Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд8-12-2018, 19:29. Разместил: admin |
Баъд аз фош гардидани ҷинояткорию терроризми ТТЭ ҲНИ якчанд нафар роҳбарону масъулони он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурдаанд. Аммо бо вуҷуди ошкор гардидани мақсаду мароми бадхоҳонаашон, аз самти фаъолияти тахрибкорона ва душманӣ варзидан бо ватану миллати худ даст накашидаанд. Аз ҳар фурсату имконияте истифода бурда, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро бадном карданӣ мешаванд. Ташкил кардани гирдиҳамоӣ дар шаҳри Берлини Олмон амали навбатии иғвогаронаи наҳзатиҳост, ки аз номи ташкилоти ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” анҷом медиҳанд. Дар асл, ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон ягон хел зиндонии сиёсӣ мавҷуд нест. Он маҳбусонеро, ки наҳзатиҳо “зиндонии сиёсӣ” меҳисобанд, ҷинояткорон мебошанд ва баъди исботи гуноҳҳояшон мӯҳлати ҷазои худро адо мекунанд. Аммо мақсади асосии ташкили гирдиҳамоии наҳзатиҳо он аст, ки худро дар назди ташкилотҳои аврупоӣ ҷабрдидаю бечора нишон диҳанд. Дар назди чунин созмонҳо нишон диҳанд, ки гӯё мавриди таъқибот барои фаъолияти сиёсиашон қарор гирифтаанд, то аз Олмон хориҷашон накунанд. Аммо дер нест он рӯзе ки олмониҳо ва дигар аврупоиҳо ҳам аз мақсаду маром ва нақшаҳои хабисонаи наҳзатиҳо хубтар огоҳ мегардаднд. Он гоҳ аҳволи ин ҷинояткорони хоини ватан табоҳ хоҳад шуд.Мақомоти Олмон ва кишварҳои дигари Аврупоро зарур аст, ки хатари ин гуруҳи табоҳкорро дурусттар дарк намоянд ва барои дастгир кардану ба ҷавобгарӣ кашиданашон мусоидат намоянд. Дар акси ҳол як рӯз не як рӯз дар Аврупо ҳам бадии наҳзатиҳо ба мардум мерасад. Мутмаин ҳастем, ки кулли тоҷикистониҳо бо чеҳраи аслии ТТЭ ҲНИ шиносанд ва ҳаргиз ба ҷамъомади ҷинояткоронаи онҳо намепайванданд.
Вернуться назад |