Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад...
Главная > Хабар > Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад...

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад...


7-02-2018, 05:28. Разместил: admin

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Рахмон ва фаъолияти пурсамару бевоситаи мақомоти  дахлдор ва мақомоти ҳифзи ҳукуқ, имрӯз дар самти пешгирии ҳар гуна равияҳои ифротгаро, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ, иғвогару фитнаангез дар ҷомеаи мо қадамҳои устувор гузошта шуда истодааст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун ҷараёни хатарнок чанд сол аст, ки ба ҳаёти давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда, зиндагии орому осудаи мардумро халалдор сохтааст.

Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии чанд тан аз ватанфурӯшону хоинони миллат- Муҳиддин Кабириву генерал ҳалим Назарзода ва сарпарасту хоҷагони хориҷии онҳо дар ҷомеаи аҳлу тифоқи мо тарсу ҳарос ба вуҷуд оварда, то як андоза мақсадҳои зишту нопоки худро амалӣ сохтанд.

Мардуми шарифи кишварамон аз наворҳои фаврии Маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизионӣ шоҳиди сирру асрори кушторҳо ва амалиёти террористии ин гурӯҳҳои муташаккил гаштанд. Баъди тамошо ва таҳлили наворҳои фаврии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулосае омадан мумкин аст, ки онҳо ният доштанд, бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ теша ба решаи миллати мо зада, бо ҷисман аз байн бурдани зиёиёну эҷодкорон ва ҳуқуқшиносону сиёсатмадорон ниятҳои нопоки худро амалӣ сохта, дар мамлакат давлати исломӣ барпо намоянд. Ин худобехабарон амиқ дарк карда буданд, ки пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи нав бо заҳмату кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиё, сиёсатмадорони дурандешу эҷодкорони навовар мустаҳкам гардида истодааст. Аз ин рӯ, онҳо хостанд бо ҷисман аз байн бурдани М.Осимӣ, Ю. Исҳоқӣ. М. Ғуломов, С. Кенҷаев, Сайф Раҳимов, О. Латифӣ ва дигарон  пояҳои давлатдории кишвари тозаистиқлоламонро сусту заиф гардонанд. Агарчи ба ин ашхоси бераҳму хуношом ҷисман аз байн бурдани бархе аз зиёиёну эҷодкорон ва сиёсатмадорон муяссар гардида бошад ҳам, вале шикастани иродаи мустаҳками роҳбарияти олии кишвар, пайравону шогирдон, ҳаммаслакони онҳо даст надод ва дар оянда низ даст нахоҳад дод.

Имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинона ва илму адабу фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо сиёсатмадорону ҳуқуқшиносон ва зиёиёну эҷодкорон ғояву ақидаҳои ҷовидонаву пешқадамро дар курсиҳои парлумон, ниҳодҳои ҳукумат ва дигар бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ тарғибу ташвиқ ва татбиқ намуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки имрӯз роҳбари ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравони ӯ, ки алъон   дар хориҷа фаъолият мебаранд, то ба ҳол кӯшиш доранд, ки сулҳу амниятро дар кишвари азизамон халалдор созанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ин гуна афроди хиёнаткору ҷиноятпешаро маҳкум намуда, ба онҳо шадидан нафрат доранд.

Ҳаром бод шири модар ба чунин ашхоси маслакгумкарда!

 

 


Вернуться назад