Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Бофтанҳою сохтанҳои М. Садриддин идома доранд
Главная > Хабар > Бофтанҳою сохтанҳои М. Садриддин идома доранд

Бофтанҳою сохтанҳои М. Садриддин идома доранд


26-11-2018, 20:02. Разместил: admin

М. Садриддин аз симои наҳзатии расонаӣ акнун ба симои ифротии имусоҳибавӣ табдил ёфтааст ва ин навъи чеҳранамоии ўро дар мусоҳибаи ахиран дар пойгоҳи иттилоотӣ ва таҳлилии Сайидюнус зери унвони  “Ҳукумат тафовути зиёде бо ДИИШ  надорад”) интишорёфтаи М.С. мушоҳида кардан мумкин аст.

Ин дафъа исми М. Садриддинро дар шакли аббревиатура-ихтисораи М.С. меоварам. М.С. бо хабарнигори «Тасним»  суҳбат намудааст ва дар ҷараёни суҳбат ҳолати эҳсосотӣ ва молихулёии ин мусоҳиби наҳзатӣ хеле хуб буруз кардааст. Бо се нуқтаи иҷмолӣ қазияи зиндонҳои Хуҷандро, ки М.С. хеле ҷиддӣ гирифта, дар ростои он ҳангомасозӣ кардааст (албатта, ҳадафмандона), равшан менамоем. 

     Аввал. Баҳси ҷанҷол дар зиндони Хуҷанд, ки сархатти хабарҳо дар расонаҳои мустақил гардида буд, мавриди суҳбати М. С. қарор гирифтааст. Ў як даргирии муқаррариро дар зиндони Хуҷанд ҳангома сохта, онро иғвогарона «қатли ом» унвон кардааст. Дар ҳоле ки даргирӣ қаблан тарҳрезӣ шудааст ва дар ташкили он зиндониёни ба ДИИШ алоқамандбуда даст доштанд. Ин нукта ҳам воқеият дорад, ки кушташудагон-зиндониёни даргирии зиндони Хуҷанд қаҳрамон нестанд, ки аз онҳо арҷгузорӣ шавад. Дигар ин ки чунин навъи даргириҳо дар тамоми зиндонҳои ҷаҳон ҳамасола чандин маротиба сурат мегирад ва аз ҷониби сохторҳои марбутаи давлатӣ пахш карда мешаванд. Аз ин рў, аз он ҳангома сохтан ва атрофи он гаппаронӣ ва шиорзанӣ кардан коре хубе нест. Албатта, барои гурўҳҳои манфиатхоҳ ва султаталабе мисли гурўҳи М.С. чунин навъи хабарҳо заруранд ва аз онҳо ба сифати приёми сиёсӣ ва иғвогарӣ истифода мешавад. Ин аст, ки бар асоси шоеот наметавон ҳақиқати корро дар зиндони Хуҷанд арзёбӣ кард.  Гузашта аз ин, муомилаи бад бо зиндониён, ки дар гурўҳи шоеот ва овозаҳои қазияи даргирӣ дар зиндони Хуҷанд дохил мешавад, омили даргирӣ ва задухўрд набудааст. Ду зиндоние, ки дар бурузи даргирӣ саҳм гирифтаанд, собиқаи ҷиноятии вазнин доштаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ, наметавон ангезаи ифротгаройи динӣ-мазҳабӣ будани онҳоро дар қазия сарфи назар кард.

    Сонӣ. Узви «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон» М.С. кори Ҳукуматро дар қазияи даргирии зиндониёни Хуҷанд бо ДИИШ қиёс менамояд, бехабар аз он ки ақоиди доишӣ ва хурофотӣ дар зеҳни М.С.-и наҳзатӣ, ки моломоли таассубу ҷаҳолат аст, ҷой доранд. Ин узви ба ном «Кумита» бо кадом масъулият куштори зиндониёни ҷинояткорро, ки ба музокира ва муколима ҳозир нашуда, даргириро идома дода, дар пайи задухўрд бо неруҳои интизомӣ  ҳалок шудаанд, «қатли ом» ва натиҷаи онро  «як паём буд барои дигар озодандешон: мо шуморо зиндонӣ мекунем ва дақиқан ба ҳамин шева қатли омматон мекунем ва касе ҳам наметавонад моро гуноҳкор кунад, чун қудрат дар дасти мост» медонад?! М.С. киро дар рўйхати озодандеш қарор медиҳад? Албатта, гурўҳе мазҳабзада, хурофотӣ ва ҷаҳолатпарастро, ки худ дар раддаи аввал аст. Аз забони ин «узв» ба ҷуз таҳқиру тавҳин ва ҳақорат чизи дигаре немебарояд ва «рўҳониён ва уламо»-ро ба гурўҳи  озодандешон шомил менамояд. Дард дарди мазҳаб аст ва бо ин дард ин «узв» мехоҳад дар Аврупо ҷавлон кунад ва аврупоиёнро дарси демокросӣ ва озодандешӣ бидиҳад. Аҷабо, аз доираи танги хурофоту таассуби динӣ берун набаромада, даъвои доноӣ мекунад. Ана ин аст, ҷасорати як рўҳонии муҳофизакори мо, ки дар берун аз кишвар лофи озодандешию дурусткорӣ мезанад.

    Солис. М.С. ҳавсалаи шунидани воқеиятро надорад ва ҳар падидаи манфиеро, ки дар Тоҷикистон зуҳур мекунад, ҳатман ба шахси расиҷумҳур ва хонаводаи ў иртиботаш медиҳад, чун вазифааш ҳамин аст: бояд атрофи ҳамин ҳадаф  пофишорӣ намояд ва матолиби иғвогарона интишор бидиҳад. Хуб, раиси зиндонҳо ва сардори зиндони Хуҷанд аз вазифа сабукдўш шуданд. Боз гуноҳҳои нав ба навро дар пойи Ҳукумат бастан мегиранд, чунки ҳадафи бозигароне чун М.С. сирф сиёсӣ аст ва аз ҳар навъ иттилоот ҳангома сохтан ва онро мунташир карда, афкори иҷтимоиро таҳти контрол қарор додан стратегияи ин гурўҳҳо мебошад. Ҳоло мебинем, боз ҳангомаҳои нав ба нав идома доранд ва тими наҳзатӣ, аз ҷумла шахси М.С. дар вазъияти бофтану пардохтани дурўғу иғвоҳое навбатӣ талош мекунад. Пайгирӣ мекунем.

 

Фаридун Ориёӣ,

таҳлилгар


Вернуться назад