Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Кушодашавии НОБ-и Роғун- мотами ифротгароёни наҳзати
Кушодашавии НОБ-и Роғун- мотами ифротгароёни наҳзати15-11-2018, 12:09. Разместил: admin |
Имрўзҳо бошад Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси як давлати мустақил дар баробари дигар давлату миллатҳо дар саҳнаи сиёсати ҷаҳони мақоми хоси худро пайдо намудааст. Дар даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз ҷиҳати иқтисоди ва ҳам аз ҷиҳати сиёси ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Дар ин давраи истиқлолият аз тарафи Ҳукумати ҶТ як қатор лоиҳаҳои сохтмони оид ба кор андохтани корхонаҳои азими саноатию истеҳсоли, нерўгоҳҳои обии барқи, нақбу роҳҳо, пулҳои мошингард, роҳи оҳан ва биноҳои бисёрошёна барои мардуми кишвар сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, яке аз сохтмонҳои азими мамлакат, ин НОБ-и Роғун ба ҳисоб меравад, ки орзуи деринаи мардуми сарбаланду бономуси кишвар буд, санаи 16-уми ноябри соли ҷори чархаи якуми он ба истифода дода мешавад. Ин рўз ҳамчун рўзи фаромушнашаванда дар сафҳаи таърих сабт мегардад ва ин корнамоии мардуми Тоҷикистон бо сарвари оқилу бохирадаш дар миқёси ҷаҳон шуҳратёр гашт. Бояд қайд намуд, ки то ҳол наҳзатиҳои террористу ифроти бо роҳбарии Кабирии хоину чоплус, дар якҷояги бо дигар думраваконаш сиёсати паси пардагии худро бо даст доштани барномасозон ва сарпарастони хоҷагони бурунмарзиашон идома дода, дар расонаҳои интернети дуруғу буҳтонҳоро ба сари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он раво дида, мехоҳанд бо ин васила ба мақсадҳои нопоки худ расанд. Онҳо мунтазам таҳқири давлату миллати тоҷикро ба воситаи сомонаҳои интернети идома дода тариқи ташвиқоти нодурусти худ онҳо мехоҳанд сафи худашонро зиёд кунанд. Аммо доғе, ки аз ҷониби ин хоинони миллату давлат дар қалбҳои мардуми шарафманди кишвар гузоштаанд ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад ва насли даврони истиқлол ба ин косалесони хоҷагони хориҷи бовар надоранд.
Инчунин, ин разилон дар баромадҳояшон қайд мекарданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар набудани маблағҳои пули, мутахассисони ботаҷриба, аз ўҳдаи сохтмони НОБ-и Роғун намебароянд ва сохтмони ин нерўгоҳи азимро дар оянда гуиё ба ягон давлати дигар ба монади Россия ё Чин бар ивази қарзҳои давлати мефурўшанд. Лекин ба ҳамагон акнун маълум гашт, ки мардуми тоҷик бо сарварии Президенти кишвараш аз ин имтиҳони ҷидди бо сарбаланди баромаданд ва инак рўзҳои наздик ин нерўгоҳи таърихи ба фаъолият шуруъ мекунад. Мардуми бонангу ори ин диёри аҷдоди чун Пайравони асили Пешвои миллат паҳлу ба паҳлуи ҳам истода, дар рушду нумуи Тоҷикистони азиз саҳмгузор мебошанд. Фаррухи Фаридун, рўзноманигор
Вернуться назад |