Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Иғвоангезӣ бо услуби аҷнабӣ
Главная > Хабар > Иғвоангезӣ бо услуби аҷнабӣ

Иғвоангезӣ бо услуби аҷнабӣ


31-08-2018, 19:35. Разместил: admin

Иғвоангезӣ бо услуби аҷнабӣ

                                              

Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки худро аз мухолифони давлатдории миллии тоҷикон меҳисобад, дар арсаи байналмилалӣ бори чандум аст, бе далелу санад афкори умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва афроди алоҳидаро ба қазияи боздошти наҳзатиҳои ҷинояткор ҷалб кардан мехоҳад. Пайравони ҳизби мазкур дар муқобили далелҳои раднашавандаи мақомоти тоҷик истода, ҷуз иддаои дур аз ҳақиқат чизи дигаре дар даст надоранд ва худро шармандаи ҷаҳон ва мазҳакаи созмонҳои байналмилалӣ кардаанд. Ин танҳо аъмоли хиёнаткоронаи ташкилоти экстремистӣ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нест, ки дар арсаи байналмилал номи кишвари моро паст мекунад.

 

Дар баробари ин, афроди алоҳида ва ё созмонҳои байналмилалӣ низ аз қувваҳои тундгаро ва ифротӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо бо пахши изҳороте вазъи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро бад ҳисобиданӣ мешаванд. Махсусан, Эдвард Лемон, ки худро профессори Донишгоҳи Колумбия меҳисобад, дар сафҳаи сомонаи иҷтимоии худ аз тундгароӣ истиқбол карда, кирдорҳои ғайриқонунии мухолифони тоҷик алайҳи давлату миллати тоҷикро ҷолиб шуморида, аз тоҷикистониён ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват мекунад ба кампини наҷоти зиндониёни сиёсӣ идома диҳанд.Аз иқдоми боздошти раҳбарият ва пайравони ошӯбгарои ТТЭ ҲНИ нигаронӣ карда, иддао мекунад, ки акнун замони талаби озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ фаро расидааст. Аслан, ҳамин муҳаққиқони ба ном чун Эдвард Лемон дар кишвар вазъияти оромро бад мекунанду рафторҳои ноҷо доранд. Вақте нафаре ё гурӯҳу қуввае ба ҷиноят даст зад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Вай ҳамчун шахси хориҷии ба ном адолатпарвар вазъияти дохилиро таҳрик медиҳад. Аз ин бар меояд, аз ин унвон истифода мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки агар «профессор»-и Донишгоҳи Колумбия ба ҳоли худ гузошта шавад, яқин рабт доштани аъзоёни ин ҳизб дар ҳодисаҳои ахири кишварро рад мекунад. Ҳатто даъво ҳам пеш меорад ва талаб дорад, ки гунаҳкорон ва ҷинояткоронро раҳо намоянд. Эдвард Лемон барои манфиати чанд нафарро амалӣ намудан, ҳуқуқи кулли сокинони Тоҷикистонро поймол намуда истодааст. Тамоми сокинони кишвар мехоҳанд, ки гунаҳкорон бояд сазои подошро бигиранд. На ин ки чанд авфроди хориҷӣ аз он ҷонибдорӣ бикунанд.  Аммо масъулони ниҳодҳои байналмилалӣ ба давлати Тоҷикистон баҳои ғаразомез ва якҷониба додаанд, ки муҳтавои он вазъияти воқеии кишварро  инъикос намекунад.

Боздошти гунаҳкорон мутобиқ ба қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ амалӣ шудаву мешавад ва нигаронии хориҷӣ бепоя аст, чунки дар қиболи интиқодҳояш аз давлату миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ягон далел ва асосе надорад. Дар ин ҷо хиёнати ҷиддии наҳзатиҳо ба мушоҳида мерасад, лекин андешаи ғаразноки ҳамин созмон аст, ки баръакс бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бархӯрд ва муносибати ягона надорад. Бо ҳарки чи гунае, ки мехоҳад, ҳамон гуна муносибат мекунад. Якеро интиқод мекунаду дигареро таърифҳои болохонадор. Мутассифона, як таҳаввуле миёни созмонҳои байналмилалӣ роиҷ аст, ки онҳо танҳо камбудиро мекобанд ва дастовардҳоро нодида мегиранд.

 

Далер Қосимов


Вернуться назад