Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ8-12-2018, 22:58. Разместил: admin |
Сарлавҳаи навбатиро барои инъикоси муфтхӯрӣ ва таассубзадагии наҳзатиён аз асари Устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ гирифтем. Устод бо ин ислоҳи ҳадафманд муфтхӯр ва табақаи муфтхӯронро тасвир кардааст. Наҳзат дар кишвар ба истилоҳи ифодагари қишри ақибзада, динзада, суннатзада, вопасгаро, таассубӣ, хурофотпараст, ҷаҳолатпеша, ҳаётситез, одамбадбин, бунёдгаро ва ба сурати муштарак боздоранда ва ё барои оммафаҳм шудан тормози ҷомеа мебошад. Ду дафъа дар таърихи асри 20 ва 21 ин ҳизби қафомонда ва ҷелакдӯстдор, миллатро ба ақиб тела мезанад. Имрӯз, 07-уми декабри соли 2018 рӯзи таърихӣ аст ба тарафдорони дунявимадори тоҷик. Нахустин бор чопхонаи 3 Д (принтери 3Д) ба Душанбе оварда шуд, ки қобили чопи маҳсулоти майда ва калонро дорад. Ҳатто мошинро ҳам истеҳсол мекунад. Агар наҳзатиҳо ва иттифоқчиёни таърихиашон босмачиҳо мебуданд, яқин дорем, онро моли куфру илҳод мепиндоштанд ва истифодаи онро музир барои инсон мехонданд. Чун велосипедро шайтонаро ба хонда буданд. Баргардем, ба масъалаи муфтхӯрии наҳзатиҳо, ки шартан ангали наҳзатӣ ном бурда мешавад. Ин тоифа суннати мутфхӯриро дар ҷомеаи тоҷик ривоҷ доданд. Сари хони мардум чун гиенаҳои ваҳшӣ метохтанд ва онро ғорат мекарданд. Усули ғоратгарӣ аз деҳот оғоз меёфт, чун ки онҳо гумон доштанд, ки дар он ҷо дур аз назари мақомот мемонанд. Охир тоҷикро ба «Ихвон-ул-муслимин» чӣ умумият ҳаст, ки наҳзатиҳо амали Саид Қутбро бо Ҳасани Банно дар ҷомеаи дунявиасоси шуравӣ бунёд карданд. Ҷавононеро, ки дар ҳалқаи таълимоти Имоми Аъзам намоз мехонданд, такони сиёсӣ доданд, пӯшиши хатаронки илми «ҷиҳод»-ро ба онҳо омӯхтанд. Чанд далеле аст, ки наҳзатиҳои вопасгаро дар ҳаққи ин миллат ҷафо карданд, зеро:
Ҳамин тариқ, наҳзат ба истилоҳи имрӯза навбосмачиҳои имонфурӯш дар хориҷ аст. Сари митингбозиҳои ин тоифа боз бармегардем. Фирӯзи Қаҳрамон, коршинос ва имондори сохти дунявӣ, махсус барои «Кимиёи саодат» «Паём.нет» Вернуться назад |