Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Шабнам Худойдодова воҳима мекунад
Главная > Хабар > Шабнам Худойдодова воҳима мекунад

Шабнам Худойдодова воҳима мекунад


3-12-2018, 18:38. Разместил: admin

Дар сомонаи «Кимиёи саодат» Шабнам Худойдодова мусоҳиба дода,  ба иборае худро мухолифи сиёсӣ нею, ҳомии ҳуқуқи инсон хондааст. Ин як фиреби назар аст, ба чанд далел:

<!--[if !supportLists]-->1.   Сараввал, тақдири модари тоҷикро дар бозиҳои сиёсӣ омехта  карданд, худ аз олудагии  ахлоқии ин фард шаҳодат медиҳад. Ш.Худойдодова касе ба модари туву дигарон кор надорад. Қонунгузор ҷавобгарии фардиро мушаххас кардааст ва ҳар шахс барои ҷурму ҷинояти содиркардаи худ ҷавобгар мебошад, На каму на беш.

<!--[if !supportLists]-->2.   Масъалаи Фотима духтари Ш.Худойдодова бошад, мисли тақдири ҳар як тифли тоҷик ҳаргиз барои ҷомеа бетафовут набуд ва намебошад. Фақат бо таваҷҷуҳ ба он ки омили инсонрабоӣ ва қудакфурӯшӣ дар ҷаҳон роиҷ гаштааст, марҳилаи ҳуқуқии фиристодани ин кӯдаки маъсум ба таъхир гузошта шуд. Наметавон кӯдаконро, ки ҳуқуқашонро Худойдодова гӯй дар мадди назар дорад, бе назорати волидайн ба хориҷа фиристод.

<!--[if !supportLists]-->3.   Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, гувоҳнома ва дигар асноди даркорӣ барои фиристодани кӯдакон, тақозо карда мешавад ва ин раванд ба ҳам дахл дорад, то қудакрабоӣ сари вақт пешгирӣ шавад. Бинобар, он ки дар хориҷа нисбат ба ҳуқуқи кӯдакон беҳурматӣ сурат гирифтааст, Россия дар қонунгузории худ ҳатто ҳолати писархонд/духтархондиро пурзӯр кардааст.

<!--[if !supportLists]-->4.   Бармегардем, ба корҳои ҳуқуқшиносии Шабнам  Худойдодова. Ташхиси навиштаҳои ӯ нишон медиҳад, ки аз ҳуқуқу сиёсат бӯ намебарад. Маълум аст, ки бо тавсияи «язнамулло»-и амрикоӣ ба ин корҳо даст задааст ва  мехоҳад бо ин роҳ манфиати  миллиро туъмаи аҷнабӣ гардонад. Заминаи рафтанро ба он сӯйи уқёнус ҳамчун муборизи оштинопазир муҳайё созад.               

<!--[if !supportLists]-->5.   Тактикаи чеҳрасозии Ш.Худойдодова кӯхна шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз худ ҷабрдида сохтан ва худро Малёлай вонамуд кардан, пайомади хуб надорад.  Сараввал, барои он ки ин мулк соҳиб дорад ва ин ҳилаҳо дигар намегузарад.

<!--[if !supportLists]-->6.   Агар ҳуқуқи инсон барои мафтуниҳои наҳзат танҳо кӯдакҳои авлоди онҳо маҳсуб мешавад, ҷониби Ҳукумат ба сарнавишти ҳамаи атфол фикр мекунад.

 Дар ин сиёсат, эмин мондани зеҳни кӯдакон аз афсонабофҳои наҳзат ва аловандозҳои онҳо, ба мисли Худойдодова, амали сарвақтӣ мебошад. 

 Шумоҳо торикфикрон пойбанди арзишҳои наҳзатӣ ва сарихонхӯри муллоҳои сиёсатзада мебошед. Равшанфикрҳои торикфикр дар дили Олами кӯҳан ҷой гирифта, боз ҳамон наҳзатро ҳимоя мекунанд. Аврупо чанд қарн аст аз ин ақибимондагӣ раҳо ёфтааст, шумо бошед ҳатто Оксфорду Сорбоннро ҳам хатм кунед, боз аз думи ҳамин муллоҳои ифротӣ меравед. Аҷаб. 

Охирон ҳушдори чинӣ бошад, ба ту Шабнам ин кӣ: таҳқир дар мусоҳиба накун, оқибати он  ҳатман ба ту асар хоҳад кард.

Мо тоҷикон дили васеъ ва диди васеъ дорем, ҳарчанд ба гуфти мардаки дарвозӣ, домод дар пеши мо ба масобаи х.. мебошад.

 

Афсар Сармадов, таҳлилгар.      


Вернуться назад