Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Кӯри Юнус ё «фейк»-и охундони эронӣ
Главная > Хабар > Кӯри Юнус ё «фейк»-и охундони эронӣ

Кӯри Юнус ё «фейк»-и охундони эронӣ


24-11-2018, 08:04. Разместил: admin

Имрӯз истифодаи истилоҳи «фейк» мӯд шудааст. Баъзе ба маъниаш сарфаҳм меравад, дигаре намедонад. Ҳамин дирӯз буд, ки як дӯсти донишгоҳиамро сари роҳ   дидам ва дарҳол аз ман пурсид, ки «фейк» чист? Ҳамоно ба ҷои посух пурсидамаш, ки дар куҷо хондӣ?

- Гуфт: дар мақолае дар интернет. Пай бурдам, ки туҳматномаи навбатии Кӯри Юнусро хондааст ва ҷавоб додам:

- «Фейк» асосан тахаллуси дурӯғини муаллифи мақола, навиштор, матлабро мегӯянд. Вале фарохтар аз он, агар ба умқи масъала равем, инсонҳоеро дармеёбем, ки худашон дар ҳаёт «фейк»-анд. Масалан, худи Кӯри Юнус. Кист ӯ? 

Шахсе, ки мазҳаби аҷдодиашро фурӯхту шиа шуд.

Зани ҳалолу муштипарашро даст ба даст карду кушт, яъне беномус шуд.

Ватану миллати худро фурӯхт, яъне ватанфурӯш шуду асолатбохта. 

Аз ҷавҳари инсоният дигар дар ниҳоди ӯ чӣ боқӣ мондааст? Ҳеҷ чиз. Пас ӯ «фейк» аст. Фейки хоҷагони охундаш. Ҳар матлабе менависад ва ҳар сухане, ки мегӯяд ҳеҷ гоҳ моли худаш нест. Гуфтору афкоре ҳастанд, ки дар мағзаш ҷо мекунанду аз забонаш берун мекашанд. Ҳатто ҳарфу истилоҳоте, ки баён медорад, моли онҳост. Сару либос, айнакгузории чашмаш,  ишваю ноз, ишора, шеваю тақлиди гуфтораш охундист. Чунин инсон ҳаргиз дигар шахсият нест. Фейки дигар шахсиятҳост.

Кӯри Юнус  ҳам нобинои ақлонист ҳам ҷисмонӣ. Пирони мазҳабиаш бо дасти ӯ талош мекунанд, ки дар Академияи илмҳо нифоқ ангезанд. Дирӯзи дурахшону равшани Академияи илмҳои Тоҷикистонро бо имрӯзи  боз ҳам рӯшантараш муқобил гузоранд. Шармашон ҳам намеояд, ки барои ба забон овардани ин даргоҳи муқаддас ҳатто ҳаққи маънавӣ надоранд. 

Ҳай-ҳай-ҳай. Сад войи шумою фейки нобинои шумо!

Магар ҳамин шумо набудед, ки мехостед чароғистони илми тоҷикро ба торикистону ҷаҳолатистон табдил диҳед? 

Магар дастуру маблағи охундии шумо набуд, ки барои қатли ваҳшиёнаи академикҳои тоҷик, устодон Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Моёншо Назаршоев ва даҳҳо пайравону шогирдони онҳо истифода гардид? 

Ҳамаи ҷиноятҳоятон собит шуданд. Вале ҳатто бари рӯятон сурх нашуд. Зеро шарму изо дар вуҷуди бешарафатон ҷойгоҳ надорад. Ончунон бешармед, ки  аз дар бароранд аз тиреза медароед. 

Ростӣ дар ҳаёт ҳаргиз ҳампою ҳамқадаматон набудааст. Тибқи фатвои сохтаю бофтаатон нигини ангуштарӣ даруни мушт тоб дода, дурӯғ мегӯед, бӯҳтон мебофед, фиреб мекунед.

Ба ту Кӯри Юнус – сиғаи пирони охундат писанд наомадааст, ки олимону ходимони Академия дар баробари ақидаю андешаҳои мағзхӯри аз ҳазорсола барои туву пиронат ва наҳзати пӯсидаи террористиатон меросрасида, садо баланд кардаанд. 

Ин танҳо садои Академия нест.  Овози тамоми сокинони маърифатпарвар, босавод ва хоҳишманди тарзи ҳаёти дунявист, ки алорағми тамоми талошу ҷонканиҳои хоҷагонат роҳи фардои худро дар ҳамин Академия ва донишсароҳои дигар мебинад.

Садои миллатест, ки Мӯъҷизаи аср – Роғунро сохт. Нақбҳо, роҳу шоҳроҳоро бунёд кард. Душанбеи нозанинро чароғистону гулистон кард. Дору нодорашро барои созандагию ободонӣ сарф кардаву мекунад. Аммо ту кури маънави инро намебини, чунки кур астию аз акл берун. 

На чун хоҷагони ту – эй Кӯри Юнус, ки «гурусна дар хонаю садақа биёбон» мекунанд. Миллионҳо маблағро барои ноором сохтани вазъи кишварҳои минтақа, дастгирии гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ, қатли ваҳшиёнаи афроди саршиносу мондагор сарф мекунанд. 

Барои ту кӯри худу бинои бегонагон ман ҳам фейкам. Фейке, ки ҳақиқатро бар чеҳраи фитнагару хиёнатпешаат мекашад. Бидон, ки  ҷомеаи тоҷик дигар ҳаргиз ба иғвою дасисаҳои террористони наҳзатӣ,  кӯрони таблиғгараш ва падарони охундашон дода намешавад ва намегузорад, ки саҳифаи сафедии таърихи миллатро бори дигар бо доғи беҳувиятӣ   сиёҳ  созед.

 

Эҳсони Қурбон


Вернуться назад