Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Ҷавоб ба Файзинисо Воҳидова
Ҷавоб ба Файзинисо Воҳидова11-11-2018, 19:32. Разместил: admin |
Баъди мутолиаи мақолаи ҳангоматалабонаи Файзинисо Воҳидова таҳти унвони «ГРАФ МОНТЕ КРИСТО ДАР ЗИНДОНИ ХУҶАНД», ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи www.Аkhbor.com ба нашр расидааст, виҷдонам маро ором нагузошт ва лозим донистам, ки андешаҳои худро дар атрофи он баён намоям. Ошӯбе, ки санаи 7 ноябри соли равон дар зиндони 3/3 шаҳри Хуҷанд ба вуқуъ пайваст, сару садоҳоеро дар воситаҳои ахбори электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Дар натиҷа ҳар нафари огоҳу ноогоҳ дар доираи шунидаҳои хеш ба ин воқеа баҳогузорӣ мекунад, вале аллакай расман ДИИШ масъулияти ин ошӯбро ба дӯши худ гирифтааст. Новобаста ба ин, ҳуқукшинос Файзинисо Воҳидова дар мақолаи худ таҳти унвони «ГРАФ МОНТЕ КРИСТО ДАР ЗИНДОНИ ХУҶАНД» рӯйдоди мазкурро аз дидгоҳи шахсии хеш шарҳу тафсир намудааст. Дар ҳолате, ки ӯ аз ҷараёни аслии ин ошӯб огоҳ нест. Аз ин рӯ, ҳаёти воқеиро бо асари бадеӣ муқоиса мекунад ва иллатҳои асосии рухдоди мазкурро аз хаёлоти нависанда Александр Дюма, ки бештар аз дусад сол пеш навишта шудааст, ҷустуҷӯ мекунад. Чунин унвонгузорӣ ва муқоисаи ин воқеият бо зиндагии қаҳрамони Дюма - Граф Монте Кристо танҳо ҳангомаи бофтаи ӯст, ё худ фармоиши навбатии хаммаслакони ӯ? Дар ҳоле, ки худи Файзинисо Воҳидова низ яке аз сабабҳои сар задани ошӯби мазкурро кори дасти маҳсубони ба ҷурми шомил шудан ба экстремизм ва терроризм маҳкумшуда медонад, бо фарзияҳои гуногуну бебунёди хеш ҳамоно ба айбдор намудани мақомот вобаста ба тариқи мусолиҳатомез ва гуфтушид ҳал накардани масъалаи мазкур пардохтааст. Ин дар ҳолест, ки яке аз пайвандони маҳкумшудагон аз шаҳри Конибодом расман дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштааст, ки борҳо ӯ ва пайвандонаш бародарашро, ки хоҳиши ба Сурия рафта дар он ҷо шаҳид шуданро дошт, насиҳат кардаанд. Аммо ӯ ба сухани онҳо гӯш надода, ҳатто дар ҳабсхона ҳам ин амалҳои хешро идома медод. Ин саркашӣ ва ифротӣ шудани вай ҳатто сабабгори аз ғами фарзанд се сол қабл даргузаштани модараш гардида бошад, ҳам аммо ӯ парвое надошт. Воқеият ин аст, ки кулли онҳое, ки дар ин ошӯб ширкат доштанд ва нахуст ба қатли ваҳшиёнаи кормандони муассисаи ислоҳии мазкур даст заданд, аз ҳамин қабил инсонҳое буданд, ки барояшон ягон муқаддасот ва ҳатто тақдири фарзанд, падару модар, бародару хоҳар ва ҳеҷ як инсон арзише надошта, танҳо фикри ҷиҳодро доштаанд. Ин гурӯҳ, ки асосан ба ҷурми шомил шудан ба гурӯҳҳои экстемистӣ ва террористӣ маҳкум шудаанд, ҳатто дар маҳбас низ аз фикри худ нагашта, дар андешаи ҷиҳод будаанд. То имрӯз борҳо миёни онон корҳои фаҳмондадиВернуться назад |