Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Давлат Худоназаров: Вақте ки забонатро мебуранд
Давлат Худоназаров: Вақте ки забонатро мебуранд18-09-2019, 15:54. Разместил: admin |
Давлат Худоназаров: Вақте ки забонатро мебуранд
Хиёбони шаҳрошӯби «Проспект мира» дар шаҳри Маскав ҷои суҳбат бо Давлат Худоназаров буд. Аз тирезаи ошхонае, ки мо рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифта будем, метрои ҳамноми ин кӯча чун дар кафи даст метофт. Селаи мардуми мусулмони тоқию саллабасар фаввораи аз зери замин берунзадаро ба хотир меовард. Қатори полис аз фишори мавҷи села худро ба канор мегирифт. Мардуми мусулмон сӯи масҷиди ҷомеъ, ки дар ин минтақа қарор дошт, ба намози ҷуъма мешитобиданд. Кӣ ҳастем ва аз куҷоем? — Давлат Назарович, мардум шуморо ҳамчун коргардон мешиносанд ва маъруфиятатон низ дар заминаи ҳамин касб ба миён омадааст. Аммо чанд соли охир рӯй ба таърихнигорӣ оварданатон самти навест дар фаъолияти шумо, ки барои ҳаводоронатон ғайриинтизор буд. — Барои касоне, ки аз риштаи эҷоди ман бохабаранд, ин иқдом ғайриинтизор нест. Дар синамо ман коргардониро аз филмҳои таърихӣ оғоз кардам. Ҳоло ба таҳқиқи таърих машғулам. Мавзӯи ман «Русҳо дар замони инқилоб ва пас аз он дар Тоҷикистон» аст, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳам қарор дошт. Аввалан, муносиботи тоҷикону русҳо бароям мароқангез буд. Ибтидои соли 80-и асри гузашта дар бораи ташкилёбии Тоҷикистони шӯравӣ филми таърихии мустанад ба навор гирифтам. Барои эҷоди ин филм, ки “Тавлид” ном дорад, 25 сол мавод ҷамъ кардам. Он дар бораи Тоҷикистон то соли 1929 аст. Филми охиринам дар бораи Лоҳутӣ низ таърихӣ буд. -Ҷолибияти таърихдар чист,омӯзиши он бароятон чӣ медиҳад? -Таърих ҳамеша бароям ҷолиб буд ва мемонад.Мехоҳам донам, ки мо кӣ ҳастем, аз куҷоем ва айни замон дар куҷо қарор дорем ва куҷо равонем. Пеш кӣ будем,баъд кӣ шудем. Вақте ки ман бо ҷавонон вомехӯрам, аз онҳо мепурсам: падаратон кист,падари падаратон кист, бобо ва бобокалонатон кистанд? Яъне, ин худшиносонист. Бинобар ин, ман ба навиштани мақолаю китобҳои таърихӣ рӯй овардам. — Воқеан таърих мактаб, сарчашма, дирӯзест, ки имрӯз аз он ғизо мегирад. Аммо фурӯ рафтан ба он магар чароғи дидгоҳи шуморо ба оянда хира намесозад? -Не. Оянда хеле маҳдуд аст. Аз гузашта қарздорем. Кушодани чеҳраи дирӯзиён раҳнамоӣ барои ояндагон аст. -Ин як гапест мубҳам. Воқеоти имрӯз нигоҳи дигарро тақозо дорад. — Магар Лоҳутӣ мубҳам аст? Лоҳутиро ранҷониданд, беватан карданд, гирёнданд, аламашро оварданд. Кушодани чеҳраҳои таърихӣ барои насли оянда зарур аст. Ҳақиқатро гуфтан лозим аст. Лоҳутӣ ниҳоли фарҳанги тоҷикро шинонд, парвариш кард. Фақат ҳайкалашро мондан кам аст. Ӯ кӣ буд ва баъдан тақдири ӯ чӣ шуд, барои ман ин муҳим нест. Аз мактаби Айнӣ то панди модаркалон — Дуруст аст, ки таърих омӯзанда аст ва моро водор месозад, ки ба имрӯзу фардои худ ба тарзи дигар назар андозем. Аз нигоҳи шумо, омӯхтани кадом қисмати таърихи тоҷикон барои мо муҳим аст? — Ҳамааш. Аз ҷумла, шаҳрҳои бостонии мо. Барои он ки ҳиссиёти миллиро дифоъ кунӣ, аввал бояд дар вуҷудат ҳисси миллӣ бошад. Ибтидои асри бист вуҷуди бештари мардуми шаҳрнишини мо аз эҳсоси миллӣ холӣ гашта буд. Бинобар ин, ба ҳар тараф, ба ҳар маҷро бурдани онҳо осон гашт.Бубинед, дар вақташ барои Рӯдакӣ муҳим забон буд. Аммо дар замони Айнӣ не. Айнӣ инро дуруст сарфаҳм рафт. “Ғуломон” -ро ба забони дигар навиштанаш ҳам аз ҳамин сарчашма мегирад. -Чӣ гуна? -Чунки як тараф, тарафи дигарро аз нигоҳи мавқеи сиёсӣ мехост несту нобуд кунад. Соли 1830 як шотландӣ ба шимоли имрӯзаи Афғонистон меояд. Ишкошимиҳо ба ӯ роҳбалад мешаванд. Шотландӣ аз онҳо мепурсад: шумо кистед? Дар посух ишкошимиҳо мегӯянд: мо тоҷикем. 30 сол баъд як англисӣ дигар омад, дигарон ба ӯ роҳнамо шуданд. Аз онҳо пурсид: кистед?Дар ҷавоб онҳо низ мо тоҷикем гуфтанд. Аммо ман 51 сол пеш,соли 1968 дар Кобул чанде аз мардумро пурсон шудам, ягон тоҷикро наёфтам. Яъне, таъсири муҳит бисёр муҳим аст. Муҳит чунин буд, ки ягон кас худро тоҷик намегуфт. Ман қабл аз омадани шумо дар ин ҷо бо хонуми муҳаққиқе суҳбат доштам ва ба ӯ китоберо додам. Китоб дар бораи тоҷикон аст. Муаллифи он А. Бобринский охири аср XIX ва ибтидои асри XX ба воситаи Самарқанд ва роҳи Зарафшон то Помир омадааст. Китоб чунин ном дорад:. “Горцы верховьев Пянджа”. Муаллиф дар ҳама саҳифаҳои китоб аз тоҷикон ва тоҷик будани мардум сухан мекунад. Ҳатто, аввалин русе, ки соли 1883 ба Шуғнон,Бартанг омада буд, мардуми ин минтақаро бо номи тоҷикон ёдовар мешавад. Ҳол он ки дар ҳамон вақт ин заминро афғонҳо забт карда буданд. Ин афғонҳо киҳо буданд? Онҳо тоҷикони Афғонистон буданд. Ин одамон аз таърих тасаввурот надоштанд, аммо худшиносиашон тоҷикона буд. Дар ин бора шоҳидон ҳастанд: русҳо ва англисҳо. Вақте ки Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1923 ба Тошканд барои китоби дарсӣ омад, ба ӯ гуфтанд, ки тоҷик гуфтанӣ гап нест. Ягон китоб ҳам нест. Чаро нест? Чунки тоҷик худаш нест. Ин тақозои муҳит буд. Аммо Шириншоҳ, ки дар вуҷудаш ҳисси миллӣ дошт, тобеи ин муҳит нагашт. Як лаҳзаи кӯдакиам нағз дар хотирам мондааст. Шашсола будам, ба мактаб рафтам, ҳама ба тоҷикӣ гап мезаданд. Ба хона, ки омадам,аз модаркалонам пурсидам: — Мо кистем? — Мо тоҷикем, -гуфт модаркалонам. Ба он тарафи дарёи Панҷ нигариста, боз пурсидам:- Онҳо кистанд? -Онҳо бадахиҳостанд. Яъне, тоҷикони Бадахшон. Мисли панҷшериҳо, ки тоҷиконанд. — Пас мардуми Сталинобод кистанд? -боз пурсидам. — Онҳо шаҳриянд,- гуфт дар ҷавоб. Нақли модаркалонамро боре ба устод Сотим Улуғзода ҳикоят кардам. Он кас хандиданд ва гуфтанд, ки ин гап рост аст, модари ман ҳам мегуфтанд “Ман шаҳриям”. Ман ин суханонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Мо кистем ва маънии Бадахшон чист? -Шумо кистед?Дар мусоҳибаи худ ба журналисти рус ки, таҳти унвони “Ман тоҷикам” нашр шудааст, изҳор намудед, ки тоҷикед. Аммо ҳастанд одамоне, ки мегӯянд, ки ин сухани Давлат Худоназаров нест, бофтаю сохта аст. -Миллати ман тоҷик аст, гузаштагонам низ тоҷиканд ва худро тоҷик мегуфтанд. Ҳоло ҳам шаҳриҳои ман худро помирӣ мегӯянд. Дар даврони кӯдакиям касе худро помирӣ намегуфт, мо тоҷикони помирем, ки бо забонҳои гуногуни хеш гуфтугӯ мекунем. Дар қадим дар тамоми Осиёи Марказӣ бо ин забонҳо гап мезаданд, аммо соҳибони онҳо аз ҷониби истилогарон маҳдуд ва забонашон ассимилатсия шуд. Донистани як нукта барои мо муҳим аст: мо тоҷикон қадимтарин мардуми ин диёр ҳастем. Дар гузашта бобоҳои мо бо забонҳои гуногун ҳарф мезаданд. Дар шимол забони хоразмӣ буд. Забони бобоии Ал- Берунӣ хоразмӣ буд. Туркӣ набуд, ба забони шуғнонӣ наздик буд. Поёнтар суғдӣ, бохтарӣ ва дигар забонҳо буданд. Дар ҳамаи ин минтақаҳо забонҳо эронӣ буданд. Эрониёни Шарқ. Агар ба “Шоҳнома” рӯй орем, маълум мешавад, ки Тӯрон замини Эрон аст. Баъд туркҳо марҳила ба марҳила омаданд. Барои мардуми Эрони Шарқӣ роҳи дигар набуд, ҷуз дар кӯҳҳо паноҳ бурдан. Дар натиҷа, забонҳои қадим гум шуданд. Фақат дар Кобул ва Тоҷикистон як қисми забонҳо боқӣ монданд. Забонҳои боқимонда барои кулли мардуми тоҷикзабон хеле муҳим буд. Пантуркистон мегуфтанд, ки миллате ба номи тоҷик дар Осиёи Миёна вуҷуд надорад. Инҳо форсзабонҳое ҳастанд, ки аз Эрон омадаанд. Ин ақида нодуруст аст. Мавҷуд будани забонҳои гуногун дар Бадахшону Яғноб исботи мардуми бумӣ будани тоҷикон дар Осиёи Марказист. — Як қисми мардуми вилоят худро бадахшонӣ мегӯянд. Ин луғат чӣ маънӣ дорад, пайдоишаш аз куҷост? — Луғати “Бадахшон” барои се-чор насли пеш аз ман луғати хуб набуд. Бадахӣ дар шуғнӣ маънии падарлаънат, ваҳширо дошт. Зеро мардуми аз Афғонистон омада, ки бо ин ном ёд мешуданд, болои мардуми маҳал бисёр зулм карданд. Як вақт вилояти Помир буд. Бобоҳои мо мегуфтанд, ки Помир ҷоест беҳаво, муҳитест дар он зиндагӣ кардан ғайриимкон аст. Ин аст маънои калимаи помир. Синонимаш сарад аст. Маънии калимаи сарад ҷой, муҳитест, ки дар он шароити зиндагӣ вуҷуд надорад. Аксари шуғнониҳо имрӯз худро помирӣ меноманд. Ман ба ин розӣ нестам. Онҳо бояд қаҳрамони миллат Шириншоҳ Шоҳтемурро ба хотир оваранд. Вай барои пойдории миллати тоҷик, Ҷумҳурии Тоҷикистонбисёр мубориза бурд. Ғалати таърих — Шумо қаблан дар барои сафари Шириншоҳ Шоҳтемур ба Тошканд, муҳити он солҳо сухан кардед. Инсафар бо чӣ анҷомид ва гуноҳи муҳит кию чӣ буд? — Он солҳо Шоҳтемур чанд муддат дар Тошканд монд. Дасти росташ Ниссормуҳаммади афғон, раҳнамояшон Дьяков Александр Михайлович ( Инқилобӣ, ҳиндушинос, аз рӯи ихтисос духтур, донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ ва немисӣ, аз соли 1925 наркоми тандурустии ҶАСС Тоҷикистон, солҳои 1928‒1931 дар Бюрои осиёиминагии КМ ЦК ВКП(б) фаъолият дошт) буд. Ҳоло бисёр касонро гунаҳгор мекунем, ки он солҳо миллати худро дигар менавиштанд. Ин ҷо айб ҳаст, аммо айби он касон нест. Тӯли чанд аср ҳукмрон туркҳо ва забони дарбор форсӣ (тоҷикӣ) буд. Онҳо забонро якбора буриданд, маҳв карданд. Ин ҳам сабаб дошт. Зеро зиёиён он солҳо дар Истанбул мактаб хонданд ва дар он ҷо пантуркист шуданд. Мумкин баъзеашон бо идеяи пантуркистӣ баргаштанд, аммо на онҳое, ки тоҷикзабон буданд. Шояд байнашон як-ду нафар чунин касон буданд. Пантуркистони сиёҳниз идеяҳои худро доштанд. Маҳз онҳо корро тезониданд. Афсарон, генералҳои турки ба асоратафтидаро русҳо ва армиянҳо ба Осиёи Миёна фиристоданд. Шумораи онҳо зиёд, чандсад нафар буд. Онҳо чунин муҳитро сохтанд. Ана, барои чӣ мо бояд ононеро, ки миллаташонро дигар навиштанд, гунаҳкор накунем. Ҳаст мафҳуми объективно виноват (гунаҳкори бегуноҳ Ш. Ҳ.). Зеро муҳит чунин буд ва дар чунин муҳит шахсро наметавон гунаҳкор сохт. Вақте ки забонатро мебуранд, он вақт дар фикри ҳимояи он мешавӣ, вале мебинӣ, ки аллакай дер шудааст. Агар ба ҷойи роҳбарони аблаҳи он замон роҳбарони оқилу доно мешуданд, як давлати дузабона месохтанд, мероси Бухорову Туркистонро тақсим намекарданд. Чунки ҳар як ӯзбеки домана хуни тоҷикӣ дорад. Ин хун дар ҷисмаш ва вуҷудаш ҷой гирифтааст. Шояд забонро намедонад, аммо қалбаш тоҷикист. Вай меросхӯри гузаштагон аст. Айни замон дар тоҷикони домана ҳам хуни туркиву ӯзбекӣ ҷой гирифтааст. Акнун магар ба онҳо арра мезанед? Бигзор, боҳам зиндагӣ кунанд, дасти мадад расонанд. Вақте ки Шавкат Мирзиёев, баъди сари Ислом Каримов, роҳбар шуд, марзҳоро кушод. Бубинед, мардуми ду кишвар чӣ қадар хушбахт буданд, ҳамдигарро ба оғӯш мегирифтанд. Чунки бо якдигар хешу таборанд. Гӯштро аз нохун ҷудо кардан намешавад. Ислоҳи ғалат дар Афғонистон -Имрӯз ҳамин вазъият дар Афғонистон аст. Солҳои зиёд ин кишвар ба ду забон -тоҷикӣ ва пашту ҳарф мезанад, забони тоҷикӣ забони давлатӣ буд. Ҳоло кӯшишҳои маҳдуд кардани он, ҳатто сарфи назар кардани он ҷой дорад. Роҳи ҳалли ин қазияи Афғонистон кадом аст? -Дар гузашта вазъият чунин набуд. Пули арабҳо, радикализм чунин кард. Ворид шудани аскарони шӯравӣ, болшевикони маснуъӣ низ ба ин сабабгор шуд. Ҳар кадоме айби худро дорад. Ҳоло сабабгор миллатгароии паштунист. Лекин пешрафти паштунҳо бе забони тоҷикӣ мушкил аст. Агар паштунҳои саҳроӣ сари қудрат оянд, ҳамаро несту нобуд мекунанд. Агар паштуҳои мутамаддин, каме дар сар ақлдошта оянд, мефаҳманд, ки миллати ин сарзамин афғонҳоянд. Афғон ин ҳам пашту, ҳам тоҷик, ҳам ӯзбек ва ҳам ҳазора аст. -Роҳи наҷотро дар чӣ мебинед? -Роҳи наҷот ҳоло қариб,ки нест. -Пас оқибат чӣ мешавад? -Ин задухӯрдҳо давом меёбад. Як вақте буд, ки метавонист сулҳ дар Афғонистон пойдор гардад. Он вақт агар Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико ба СММ кумак мекарданд, пешниҳодашро тарафдорӣ менамуданд, то ки Наҷибуллову муҷоҳиддин сари миз нишинанд ва ҳукумати муштарак созанд, вазъ тағйир меёфт. Аммо чунин нашуд, Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам якбора армияро баровард. -Магар ин амали Иттиҳоди Шӯравӣ ғалат буд? — Армияродароварданаш ғалат буд. Чунки замина барои даромадан набуд. Дар баровардани армия ҳам саросема шуд, боз ғалат кард. Албатта, ман тарафдори Наҷибуллоҳ набудам. Аммо ӯ қувват дошт, пашту буд, метавонист ҳамаро сари мизи музокирот нишинонад. -Андешае низ дар миён аст, то замоне ки ҳизбҳо дар Афғонистон пайдо нашуданд, дар ин кишвар оромӣ буд. Ҳатто ин фикрро устод Бурҳониддини Раббонӣ дар як мусоҳибаашон бо банда иброз намуда буданд. -Ҳизбҳо баъди сари қудрат омаданди коммунистҳо зиёд шуданд. Коммунистҳо ҳам аз бетаҳлилӣ дар гирди шоҳ парвона шуданд.Ҳизбиёни исломӣ пеш аз ворид шудани Армияи Шӯравӣ ба Афғонистон пайдо гаштанд. Баъд бо кумаки аҷнабиён фаъолияти онҳо авҷ гирифт. — Шояд хубтар мебуд, ки Афғонистон чун дар замони Зоиршоҳ боқӣ мемонд. -Хубтар мебуд,гуфтан мушкил аст. Шояд хубтар мебуд, ки Зоиршоҳ лаҷоми домодашро каме мекашид,ки бо мардум ваҳшиёна муносибат намекард! Мисли Николайи 2, ки фикри мардумро накард,барои бо силоҳ куштани мардум роҳ дод. Ӯ аз падараш таълим нагирифт, ки даврони ҳукмрониаш ба халқ беҳурматиро раво намедид. Дар замони падараш на ҷанг буд ва на Русия ба ягон давлат ҳуҷум кард. Падараш шахси ҷасур ва боқувват буд. Ленин худ ба худ пайдо нашуд. Вақте пайдо шуд, ки зулм ба сари мардум омад. Таърих як чизи яклухт аст, ки яке ба дигаре пайванд, яке дигареро сабабгор мешавад. Аз хурофотпарастӣ то исломи миллӣ — Оё вақти он нарасидааст, ки шумо дар Тоҷикистон мактаби киносозиро ба роҳ монед, аз дониши шумо ҷавонони соҳибистеъдод баҳравар гарданд? — Куҷостанд он ҷавонони соҳибистеъдод? Ман омода ҳастам ба онҳо дарс диҳам. Тоҷикистон кишвари кӯҳистон аст. Ҳамин кӯҳистон будан сабаби аз ҳамдигар камхабар будани мо гаштааст. Ман мақсад доштам, ки аз минтақаҳои гуногун яктогӣ шогирд тайёр кунам. Мехостам диди онҳоро дигар кунам. Филмҳое сохта шаванд, ки як минтақаро бо минтақаи дигар ба ҳам оварад. Филми дар бораи мардуми як минтақа эҷодгашта меҳру муҳаббати мардуми дигар минтақаро бедор кунад. Ин корро бояд ҳам ба воситаи телевизион, ҳам кино, ҳам матбуоту китобҳо, ҳам мактаб кунем. Ҳарчанд минтақаҳо гуногунанд, мардум бояд донанд, ки як миллат ҳастем ва як Тоҷикистон дорем. — Вале афсӯс, ки мардуми хурофотзада ба дарки ин маънӣ қодир нестанд. — Барои он ки бо роҳи хурофот нараванд, бояд барояшон роҳҳои дигар кушоед. Радикализм ислом нест. Барои ҳамин муҳим аст, ки исломи миллии тоҷикиро дифоъ кунем, ба роҳ монем. Зеро он ба фарҳанги мо наздик буд. Ҳозир тақлид. Нусхабардории анъанаҳо бегонагон, либоси бегона, ҳама чизи бегона. — Магар ба дин пӯшонидани ҷомаи миллӣ имконпазир аст? — Гузаштагони мо ҳамин корро карданд. Дар кӯҳистон чунин буд. Масҷид буд, мардум намоз мехонданд, ҳама чиз буд. Дин бояд ба сиёсат дахолат накунад, аз сиёсат дур бошад. Барои он ки мардум ба роҳи хурофот, ифротгаройӣ нараванд, ҳама роҳҳои дигарро барояшон бояд боз намуд. Дар иқтисодиёт, фарҳанг, соҳибкорӣ, сайёҳӣ. Ҳамаро имкон бояд дод, ки мардум инкишоф ёбанд, пеш раванд, ҳамқадами замон бошанд. Мардумро бояд чунон масруф, банд кард, ки ҳаракатҳои радикалӣ ҷое наёбанд, ки пояшонро монанд. Вақте ки мардум бекор, камбағал ҳастанд ба ҳар аблаҳӣ мераванд. Аз ноилоҷӣ мераванд. Ин бемории иҷтимоист. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам муҷоҳид буд. Муҷоҳид ин гуна бояд бошад. Аз ватанаш, аз миллаташ дифоъ кунад. Исломиҳои мо худро даҳ маротиба аз вай дида, муҷоҳидтар мегиранд. Ҳол он ки аз ислому аз дин хабари пурра надоранд, бесаводанд. Бо ҳамин ҳол мегӯянд, ки дар роҳи исломем. Аз ифтихорот то як сабақи деҳа — Бо он пастию баландиҳое, ки дидед, зиндагии худро чӣ гуна тасаввур мекунед? — Ду манзарае, ки дар як деҳаи Шуғнон дидам, бароям дарси ибрат аст. Хонае даромадам, дар даҳлез мӯйсафеде хоб карда буд. Зане аз хешонаш гуфт, ки амакиро нисфи баданаш кор намекунад, инсулт гирифт. Бо мӯйсафед саломуалейк кардам, ҳамсуҳбат шудам. Аз ҷавониаш нақл кард. Зимни суҳбат гуфт: Вақте ки шамол аз тарафи ростам меояд, ман онро ҳис мекунам, ба Худо шукр мегӯям, ки зинда ҳастам. Агар шамол аз дигар тараф меояд, онро ҳис намекунам. Шамоле, ки аз тарафи рост меояд, дӯсти ман аст… Ин бароям дарси бузург буд. Дарси дуюмро ҳам дар ҳамон деҳа гирифтам. Як хешамон собиқ котиби райком, депутат, узви КМ буд. Ӯ ба нафақа баромад. Бел дар даст, боғдорӣ мекард, устохона дошт, рубоб месохт. Ба вай нигоҳ мекунед, гӯё тамоми ҳаёташ боғбон буд. Шояд ҷавонон намедонистанд, ки ин мард як вақт ҳаёти дигар дошт. Аз зиндагиаш хуш аст, ҳеҷ эътирозе надошт. Ҳар чизе мепурсидам, ботамкин ҷавоб медод. Ҳамон ду нафар ба ман намуна буданд. Буд, гузашту рафт. Дар ботин зиёӣ буд. Дар ботин зиёӣ будан бисёр муҳим аст, на дар зоҳир. -Шумо аз тоҷик будан ифтихор мекунед? -Не. -Чаро? — Ман тоҷики табиӣ ҳастам, на тоҷики сунъӣ. Ҳатто бо номи Давлат Худоназар ифтихор надорам. -Сунъӣ, яъне чӣ? -Яъне, тоҷик набуду тоҷик шуд. -Пас, тоҷики асил ҳастед? -Ман аз модари тоҷик таваллуд шудаам. Ман ифтихор дорам, ки мо тоҷикҳо шоири бузургеро ба мисли Лоиқ Шералӣ дорем. Бо забони тоҷикӣ ва шеъраш ба қалбҳои мо равшанӣ ворид кард. Ин ифтихор аст! Мусоҳиба қабл аз фавти модари Давлат Худоназаров сурат гирифта буд. Шариф Ҳамдампур Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба Давлат Худоназаров нисбат ба фавти модараш изҳори тасаллият баён мекунанд. Вернуться назад |