Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > НБО РОҒУН - ФОҶЕА БАРОИ «AKHBOR.COM»
НБО РОҒУН - ФОҶЕА БАРОИ «AKHBOR.COM»14-11-2018, 18:52. Разместил: admin |
Тавре ки мардуми шарифи Тоҷикистон огоҳанд, 16 ноябри соли 2018 Нерўгоҳи барқӣ- обии Роғун ба кор медарояд. Ин рўз дар таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва саҳифаи наверо дар ҳаёти тамоми тоҷикистониён хоҳад кушод. Зеро интизориҳои деринаи мардуми мо самар медиҳад ва ин иншооти азиму муҳими аср ба кор сар мекунаду ба зиндагии мо нуру сафо меорад.
Вале ин рўзи хушу хурсандӣ ва ҷашни беназири мардуми мо барои баъзе афроди бадхоҳу палид мотаму фоҷеа мебошад. Аз хабару гузоришҳои баъзе сомонаҳои душману ҳангомасоз чунин ба назар мерасад, ки ин ҳодасаи фараҳбахш барои онҳо хушоянд нест. Яке аз чунин нафарони бадхоҳ соҳиби сомонаи хабарии «Akhbor.com» Мирзои Салимпур мебошад.
Ин шахс дар гузаштаи начандон дур дар яке аз расонаҳои хориҷии Ғарб машғули хабаркашиву дурўғпароканӣ буд. Ба ҳамагон маълум аст, ки аксари расонаҳои хабарӣ ва пойгоҳҳо иттилоотӣ дар ҳеҷ давру замон озодии мутлақ надоштанд ва Мирзои Салимпур ҳам вобастаи пули доираҳои манфиатдор асту ғуломи ҳалқабаргуши онҳост.
Аз номгузории матлабу хабарҳои Мирхои Салимпур маълум мешавад, ки ин нафар барои амали намудани аҳдофи худашу «ба даст овардани грант» (дар асл музд бар ивази фаъолияти зиддимардумиаш) омодааст аз баҳри ватану миллаташ гузараду ҳамаро аз дидгоҳи танги ифротии худаш баҳо диҳад. Далели ин гуфтаҳо сарлавҳаҳои чанд матлаби чоп намудаи ин сомона мебошад, ки мисол меорем:
1.«Бонки ҷаҳонӣ дар сохтмони ниругоҳи Роғун сармоягузорӣ намекунад»
2.«Се заминларзаи шадид дар наздикии ниругоҳи Роғун» 3. «Маоши баландтарин - дар Роғун, аз ҳама паст - дар куҳистони Мастчоҳ.
Чун ба муҳтавои матолиби мазкур ошно машавӣ, як хати маше пайдо мешавад, ки ин рўзноманигор дар баробари расонидани иттиллот боз ғаразҳои шахсиву гурўҳҳои алоҳидаро дар он ҷой додааст. Маълум аст, ки журналист ҳамчун шахси бетараф бояд воқеиятро бидуни андешаҳои шахсӣ инъикос намояд. Муттасифона, Мирзои Салимпур ин меъёрро ба хотири манфиати моддӣ ва душманиаш ба Тоҷикистон риоя намекунад. Чунонки дар боло зикр намудем, ин шабу рўз дар саросари Тоҷикистон мардум барои ҳодисаи таърихӣ - ифтитоҳи агрегати аввалини нерўгоҳи барқӣ - обии Роғун омодагӣ мегиранду чанд нафари тангназару кинатуз бошанд дур аз Ватан барои гирифтани гранти навбатӣ ҳар роҳу василеро ҷустуҷў доранд, то боз дар оянда дастовардҳои халқу кишвари худро барои оламиён аз дидгоҳи нопоку номуваффақи худ баррасӣ намоянд. Воқеан нафаре, ки ҳамеша ҳама чизро аз назари тангу муғризона ва тибқи дастури неруҳои душман ва бегона баҳо медиҳад, кўрест бо дилу нияти бад. Ин гуна нафарон, ки нияти бад доранд, ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд. Сомонаи «Akhbor.com» низ бо ҳамин роҳбару бунёдгузору хабарнавису таҳлилгаронаш дар фазоӣ маҷозӣ мисли бумест, ки дар вайронаҳо хона дораду вазифаи худро дар расонидани паёмҳои шум дарёфтааст ва аз хабари хуши ифтитоҳи НБО Роғун ба даҳшат афтодааст. Диловари Хуршед, таҳлилгар Вернуться назад |