаём ва садњо дигарон илмњо ба миён овардаанд, ки имрўз моњияти худро аз даст надодаанд. Тарбияи насли наврас дар Машриќзамин ќариб 3 њазор сол пеш оѓоз ёфта, њанўз  дар китоби «Авасто» бо матлаби «Гуфтори нек, пиндори нек, кирдори нек» инъикос ёфтааст. Агар тамоми китобњои шарќу ѓарбро сањифагардон намоем волотарин, арзиштарин, гуворотарин аз ин се ибора пайдо намекунем. Андеша менамоем, ки агар ањли љомеаи инсонї њама он гуфтањои олимону донишмандонро самаранок дар тарбияи насли наврас дастаљамъона истифода баранд, фикр мекунам, ки дар шуури љавонон ягон хел фикру андешањо  ва идеологияи бегона љой намегирад. Барои пешгирии падидањои номатлуб  дар байни љавонон њалли чунин масъалањо ба нафъи љомеа хоњад буд:

- Бартараф намудани норасоињои иљтимої – иќтисодї.

- Тарбия намудани љавонон дар рўњияи идеологияи ватандўстї, мењнатдўстї, хештаншиносї, њифзи муќаддасоти миллї.

- Мунтаззам ба роњ мондани омўзиши Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон дар муассисањои таълимї.

- Дар муассисањои олии касбї самаранок истифода бурдани соатњои тарбиявї,  дарсњои сиёсї .

- Ташкили мањфилњо оид ба тарбияи тањаммулпазирї.

- Ташкили курсњои омўзишї барои  љавонписарон.

- Истифодаи самараовари толорњо ва майдонњои варзишї.

- Ташкили њамкорї дар доираи уламои исломї.

- Зери назорат ќарор додани истифодаи технологияи муосир ва интернет.

- Ташкили њамоишњо дар мавзўи дорои мазмуни тарбия, ватандўстї ва мењанпарастї.

 

         Бояд гуфт, ки њалли масойли мазкур аз ширкати дастаљамъонаи њар як фарди ватандўсти кишвар вобаста мебошад. 


Вернуться назад