Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Сайидюнуси наҳзатӣ мардумро ба қонуншиканӣ даъват мекунад
Сайидюнуси наҳзатӣ мардумро ба қонуншиканӣ даъват мекунад8-11-2018, 23:35. Разместил: admin |
Сайидюнуси наҳзатӣ, ки дар зери домани охундҳои шиамазҳаб панаҳ бурдааст, аз ҳар имконияту фурсате истифода мекунад, то амали душманонае бар зидди Тоҷикистон анҷом диҳад, аз ҷумла вақтҳои охир мавзўи Бадахшонро бештар мавриди ҳадафи нопоки худ қарор медиҳад. Ин дафъа ҳам фурсатро аз даст надода, дар сомонаи ифротиаш мақолае зери унвони «Волоияти қонун, ҳарфи ҳаққест, аммо…»-ро ба нашр расондааст, ки ба масъалаи ВМКБ дахл дорад. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, 4 ноябри соли ҷорӣ дар Хоруѓ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пешгирии ҷиноят ва ҳимояи худ аз афроди мусаллаҳи ҳамлакунанда аз силоҳи пневматикӣ истифода кардааст. Дар натиҷа ду нафар ҷароҳати сабук бардоштаанд. Вобаста ба ин ҳолат гурўҳи шаҳрвандон, ки ѓолибан аз асли воқеа дуруст огоҳ набуданд, дар назди бинои маъмурии Ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҷамъ омадаанд, аммо баъди дуруст фаҳмидани он пароканда шудаанд. Вале Сайидюнус аз ҳамин як нофаҳмии ба миён омада суиистифода карда, иѓвоангезӣ мекунад ва мехоҳад мардуми Бадахшонро бар зидди Ҳукумат шуронад. Дар ин маврид қасдан аз ҳазрати Алӣ мисол меорад, сокинони минтақаҳои дигари кишварро таҳқир мекунад ва ба Роҳбарияти давлат туҳмат мезанад, ки амали ноҷавонмардона ва беинсофист. Сайидюнус дидаю дониста масъалаи “Волоияти қонун”-ро бо каҷфаҳмию тарзи ѓалат шарҳ медиҳад ва мехоҳад мардумро ба гумроҳию қонуншиканӣ водор намояд, то дар кишвар боз нооромию бесомонӣ ба миён ояд. Шояд хоҷагонаш супориш додаанд, ки мисли солҳои навадум ҳамроҳи ҳаммаслакони наҳзатиаш дар Тоҷикистон оташи ҷангро аланга диҳад? Агар чунин набошад, чаро дар навиштаҳояш иѓвангезӣ мекунад ва мардумро ба қонуншиканӣ даъват менамояд? Ҳол он ки «волоияти қонун» риояи тамоми қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад. Фаромуш набояд кард, ки тибқи қонун ҳар як шаҳрванд дар баробари ҳуқуқу озодиҳо уҳдадориҳо низ дорад. ВМКБ ҳам як ҷузъи Тоҷикистон аст ва сокинони ин минтақа низ бояд қонунҳоро бе чуну чаро риоя кунанд. Ҷинояткорию қонуншиканӣ новобаста аз маҳали зист ҷавобгарӣ дорад. Сайидюунус то дараҷае бахтбаргашта аст, ки аз воқеаҳои манфӣ ва зарар дидани одамон ҳамеша хурсанд аст ва ба манфиати худ истифода карданӣ мешавад. Агар чунин намебуд аз як ҳодисаи дар Хоруѓ рухдода воҳима намесохт ва гурўҳи шаҳрвандонеро ки барои муроҷиат ба Раиси вилоят омадаанд, «тазоҳурот» наменомид. Ҳолати ба амал омадаро албатта сохторҳои марбута мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд ва тибқи қонун арзёбӣ мекунанд. Лекин тавре аз хабари расонаҳо бармеояд, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи қоидаю қонуни муайян гардида амал кардааст. Яъне дар муқобили гурўҳи мусаллаҳ муқовимат нишон додааст. Вай дар ин маврид аз силоҳи ҳақиқии ҷангӣ ҳам истифода карда метавонист ва албатта аз худ ҷавонмардӣ зоҳир карда, танҳо силоҳи пневматикиро ба кор бурдааст. Мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ВМКБ албатта мефаҳманд, ки навиштаҳои иѓвоангезонаи Сайидюнус ва ҳаммаслакони наҳзатии вай бар зидди ватану миллат равона гардидаанд ва супориши душманони хориҷӣ мебошанд. Ҷорӣ гардидани тартиботи ҷамъияти таъмини волоияти қонун дар кишвар ва хусусан дар ВМКБ кафолати болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аз ин рў, бояд тамоми сокинони Бадахшон аз иқдомҳои Ҳукумат дар ин самт дастгирӣ кунанд. Вернуться назад |