Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН10-12-2018, 20:56. Разместил: admin |
Мо, тоҷикони муқими Эрон, аз васоити ахбори омма дарёфтем, ки якчанд нафар роҳбарону фаъолони ташкилоти террористӣ– экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ гирдиҳамоие дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин ташкил кардаанд. Гарчанде ки амалҳои худро зери пушиши созмони ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” анҷом медиҳанд, аммо дар асл ҳамон “наҳзатиҳо” ва “кабирисифатҳо”-и қадимианд, ки террорист шинохта шудаанд.
Онҳо як бор ҳамин гуна гирдиҳамоиҳоро соли 1992 ташкил карда буданд ва натиҷааш он шуд, ки дар кишварамон ҷанги дохилӣ сар заду боиси кушта шудани зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандон ва бехонумон гардидани ҳазорон нафар гардид. Ҳамааш аз ҳамин гирдиҳамоии разилони наҳзатӣ сар шуда буд. Аввал як қисми мардумро бо роҳи таблиғотии ифротгароёнаашон гумроҳ карда, дар майдон ҷамъ оварданд. Баъд ба даст аслиҳа гирифтанду ба қатлу террор ва ғоратгарӣ даст заданд. Мехостанд бо роҳи зурӣ ҳокимияти сиёсиро ба даст оранду тибқи дастури хоҷагони хориҷиашон сохти давлатдории кишварамонро тағйир диҳанд. Яъне мехостанд озодии мардумро ба ғуломӣ, дунявияту демократияро ба зулмоту истибдод иваз намоянд. Ҳар касе ақидаи ба онҳо мухолиф дошт, мавриди таъқибу фишор қарор медоданд ва нобудаш мекарданд.
Аммо неруи аҳримании наҳзатӣ он замон рӯҳияи озодихоҳӣ ва тараққиписандии мардуми огоҳи кишварамонро шикаста натавонист. Беҳтарин фарзандони бо нангу номуси миллатамон бар зидди ин душманони бадхоҳ ба мубориза бархостанд. Мардум дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардид ва оқибат дар мубориза бар душманони наҳзатӣ ва хоҷагони онҳо ғолиб омад.
Имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ҳукмфармост ва ҳама сокинон бо рӯҳияи баланди созандагӣ барои ободтар кардани ватани худ ва беҳтар сохтани зиндагӣ заҳмат мекашанд. Маҳз баъди заиф гардидани ТТЭ ҲНИ ва аз саҳнаи сиёсӣ дур шудани он шароити мувофиқ барои пешрафту тараққии кишварамон ба миён омад.
Аммо наҳзатиҳо пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд. Сиёҳдилию бадхоҳии онҳо аз навиштаҳояшон, ки дар расонаҳои ифротии худ паҳн мекунанд, баръало маълум аст. Бо ташкили гирдиҳамоӣ мақсад доранд, ки номи кишварамонро бадном кунанд. Онҳо ба Ҳукумат туҳмат мекунанд, ки гӯё дар кишварамон зиндониёни сиёсӣ мавҷуд аст, лекин “зиндониёни сиёсӣ”-и мегуфтаи онҳо дар асл ҳамон ҷинояткорон ва «доиш»-иҳои наҳзатианд.
Айни замон мардуми Тоҷикистон ва аксарияти шаҳрвандони дар хориҷ буда дигар вазъиятро хуб медонанд ва аз мақсаду мароми бадхоҳонаи наҳзатиҳо огоҳанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои фаъолони назҳатӣ барои расидан ба мақсадҳои худ бо роҳи доир кардани гирдиҳамоӣ дар Берлин беҳудаанд. Ин гирдиҳамоӣ не, балки ҷамъомади хешовандону пайравони Кабирӣ ва чанд нафари аз ҷиҳати молиявӣ ба вай вобаста мебошад. Ҳар тоҷику тоҷикистоние, ки заррае Ватану миллаташро дӯст медорад, ҳаргиз ба ин ҷамъомади душманон ва бадхоҳони Тоҷикистон ҳамроҳ намегардад.
Аз ин лиҳоз, Ҷамъияти тоҷикони Эрон баргузории ин гирдиҳамоиро дар Берлин аз ҷониби тӯдаи «кабирисифатҳо»-и палид ва Ҳукумати Олмонро барои иҷозат додан ба ин чорабинӣ маҳкум менамояд ва муқобили сухан гуфтани онҳо аз номи тоҷикони обрӯманди Аврупо мебошад. Инчунин, аз тамоми тоҷикистониёни муқими Олмон даъват карда мешавад, то ба кирдорҳои иғвоангези ин тӯдаи нобакор фирефта нашаванд ва пайрави Пешвои муаззами миллат бошанд.
ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН 10 декабри 2018 Вернуться назад |