Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Шохрух Фаррух Паём ба ҲНИ- и мамнуъшуда ва Кабиритаборҳо
Главная > Хабар > Шохрух Фаррух Паём ба ҲНИ- и мамнуъшуда ва Кабиритаборҳо

Шохрух Фаррух Паём ба ҲНИ- и мамнуъшуда ва Кабиритаборҳо


15-11-2018, 07:22. Разместил: admin

Ҳар куҷо аз боби Роғун ҳарфи бад ангоштед,

Қасди «бори каҷ ба сарманзил» расидан доштед.

Ин ҳақиқатро шумо афсона мепиндоштед,

Оқибат ҳосил зи тухми кошта  бардоштед,

 

Даҳр бинад, парчами бахту саодат шуд баланд,

Обрўи давлати тоҷику миллат шуд баланд,

То фалак оҳанги маънии сиёсат шуд баланд,

Шохаи нахли пур аз бори ҳақиқат шуд баланд.

 

Сар ба зону мениҳед имрўз, ночор аз дигар,

Каф занед аз бахту иқболе, ки бошад чорагар.

То ба кай бар қалби поки Тоҷикистон нештар?

То ба кай фикри хиёнатпарварӣ бошад ба сар?

 

Хостори нури имонед? Роғун аст нур!

Хостори қудрати сабред? Роғун аст зўр!

Хостгори нагну номусед? Роғун нест дур!

Хостгори ганҷи ирфонед? Ҳаст он ҷо булўр!

 

Каъбаи нур аст Роғун, нур роғунмазҳаб аст,

Ояти шукронаи тоҷик доим дар лаб аст.

Пешвои мо чи хуш дар ҷодаи нурофарӣ,

Дар миёни Сарварони даҳр соҳибмактаб аст.


Вернуться назад