Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Наҳзатиҳо дар вартаи нобудӣ қарор доранд
Наҳзатиҳо дар вартаи нобудӣ қарор доранд6-11-2018, 19:43. Разместил: admin |
Аъзои ТТЭ ҲНИ - Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз резахӯрони дастархони Кабирӣ аст, мақолаи навбатии иғвоангезонаеро зери унвони «Миллат бояд аз чанголи тими ҳукмрони худкамбин бираҳад» нашр кардааст, ки мисли одати пешина пур аз туҳмату буҳтон мебошад. Албатта мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаи пур кардани буҷа дар ҳар кишваре мавҷуд аст. Аз он ҳангома сохтану мардумро ба гумроҳӣ бурдан амали нохалафону душманон мебошад. Имрӯз вазъияти иқтисодии Тоҷикистон хуб аст, ягон сабаби воҳима кардану мардумро ба таҳлука андохтанро мо намебинем. Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти худро дар тамоми самтҳо, аз ҷумла пур кардани буҷа пеш мебарад. М. Садриддин ва ҳаммаслакони наҳзатиаш метавонанд дар ин хусус беташвиш бошанд. Беҳтараш дар ғами худ бошанд, зеро дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон доимӣ нест ва дер ё зуд дастгир мешаванд ва барои ҷиноятҳои содир кардаашон бояд ҷавоб гуянд. Вазъиятро дурусттар дарк кардан даркор аст. Яъне миллат дар вартаи нобудӣ нест (муаллифи наҳзатӣ чунин навиштааст), ин наҳзатиҳо дар вартаи нобудӣқарор доранд. Муаллифи мақола ҷор мезанад, ки гӯё фаъолони ҷомеа ва кадом тоҷирони муваффақе зиндонӣ шудаанд ва ё аз кишвар фирор кардаанд. Вале фаъолони ҷомеа гуфта киро дар назар дорад? Наҳзатиҳоро? Охир, агар наҳзатиҳо баъди тамоми авфу бахшиданҳо ва бархурдор будан аз имкониятҳои сиёсию иқтисодӣ ва моддии кишварамон боз даст ба ҷинояткорӣ ва ҳатто террору табаддулоти давлатӣ зананд, онҳоро зиндон накунанд? Наҳзатиҳое ки фирор кардаанд, танҳо ба хотири гурехтан аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ба кишварҳои дигар гурехтаанд. Ягон нафари онҳо фаъоли ҷомеа набуд ва ғами мардумро ҳам намехурд. Мардум амалҳои бедодгарию ваҳшонияти наҳзатиҳоро бо чашми худ дидааст. Ё агар соҳибкоре зимни фаъолияташ ба қонуншиканӣ роҳ дода бошад, ӯро ба ҷавобгарӣ накашанд? Таъмини амнияту тартибот, ҳифзи моликияти давлатӣ ва дороии мардум вазифаи сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ мебошад. Табиист, ки онҳо ин вазифаҳои худро иҷро кардаанд. Тоҷикистон дар замони истиқлолият ва хусусан дар солҳои охир, ки хатари мавҷудияти ТТЭ ҲНИ дар дохили кишвар аз байн бурда шуд, тадриҷан рушд кардааст. Пешравиро мо имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар мушоҳида мекунем. Иншоотҳои саноатию нақлиётӣ ва энергетикӣ, муассисаҳои соҳаҳои илму маориф, тандурустию фароғатӣ дар пеши назари сокинони кишварамон бунёд меёбанд. Танҳо курдиле мисли наҳзатиҳо чунин ободкорию пешравиро намебинад. Парвизи Мирзо, таҳлилгар
Вернуться назад |