Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Т ӯ л о н и т а р и н пешгуфторе, ки навиштаам...
Т ӯ л о н и т а р и н пешгуфторе, ки навиштаам...6-11-2018, 07:06. Разместил: admin |
Д. А. Ҳамин ду ҳарф... Дар тафсири ин ду ҳарф бояд орифе, оқиле ё ошиқе гӯяд. Худсафедкунӣ шеваи ман нест. Мӯд шудааст: Ман хоксор нестам. Ҳукуматҳоро дӯст намедоштам ва ба ҳукуматҳо дар мухолифат будам. Барои ман дар зиндагӣ ягон нафаре набуд, ки бар ӯ тақлид карда бошам. Ба ҷуз Атовулло Асадов. Падар ва дӯсти азизтаринам. Аммо, афсӯс, ки ними ними одамият, ҳиммат, саховат ва шарофати Ӯ дар ман нест! Тамоми гуноҳҳои сағиру кабир дар ман ҳаст. Аммо ба касе хиёнат накардаам! Боз аммо: "бамаънишка" нестам. Ва бамаънишкаҳоро бад мебинам! ...Касе хиёнат кунад, ба номусам бирасад, намебахшам. Бо ҳар роҳ, дер ё зуд интиқом мегирам. Ба ягон кас миннат намекунам, ки ин кардаму он кардам. Танҳо гоҳо ба як кас меҷангам ва баҳс меороям: Миллат? Озодӣ? Шӯҳрат? Ҳатто ононе, ки барояшон нону ном додӣ, ба ту метозанд, аз хабису наҷисе чӣ гила? ...Ин ҳама дебочае буд. Агар як сифати хубе дошта бошам, танҳо ҳамин аст, ки фурӯхтаннашавандаам! Бо ман метавон ҳамсафар гашт, бо ман метавон дӯстӣ кард, аммо на савдо, аз ҷумла савдои сиёсӣ. Ман рози ниҳон надорам. Агар рӯзе ба Ватан баргардам, ҳатман қабл аз сафар эълон хоҳам кард ва фотиҳаи роҳи сафед хоҳам хост. Барои харони кӯр: Барои ба ном муборизакони питхеф: Бозгашт ба пешгуфтор: Дигар ҳар касу дави аспаш! Сарчашма: https://www.facebook.com/dododjon.atovulloev/posts/2100184473334115 Вернуться назад |