Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ташрифи Жириновский ва приёми нави Сайидюнус
Главная > Хабар > Ташрифи Жириновский ва приёми нави Сайидюнус

Ташрифи Жириновский ва приёми нави Сайидюнус


3-11-2018, 06:48. Разместил: admin

Хизматгори ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва абзори дасти доираҳои мазҳабии хориҷӣ - Сайидюнус (Бурҳонов) аз душманӣ варзидан бо Тоҷикистон даст намекашад. Вай ҳатто кӯшиш дорад, ки бо навиштаҳои иғвобарангезонааш дар сомонаи ифротии худ, аз ҷумла дар хусуси сафари В.В.Жириновский ба муносибатҳои байни Тоҷикистону Русия ҳам халал ворид кунад. 

Тавре ки аз расонаҳои хабарӣ маълум аст, Владимир Жириновский бо сафари дурӯзаи расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт ва бо Роҳбарияти кишвар мулоқотҳо анҷом дод. Инчунин ба мавзеъҳои дидании Тоҷикистон ташриф оварда, бо фарҳангу дастовардҳои мардуми мо аз наздик шинос шуд. Сафари мазкур пурсамар ва муваффақона доир гардида, натиҷаҳои он ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. 

Аммо Сайидюнуси бадсиришт аз рушди муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла пазироии меҳмони олиқадри русӣ, ки тибқи анъанаҳои неки меҳмоннавозии тоҷикона сурат гирифта, барои пешрафти ҳамкориҳои минбаъда мусоидат мекунад, ғамгин шудааст ва изҳори норозигӣ мекунад. Амали мазкури Сайидюнус ҳатман тибқи супориши роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиаш анҷом ёфта, бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон равона гардидааст. 

Фаромӯш набояд кард, ки Владимир Жириновский раиси яке аз ҳизбҳои бузургтарин ва парламентӣ, вакили Думаи давлатии Маҷлиси миллии Федератсияи Русия мебошад. Сафари вай расмӣ буда, дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия анҷом ёфтааст. Вай на бо ягон мақсади бад, балки ҳамчун аъзои Сенат ва яке аз сиёсатмадорони бонуфузи ФР ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Пас, чӣ гуна ӯро хуб пазироӣ накунем? Ҳол он ки истиқболи номбурда дар доираи қоидаҳои ташрифотии муайян гардида ва расму таомули тоҷикӣ сурат гирифтааст. Ягон амали ғайримаъмулие ки Сайидюнусро беқарор кунад, дар ин маврид ҷой надошт. 

Сайидюнус навиштаашро бар мабнои равоншиносии иҷтимоӣ тафсирҳои ба истилоҳ, «аҷибу ғарибе» мекунад ва ташрифи вакили Думаи давлатии Русияро ба тамасхур мегирад. Аҷиб ин аст, ки эҳсосӣ ва отифӣ будани мардуми моро нишон ва аломати бехирадӣ ва беҳувиятӣ медонад. Дар ҳоле ки дин ва мазҳаб, ки Сайидюнус аз он бо тамоми ҷон ҷонибдорӣ мекунад, бар мабнои тасаввуроту эҳсосот созмон ёфтааст ва ақлу мантиқ ба кори он бегона аст. Дар зимн, ин коршиноси исломӣ ва таҳлилгари наҳзатӣ бо такя ба донишҳои имрӯзии фалсафӣ ва ҷомеашиносӣ музахрафоти худро таҳаққуқ мебахшад. Мақомоти давлатии мо дар нисбати ташрифи Жириновский ягон гуноҳе содир накардаанд, ки аз онҳо ба унвони муҷримон ёдовар шавем. Масъулини давлатӣ дар асоси дипломатия ва муҳимтар аз ин, меъёрҳои ташрифоти миллию мардумӣ, ки махсуси тоҷик аст, аз меҳмони расмӣ пазироӣ намуданд. Магар ин гуноҳ аст? Меҳмонро бо нону намак ва отифияти миллӣ пазироӣ намудан аз хирадмандии мардумӣ сарчашма мегирад. Дуруст аст, ки Жириновский сиёсатмадори ҷанҷолист ва ӯ сари масоили муҳимми сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ бо мақомоти дигари давлатӣ баҳсу мунозирот мекунад. Дар масоили муҳоҷират ва минҷумла тоҷикон суҳбатҳои зидду нақиз кардааст, аммо бар асари ташрифоти ахир роҷеъ ба миллати тоҷик фикрашро иваз намуд. Чун аз наздик ин мардумро дид ва аз мушаххасоти миллӣ огоҳӣ пайдо кард. Хуб, ин кори ӯст ва ба мақомоти давлатии тоҷикӣ чӣ иртибот дорад? Давлат ва мақомоти марбутаи давлатӣ ҳама гуна меҳмони расмӣ ва ғайрирасмиро бар мабнои таомулоти миллӣ пешвоз мегиранд ва аз дигарон, ки Сайидюнус дар ин қатор қарор дорад, намепурсад. Аз тарафи дигар, мо ошиқи касе нашудем ва ба нафаре нозу ишва ҳам намефурӯшем. Дар масъалаи Жириновский ҳам ҳамин нукта сидқ мекунад.

«Ақлгаройӣ ва хирадпазирӣ»-ро Сайидюнус танҳо ба сифати приёми авомфиребона истифода мебарад ва ҳатто эҳсос ҳам намекунад, ки худ эҳсосӣ, авомфиреб ва популист аст. Истаравшанӣ дар Сурия мабонии фалсафа ва улуми фалсафиро маҳз ба хотири гул задани мардум омӯхтааст ва дар матолибаш мафоҳиму истилоҳоти фалсафиро бо шеваҳои гуногун мавриди истифода бурда, ҷомеаро ба инҳироф мебарад. Агар популист ва авомфиреб набошад, чаро ба ҳар масоил, ки ба мавқеи сиёсӣ ва мазҳабиаш таноқуз дорад, ҳассосият нишон медиҳад ва ба таҳоҷуми мафкуравӣ мегузарад.

 

Диловари Хуршед, коршиноси умури иҷтимоӣ 

 

https://www.facebook.com/photo.php?fbid=711983929178745&set=a.261939160849893&type=3


Вернуться назад