Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ҲНИТ-РО БА ДАСТ ДОШТАН ДАР КУШТОРИ САЙЁҲОН АЙБДОР КАРДАНИ РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ
Главная > Хабар > ҲНИТ-РО БА ДАСТ ДОШТАН ДАР КУШТОРИ САЙЁҲОН АЙБДОР КАРДАНИ РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ

ҲНИТ-РО БА ДАСТ ДОШТАН ДАР КУШТОРИ САЙЁҲОН АЙБДОР КАРДАНИ РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ


26-11-2018, 20:06. Разместил: admin

Таҳлили воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ нишон медиҳад, ки хабаргузориҳо ва рӯзномаҳои муътабари ҷаҳонӣ дар дарки воқеаҳои Тоҷикистон ба пешравӣ ноил шуда истодаанд. Сиёсати мусбати иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ даст дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои зиддибашарии ТТ ҲНИ баҳои сазовор диҳанд ва онҳоро маҳқум намоянд.  

Чунончи, ќайд карда мешавад, ки агентиҳои иттилоотии "Настоящее Время”-телевизиони муштараки радиои "Озодӣ” ва "Садои Амрико” – бори аввал ба таври ошкор ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро ба даст доштан дар қатли сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ки 29-уми июли соли 2018 ба вуқуъ пайваст, айбдор карданд.

Дарвоқеъ ин дастоварди бузурги сиёсати иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ мебошад, ки дар тӯли солҳои охир ноил гардиданд.

Агар ба фаъолияти наҳзат дар тӯли 40 соли фаъолияташон назар андозем маълум мешавад, ки ин ҳаракати кӯчабозорие мебошад, ки аз тангкӯчаҳои маҳаллаҳои “Табачка”ва “Комбинати гӯшт”-и шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои аз нуқтаи назари тамоюлоти динӣ осебпазир зуҳур карда, фаъолияти пинҳонӣ ва ба ё ба истилоҳ зеризаминиро ба роҳ монданд. Хурофотзадагиро бисёр моҳирона аз раддаҳои поёнии ҷомеа ба роҳ монданд.    

            Ҷинояти дигаре ки наҳзатиҳо дар чомеа содир карданд, ин аст, ки чун дар шаҳрҳо низоми Ҳукумат қавӣ буд, наҳзати ифротгар дар деҳахои дурдаст ба ин корҳо даст мезад. Ба таври ҳилагарӣ, худро дар вазифаҳои паст, ки аз назорати органҳои ҳифзи ҳуқуқ дур буданд, чо ба чо мекарданд. Чунончи, раҳбарони наҳзат, то солҳои 90-ум ё ба сифати посбон, муҳофиз ё дарбони ин ё он муассиса буданд. Бо пинҳон кардани худ, амалан ин дарбонҳо пояҳои ҷомеаро тадриҷан ларзон месохтанд. Дар чомеа дар нақшҳои махуф, вале таъсиргузор ҳузур доштанд.Ҳалқаҳои динӣ ташкил карда буданд.   

            Душмании ҳалқаҳои ифротӣ бо илм ва олим, решаҳои амиқи таърихӣ ва азалӣ дорад. Оштинопазир аст. Ин нотавонбинӣ то ҳадест, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аъзои  Академияи илмҳо ва нухбагони шинохтаи илми тоҷик: М.Осимӣ, М.Назаршоев, М.Ғуломов, Исҳоқиро наҳзатиҳо бо хоку оғушта карда куштанд. Миллатро бесоҳиб кардан мехостанд, ки тиратон ба хок хӯрд. 

Ҳамин тариқ, агар ҷиноятҳои содиркардаи наҳзатро дар 20 соли охир ҷамъбаст кунед, ба хулосае меоӣ, ки вақти муроҷиат ба суди байналмилалии Гаага фаро расидааст.

Хушбахтона, имрӯз расонаҳои хориҷӣ ба дарки пурра ва бебозгашти ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон расидаанд ва мақомоти байналмилалии додгоҳӣ дар марҳилаи дуюм ба ин ҷиноятҳо баҳои сазовори ҳуқуқӣ хоҳанд дод.   

 

Фирдавс Фирӯз, таҳлилгар

 


Вернуться назад