Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Пиари сиёҳи Кабирӣ аз бемории Иброҳими чорсола
Пиари сиёҳи Кабирӣ аз бемории Иброҳими чорсола24-07-2018, 11:10. Разместил: admin |
Дар деҳаамон мӯйсафеде буд ва ҳар гапу коре боиси тааҷҷубаш мегашт, ҳамон лаҳза мегуфт: «Бобо намурд, дар ин зиндагӣ ҳамаи балоро дид». Чун ҷавонтар будам, ба умқи ин сухан намерасидам. Ҳикмати баландашро тадриҷан дарк карда истодаам. Чанд рӯз пеш Кабирӣ бо истифодаи таҷрибаи пирони наҳзатиаш ва роҳнамоии хоҷагони маънавиаш мехост боз ҷамъе равшанфикрони тоҷики дар хориҷ қарордоштаро бо баҳои чанд динору риёли барояш додаи дигарон бихараду мисли солҳои 90-ум қурбонии нақшаҳои ҳизби террористиаш созад. Аммо тираш хок хӯрд. Ҷамъомаде, ки гирд овард, амалан ба ҷаласаи хонаводагиаш табдил ёфт. Пеши онҳое, ки кафолати сохтани ИНОТ-и навро барояшон дода буд, шарманда шуду назди охундҳои шиа, ки ин ҳама маблағро барои ин маърака ҷудо карда буд (барои ташкили кору иҷораи толору роҳхарҷии ба гуфти худашон 300 нафар даъватшуда ва маблағи меҳмонхонаҳои зисти онҳо ва хӯрду хӯрокашон бо кисапулию монанди инҳо) қарздор. Акнун, ки корҳо барор нагирифт, роҳҳои дигари нишон додани худро пеш гирифт. Роҳҳои қаблан озмудашударо. Масалан, моҳи январи соли 2016 падари 95-солааш (таваҷҷуҳ кунед – 95 сол, умре ки танҳо чанд фоизи кӯчаки насли инсонӣ мебинад ва муҷиби ҳасадхӯрист) бо дарди илоҳӣ даргузашт. Кабирӣ аз он ҳангомае бардошт, ки гӯё қиёмат қойим шуда: «ӯро Ҳукумат намонд хориҷа раваду ҳамин сабаби маргаш шуд». Хоҷагонаш ба ин муносибат хеле дастгири маънавию молиявиаш карданд. Худро нобино ҳам вонамуд карданд. Гӯё намедонистанд, ки ин шахс (манзур Кабирӣ) вақте модараш – кампири Сочак дар бистари беморӣ нафасҳои вопасини худро мекашид, на гуреза буду не таъқиб мешуд. Вакили парлумон буд. Аммо ширкат дар як конфронси муқаррарии бунёди Карнегиро аз паҳлуи модари бемор волотар донист ва ҳатто дар ҷанозааш ба таври телефонӣ (методи нави ҷанозахонӣ, ки метавон онро ҳамчун кашфиёти Кабирӣ ба қайд гирифт) иштирок кард. Акнун дигар чун ҳама роҳҳо тамом шуданд, чун дид ягон таваҷҷуҳи ҷиддие нисбати «ҷасади беҷони сиёсиаш» ва ҳизби мурдааш эҳсос намегардад, тифли бемор – набераи чорсолааш Иброҳимро ба майдони сиёсатҳои ҳарроми худу хоҷагонаш кашид. Ҳеҷ инсони солим аз бемории шахси дигар, хосатан агар тифли маъсуме бошад, хурсанд намешавад. Зеро ҳар касе, ки фарзанду дилбанде дар ҳаёт дорад, не барои худу на барои дигарон, ҳатто барои душмани худ бадиро намеписандад. Вале ҳангомае, ки Кабирӣ ва 3-4 рӯзноманигори лошахӯр аз бемории Иброҳими чорсола барангехтанӣ ҳастанд, тамоми сиёҳии тиннату қалби касифи онҳоро рӯйи об баровард. Одами бафаҳм дарк мекунад, ки онҳо барои ин тифли бегуноҳ хизмати хирсонае карда истодаанд. Ҳатто аз бемории наберааш Кабирӣ имтиёзи сиёсӣ гирифтанист. Чуноне, ки дар ҷанозаи модараш бо телефон занг заду нутқи сиёсие анҷом дод ва тӯдае бесаводу содалавҳ бовараш карданд. Акнун бозии наваш бо истифода аз бемории набера низ ончунон баъзе журналистони зудбовару эҳсосотиро тасхир кард, ки ҳамоно дар сомонаи Change.org худро ба оғӯши Кабирӣ партофтанд. Шояд баъзе хонандаҳо маро сангдилу нисбати сарнавишти Иброҳими чорсола бетафовут хонанд. Аммо чунин нест. Ман ба ин қазия аз даричаи назарҳои Кабирӣ менигарам. Биёед ҳар кас худ қазоват кунад. Бемории Иброҳим имрӯзу дирӯз пайдо нашудааст. Зимни суҳбате, ки нависандаи ин сатрҳо бо табиби муолиҷавӣ Каримова Малика дошт, Иброҳим ҳанӯз дар моҳи феврали соли ҷорӣ, яъне панҷ моҳ пеш, дар шуъбаи урологияи кӯдаконаи беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ шуда буд. Аллакай ҳамон замон бемории ӯ ташхис гардида ва мавриди муолиҷа ҳам қарор гирифта буд. Муайян шуда буд, ки кӯдак ба бемории саратони ҷанин (эмбриональная карцинома) гирифтор аст. Дар ин муддат, модари тифл ва дигар наздикони ӯ ба ягон мақоми масъуд дар хусуси бурдани ӯ барои муолиҷа расман муроҷиат накардаанд. Кабирӣ низ то дирӯз хомӯш буд. Такроран менависам, тифл аз моҳи феврал бемор буд. Ӯ дар пайу суроғаш набуд. Думболи ташкилу гузаронидани ҷамъомади террористонаш ва сохтани эътилофи дурӯғинаш таку дав дошт. Чун бо шикаст мувоҷеҳ шуд, якбора набераи бемораш ба ёдаш расид. Он ҳам ба хотири гунаҳгор кардани ҳукумати Тоҷикистон хамчун сабаби бемории Иброҳим. Аҷабо…, ин тифлаки ҳанӯз аз дарки дунё бехабар аз куҷо медониста бошад, ки бобои ғуломи нафсаш масти долларҳои хориҷисту ба кайфу сафо машғул. Ва ҳатто дарди ӯро барои ҷалб кардани диққати хориҷиҳо ба шахсияти худаш истифода мебарад. Чуноне, ки марги падарашро истифода бурд. Ин сиёсатмадори террорист, айёру маккор медонад, ки кӯдаки маъсум дучори дарди бедавост, лекин хабари бемории ӯро тавре суистифода мекунад, тавре ҳангома мекунад, ки ҳисси тоҷики содалавҳу зудбоварро ба туғён дарорад, нафрати ӯро нисбати мақомоти интизомии кишвар бедор кунад. Ӯ парвои Иброҳими чорсола надорад. Гап танҳо сари ПИАР меравад. Пиари сиёҳи Кабирӣ. Яъне, тифлаки маъсум ва дарди ӯ бояд ба хотири нигаҳдории номи Кабирӣ дар сархати расонаҳои иттилоотии моҷароҷӯ хизмат кунанд. Беномусӣ, бефаросатии Кабирист, ки ҳатто бо беморию вафоти пайвандони хонадонаш аз диди сиёсӣ менигарад. Хешро роҳбари ташкилоти сиёсии исломӣ медонаду қазову қадарро инкор месозад. Шояд ҳамаи ин ҷазои қисмат бар худи ӯст? Чаро Кабирии наҳзатӣ, ки пайваста дар роҳи дин худро содиқу бовафо таъриф мекунад, ҳамаи инро дар худ намебинаду дар дигарон меҷӯяд? Аз ин бармеояд, ки ҳатто эътиқодаш ҳам бофтаю сохта аст. Боз ҳамон сухани муйсафед: «намурдем ҳамаи балоро дидем». Ҳайфи чунин инсон. Ва ҳайфи чунин ашхосе, ки ба чунин иғвоангезон бовар мекунанду нимкосаи таги косаро надида, садо баланд мекунанд. Содагӣ ва гумроҳии иддае аз нафарони миллат, ки худро зиёӣ мегиранд, маълум шуд. Ба гуфти Кӯри Юнус (Истаравшанӣ), ба як кайк ва ҳанноти сиёсӣ бовар карданд. Сад дареғи ин миллат, ки худро куҳанбунёд ном мебарад. Ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 аз як овозаи қозӣ Қаҳҳор Акбар, ки «Арманиҳо омаданд, хонаҳои Душанберо гирифтанд», сар шуда буд. Дар натиҷа 21 кас кушта, Душанбе валангор гашт. Дод аз дасти ақл! Довуд Исматӣ, рӯзноманигор
Сарчашма: https://www.facebook.com/groups/154039488536768/permalink/244053269535389/ Вернуться назад |