Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ин мулк бедарвоза нест, ки ҳар хармуроду гулмурод ба Тоҷикистон ҳамла кунанд (Ҷавоб ба «рисолат.ком»-и иртиҷоӣ)
Главная > Хабар > Ин мулк бедарвоза нест, ки ҳар хармуроду гулмурод ба Тоҷикистон ҳамла кунанд (Ҷавоб ба «рисолат.ком»-и иртиҷоӣ)

Ин мулк бедарвоза нест, ки ҳар хармуроду гулмурод ба Тоҷикистон ҳамла кунанд (Ҷавоб ба «рисолат.ком»-и иртиҷоӣ)


8-11-2018, 23:27. Разместил: admin

Сомонаи зертобеи «risolattj.com», ки пойгоҳи иттилоотии оппозитсияи хоин дар хориҷ мебошад ва бо иғвоангезиву ифротгароияш машҳур аст, хабараке пахш кардааст, ки гӯё «Гулмурод Ҳалимов омодаи ҳамла ба Бадахшони Тоҷикистон» аст». Боз аз як Бунёди «фарҳангҳои бефарҳанги стратегӣ» низ иқтибос кардааст. Даъвоҳои ин сомонаи дурӯғгӯ ба куллӣ ба воқеият рост намеояд. Даъвоҳои куҳнаву нави ин сомона бо чанд далел рад мешавад:

 

<!--[if !supportLists]-->1.     <!--[endif]-->Тоҷикистон аъзои созмонҳои муътабари СААД (ОДКБ), СҲШ (ШОС), ИДМ буда, уҳдадориҳо ва интизориҳои муносиб дар сурати ҳамла ба сарҳади давлатӣ дорад.

<!--[if !supportLists]-->2.     <!--[endif]-->Хушбахтона, майдони ифротият дар ҶТ пок гардида, қувваи оппозитсионӣ ҳама ба мисли масъулони ҳамин сомона, фирор кардаанд ва дар хизмати хоҷагони хориҷӣ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, ҳама шароит барои мубориза муҳайёст.  

<!--[if !supportLists]-->3.     <!--[endif]-->Бесаводони risolattj.com-и берисолат ва ақлу фаросат аз ҷуғрофии минтақа ва фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ хабаре надоранд. Вазъи Бадахшони Афғонистон таҳти назари ҷавонмардони сарсупурда аст ва пашша пар нахоҳад зад. Бар илова дар Бадахшони ҶИА (ба таваччуҳи бесаводи «рисолат»), ДИИШ нест, он ҷо 2-3 гурӯҳи толиб аст, ки онҳо ҳам нишони ҳамкорӣ бо кишварҳои марбута доранд. Як бор бихон. Субҳ роҳбарияти толиб ба Маскав барои гуфтугӯ меояд ва маълумоти аст, ки онҳо душмани идеологии ДИИШ ҳастанд.

<!--[if !supportLists]-->4.     <!--[endif]--> Оппозитсияи бериё гумон мекунад, ки бо нашри ин гуна овозаҳо пояҳои иттилоотии ҳукуматро меларзонад, халқро метарсонад. Хатову сад бор хато мекунад. Ин каҷрафторон рафта-рафта ба абзори таблиғоти душман табдил ёфтаанд. Зеро «Ихвон-ул-муслимин»-ҲНИ-Ансорулло-ДИИШ ҳама занҷири як ҳалқа ва пайрави як мактабанд.

<!--[if !supportLists]-->5.     <!--[endif]-->Аз ин рӯ, таблиғи Гулмурод Ҳалимови хиёнатпеша,  хуморшикании раҳбарони ТТЭ ҲНИ дар хориҷа мебошад.

 

               Сарбадори Меҳандӯст, таҳлилгар, дорои рисолати асили ҳифзи Ватан.                   


Вернуться назад