Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Иттиҳоди кӯри Юнус ва гурӯҳи 24 муаммои аср
Иттиҳоди кӯри Юнус ва гурӯҳи 24 муаммои аср24-11-2018, 16:19. Разместил: admin |
Мавқеъгириҳои Сӯҳроб Зафар, гурезаи озмоишии маҳбасхонаҳои Туркия аҷиб ва ғариб аст. Ин ҷо аз сарнавишти кӯри Юнус ҳарф намезанем, то ки коғазро олуда насозем. Сарлавҳагузорӣ як фиреби назар ба сӯйи ин олусчашм аст, то ки ҳаргиз ором набошад. Матлаби ҷавобии мо гурӯҳи 24 мебошад. Ин гурӯҳак, ки аз 3 нафар беш нест, вақтҳои охир ба 3 гурӯҳ ҷудо шуда, ба ном «ҳаракати ислоҳот ва рушд», «Ҷавонон ва инкишоф» ва ғайра музахрафотро ба дили худ созмон додааст. Фалсафаи вуҷудии ин гурӯҳ мисли афроди онро ташкилнамуда, аз нишонаҳои ҷунунӣ иборат аст. Иштиёқмандон ангушти ҳайрат мезананд, ки то куҷо ҳар тоҷири аз панҷаи қонун фирорнамуда, барои хуморшикании худ, созмонаке ташкил медиҳад ва худро «муборизи роҳи озодӣ» медонад. Ҳоло он ки ҳамин Сӯҳроб Зафар чун иртиботи хонаводагӣ бо Ғаффори «Седой» дорад, аз мактаби хиёнатпешагӣ ва аз пушт ханҷарзаниро нағз омӯхтааст. Ин нотавонбин намедонад, ки садоқат ва шоистагӣ ду усулест, ки ҳар давлате бар ин пояҳо устувор ва собит, дурнамои неки худро таъмин мекунад. Ҳамчун пайомади ин каҷравиҳо, чун якеро меҳмони зиндони Тоҷикистону гардонида, дигаре ҳамчун мизбони ҳамешагии боздоштгоҳҳо буда, фаршҳои маҳбасҳои Туркияро фарсуда кардааст. Ин ҳама хиёнат аз орӣ будан аз арзишҳои инсонӣ: 1) Шоистагӣ; 2) Садоқат мебошад, ки С.Зафарро мубтало ба ин дарди бедаъво кардааст. Аслан, шоҳидони воқеӣ аз гурӯҳи 24 чунин ҳикоя мекунанд. Мақсади аз ҳам пошидани ин гурӯҳ аз он иборат буд, ки Н.Ризоӣ, Ҳ.Ашуров ва Ш.Гадоев бо фиребу найранг ба сари С.Зафар об рехта, бо роҳҳои номашрӯъ худро ба Европа расониданд. Ба иборати дигар, С.Зафарро ҳамчун шахси номатлуб ва ғайриқобили эътимод дар Туркия партофта рафтанд. С.Зафар ҳоло бо ин гурӯҳи 24-аш, ки аз худаш фақат иборат аст, тафаккури «инқилобӣ-ро» содир мекунад. Дигар хосияти гурӯҳи 24 дар таваҳумоти исломӣ ва дунявӣ қарор гирифтани ин ташкилот аст. Набуди дарки амиқ аз муборизаи сиёсӣ,масъулони ин гурӯҳро маҷбур месозад, ки аз як дар ба як дар ва аз як кишвар ба кишвари дигар дар гурез бошанд. Зеҳнҳои ларзон ва тарсонашон дар ҳаракати ноҷо ва бемаврид қарор доранд. Гурӯхи 24 аслан решаҳои амиқ дар тариқатҳои диние дорад, ки бо сиёсат ва муҳити солим душманӣ меварзанд. Рақсҳои ҷунуномез ва сӯфиёна, ки хоси иделогияи ин гурӯх аст, ин аъзои гурӯҳро мафтун кардааст, ки ба сафарҳои ҳунарӣ бароянд ва яке худро дар Европа ва дигаре дар Туркия ёбанд. Ҳамин манбаъҳо хабар медиҳанд, ки раққосони суфимашраби гуруҳаки 24 шавқи беҳамтое ба ин гуна рақс доранд: Дар масофаи якуним метр, рӯбарӯи ҳамдигар истода, дастонашонро афшонда, аз дараҷаи китф васеъ боло мебардоранд. Банди дастонро чарх занонда, пайкараи худро гоҳ ба пеш ва гоҳ ба қафо хам мекунанд. Агар яке ба тарафи рост гардад, дигаре ба тарафи чап рӯ меорад. Пойҳо ҷафсанду ҳаракат намекунанд. Сипас ҳар яке дастҳояшро поин мефурорад, қоматашро ба пеш хам мекунад (астағфрило) ва ду се бор чарх меравад. Баъд раққосон боз дар ҳамон масофа рӯ ба рӯ истода, дастонашонро дар ду барашон часпонда, қадамҳои хурд-хурд гузошта, мавзун гашта, пушт ба пушт мешаванд (астағфрулло). Ин аст ҳолати воқеии Суҳроби Зафар ва амсоли ӯ. Дар қишлоқи мо мегӯянд, ки «чун қиёмат қоим шуд, дунё ба охир расид, қофила ба кӯдак мерасад».
Фирӯз Исломов, таҳлилгар Вернуться назад |