Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Шоҳрух Фаррух Паём ба ҲНИ- и мамнуъшуда ва Кабиритаборҳо
Главная > Хабар > Шоҳрух Фаррух Паём ба ҲНИ- и мамнуъшуда ва Кабиритаборҳо

Шоҳрух Фаррух Паём ба ҲНИ- и мамнуъшуда ва Кабиритаборҳо


14-11-2018, 19:03. Разместил: admin

Роғунеро, ки шумо афсона мепиндоштед,

Аз гумони хеш тухми кинаро мекоштед,

Ҳар куҷо аз боби Роғун ҳарфи бад ангоштед,

Қасди «бори каҷ ба сарманзил» расидан доштед.

Бинед акнун, парчами бахту саодат шуд баланд,

Обрўи миллати тоҷику давлат шуд баланд,

То фалак оҳанги маънии сиёсат шуд баланд,

Нахли пурбору пурармони ҳақиқат шуд баланд.

Сар ба зонў, зонўи андеша монеду дигар,

Каф занед аз бахту иқболе, ки бошад чорагар.

То ба кай бар қалби поки Тоҷикистон нештар?

То ба кай фикри хиёнатпарварӣ бошад ба сар?

Хостори нури имонед? Роғун аст нур!

Хостори бозўи сабред? Роғун аст зўр!

Хостгори нангу номусед? Роғун нест дур!

Хостгори ганҷи ирфонед? Роғун аст пур!

Каъбаи нур аст Роғун, нур роғунмазҳаб аст,

Ояти шукронаи тоҷик доим дар лаб аст.

Пешвои мо чи хуш дар ҷодаи нурофарӣ,

Дар миёни Сарварони даҳр соҳибмактаб аст.


Вернуться назад