Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ақидаҳои Сайидюнус сабабгори густариши терроризманд
Главная > Хабар > Ақидаҳои Сайидюнус сабабгори густариши терроризманд

Ақидаҳои Сайидюнус сабабгори густариши терроризманд


29-11-2018, 18:22. Разместил: admin

Роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ ба ғайр аз террористу экстремист будан боз чунон палиду нобакоранд, ки мислаш дар ҷаҳон нест. Зеро он амалҳои манфуру нангинеро, ки наҳзатиҳо зидди ватану миллати худ анҷом медиҳанд, дар ҷаҳон ягон гурўҳу ташкилоти ҳамсонашон ҳатто ба худ раво намебинанд. Масалан, туҳматҳое ки наҳзатиҳо нисбат ба мақомот, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон мебофанду паҳн менамоянд,  ягон неруи мухолиф ва ҳатто ҷинояткори давлатҳои дигар дар ҳаққи ҳукуматҳояшон анҷом намедиҳанд. Яке аз разилтарин нафарони наҳзатї Сайидюунус аст, ки ягон фурсату имкониятеро аз даст надода, амалҳои душманонаашро бар зидди Тоҷикистон ҳамоно идома медиҳад. Сайидюнусро аз як тараф хоҷаҳои шиамазҳабаш ва аз тарафи дигар Кабирї ҳар дам хала мекунанд, ки қарор наистад ва туҳматбофиашро нисбат ба Тоҷикистон давом диҳад. Вале ин амалҳои вай беҳудаанду бо ин роҳи баду хиёнаткоронааш ба мақсади нопоки худ намерасад. Барои мисол ба матлаби охирине ки ў зери унвони «Мансурҷон Умаров ва маншаи ифротгарої» дар сомонаи ифротиаш нашр кардааст, таваҷҷуҳ мекунем.  

Сайидюнус роҳбарони мақомоти баландпояи Тоҷикистонро бо бесаводї айбдор мекунад. Аммо ин ақидаи пуч ва ғалат аст. Зеро ҳамин роҳбарони кунунии мақомоти Тоҷикистон буданд, ки дар давраи нисбатан кўтоҳи таърихї кишварро аз ҳолати ҷангу харобї ба ҳолати оромию субот рушду тараққї расонданд. Агар бесавод мебуданд, чї тавр ба ин дастовардҳо ноил мегардидем? Бесавод наҳзатиҳо ҳастанд, ки ҳатто як ҳизби дуруст сохта натавонистанд ва аз доираи мафкураи террористию ифротгарої то ҳануз набаромадаанд. Худи ҳамин Сайидюнус танҳо чизеро менависаду нашр мекунад, ки хоҷаҳояш дар даҳонаш хоида туф кунанд. Мустақилона кореро анҷом дода наметавонад ва саводаш ҳам дар асл саводи ҳамон хоҷаҳояш мебошад, на аз худаш. Маълум аст, ки ин дафъа супориш гирифтааст, то Мансурҷон Умаровро вобаста ба таъйин гардидан дар вазифаи наваш бо динситезиву бесаводї айбдор кунад. Чунин бармеояд, ки наҳзатиҳо тамоми роҳбарони мақомоти калидии кишварро дар назди мардум бадном карданї ҳастанд.

Маълум аст, ки Мансурҷон Умаров зимни суханронї дар парламенти кишвар ҳаргиз диндории анъанавии мардуми моро омили рушди терроризму экстремизм наҳисобидааст. Балки манзури вай равияҳои ифротгароёна ва радикалии динї, масалан ақоиде ки худи ҳамин Сайидюнус ва ҳаммаслакони наҳзатиаш пайравї доранд, будааст. Сайидюнус хонандагонро ба иштибоҳ бурданї аст, аммо наметавонад, зеро мардум ҳоло хеле огоҳанд ва дини ҳақиқиро аз идеологияи хатарноки ифротї фарқ карда метавонанд.      

Дар баробари туҳмат задан ба М. Умаров, Сайидюнус фурсатро аз даст надода, Амрико ва кишварҳои аврупоиро ҳам санг мезанад ва содиқ будани худро ба мазҳаби наваш нишон медиҳад. Тарс аз он дорад, ки мабодо мавриди шубҳаи хоҷагони мазҳабиаш қарор нагирад.

Дар ин ҷо беасосу пуч будани чанде аз туҳматҳои Сайидюнусро мисол меорем:

1) Бар хилофи туҳмати Сайидюнус, М. Умаров ҳаргиз  эҷоди маҳдудиятҳо барои фаъолиятҳои мусулмононро пешниҳод накардааст. Вай танҳо ифротгарої ва ақидаҳои динии радикалиро омили рушди терроризму экстремизм ҳисобидааст, ки дуруст аст. Масалан, ҳамин ақидаҳои ифротию радикалии фаъолони ТТЭ ҲНИ буд, ки солҳои навадум дар кишвари мо терроризм ба миён омад ва ҷанги дохилї сар заду боиси кушта шудани ҳазорон нафар гардид.  

         Сайидюнус ақидаҳои  рўзноманигори рус Максим Шевченкоро, ки дар кадом як конфронси номаълуме баён кардааст, мисол меорад.   Наҳзатиҳо танҳо ҳамин Шевченкоро доранд ва ҳамеша аз вай истифода мекунанд. Маълум аст, ки байни ТТЭ ҲНИ ва Шевченко чи муносибату муомилаи ифлосе буда метавонад. Шевченко барои Сайидюнусу ҳаммаслаконаш «рўзноманигори маъруф» аст. Аммо барои мардуми Тоҷикистон ақидаҳои пучу бесос ва бо терроризм олудаи вай даркор нест. Ғайр аз ин, бояд барои худи Шевченко дастгирї кардани як ташкилоти террористї шармандагї бошад. ТТЭ ҲНИ барои ҷиноятҳо ва амалҳои террористии анҷомдодааш, ки комилан исбот шудаанд, мамнуъ ва ташкилоти террористї эълон шудааст. Дигар дар Миянмару Ирландия ва манотиқи дигари ҷаҳон чи мегузарад, ба ин дахл надорад. Сафсата будани суханони Шевченкоро алакай вақт исбот кардааст. Зеро маҳз баъди мамнуъ гардидани ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон вазъияти орому хубе барои пешрафти минбаъда ба миён омад. Мардуми мо имрўз ба корҳои созандагї машғул аст, масалан чархаи аввали НБО Роғун ба кор андохта шуд. Рафтани ҷавонони гумроҳ ҳам ба Сурияву Ироқ ва пайвастани онҳо ба ДИИШ хеле кам шудааст. Яъне ҳамин ТТЭ ҲНИ буд, ки ҷавононро гумроҳ мекарду барои пайвастан ба ташкилотҳои террористию экстремистї таҳрик медод. 

2) Сайидюнус назарсанҷиҳо ва навиштаҳои матбуоти ғарбиро, ки дар хусуси аз Ислом ноогоҳ будани нафарони ба ДИИШ пайваста ҳастанд,  ба тарзи барои худ манфиатнок шарҳ медиҳад ва онҳоро дар муқобили Тоҷикистон истифода карданї мешавад. Аммо дар Тоҷикистон тамоми шароит барои огоҳ будан аз дин ва иҷрои он, гирифтани таълимоти динї мавҷуд аст. Тамоми масоҷиду муассисаҳои динї, таълимгоҳои динї фаъоланд ва ҳазорон нафар бемамониат аз онҳо истифода мебаранд. Лекин Сайидюнус бояд дини аслиро бо идеологияи ифротгароёнаи наҳзатиҳо омезиш надиҳад. Давлат вазифадор аст, ки пеши роҳи ақидаҳои хатарнокро гирад. Муассисаҳои динї, масҷидҳо, таълимгоҳҳои динї бояд танҳо дар доираи қонун амал кунанд ва танзим шаванд. Дар дилхоҳ кишвари дунё чунин аст. 

         Вазъияти Тоҷикистон аз Аврупо фарқ дорад ва инро бояд ба инобат гирифт. Сайидюнус ба назарсанҷиҳои ғарбї такя мекунад, аммо онҳо вобаста ба шароиту вазъи Ғарб доир шудаанд. Аммо назарсанҷиҳою омўзишҳо дар Тоҷикистон ва далелҳои зиёд шаҳодат аз он медиҳанд, ки сабаби ба ДИИШ ва дигар ташкилотҳои террористию экстремистї пайвастани як қисми шаҳрвандони кишварамон маҳз фаъолияти тахрибкорона ва таблиғоти наҳзатиҳо мебошад.

3) Сайидюнус аз исломҳаросї сухан мегўяд ва фаъолиятҳои ашхосу ташкилотҳоеро ки бо Тоҷикистон ягон рабте надоранд, мисол меорад.  Амо дар асл, худи Сайидюнус исломҳарос аст. Агар чунин намебуд, бо диндории худ бозї намекард ва ба хотири манфиати молї мазҳаби худро намефурухт. 

         Аз тарафи Сайидюнус мисол овардани Сталину ҷангҳои ҷаҳонї, Ҷопону Амрико ва ғайра ба ин мавзуъ дахл надорад. Ин ҷо гап сари он меравад, ки маҳз ақидаҳои радикалї боиси густариши терроризму экстремизм мегарданд. Масалан, ҳамин ақидаҳои Сайидюнус агар пешгирї нашаванд, боиси густариши терроризм мегарданд.

         Диловари Хуршед,

         таҳлилгар


Вернуться назад