Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Эронро дар таблиғоти густардаи давлатӣ тавассути интернет айбдор карданд
Главная > Хабар > Эронро дар таблиғоти густардаи давлатӣ тавассути интернет айбдор карданд

Эронро дар таблиғоти густардаи давлатӣ тавассути интернет айбдор карданд


1-09-2018, 15:54. Разместил: admin

Ҳафтаи гузашта шабакаҳои иҷтимоии «Facebook», «Google» ва «Twitter» дар бораи бастани даҳҳо аккаунтҳо ва сомонаҳои  «марбут ба  мақомоти Эрон»  эълон карданд. Гуфтамешавад, киагентии «Рейтер» таҳқиқотгузаронда, «шабакаисершохаиЭронрооидбамаълумотибардурӯғваидоракуниисиёсӣ» ифшокард.

«Рейтер» даҳ сайти номаълум ва даҳҳо аккаунтҳоро дар «Facebook», «Instagram», «Twitter» ва «YouTube» дарёфт намуд. Ба иттилои агентӣ, онҳо бахше аз лоиҳаи Теҳрон оид ба паҳн намудани тарғиботи давлатии он дар саросари ҷаҳон мебошанд.

Ширкатҳои «FireEye» ва «ClearSky», ки ба таҳияи таъмини барномавӣ дар соҳаи амнияти киберҷиноятӣ машғуланд, ба «Рейтер» хабар доданд, ки ин сайтҳо ва аккаунтҳо ба Иттиҳоди байналмилалии ВАО-и виртуалӣ  — ташкилоте, ки барои мақомоти Эрон кор мекунад, тааллуқ доранд.

Ин иттиҳод ба паҳн намудани  маводҳои ВАО-и давлатии Эрон, ба монанди «PressTV» ва агентии «FARS» ё шабакаи телевизионии «аl-Manar» моликияти ҳаракати шиъаии «Ҳизбуллоҳ», ки аз ҷониби Теҳрон пуштибонӣ мешавад, машғул мебошад. Дар баробари ин иттиҳоди мазкур ҳангоми паҳн сохтани  мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои шахсии худ манбаи онро пинҳон мекунад.

Маводҳои ошкоркардаи «Рейтер» метавонанд танҳо як қисми фаъолияти миқёсии мақомоти Эрон дар интернет бошанд. Ҳафтаи гузашта шабакаи иҷтимоии «Facebook» дар бораи нест кардани 652 саҳифа, гурӯҳҳо ва аккаунтҳое, ки бино ба маълумоти ба шабакаи иҷтимоии мазкур, ба маъракаи пинҳонии паҳн кардани  маълумоти бардурӯғ ба манфиати Эрон рабт доранд, хабар дод. Баъд аз чанд рӯз дар бораи нест шудани аккаунтҳои зиёд аз ҷониби корпоратсияи «Google» иттилоъ расид. Корпоратсияи мазкур 39 шабакаро (каналро) дар «YouTube», 6 блогро дар «Blogger» ва 13 аккаунтро дар «Google+», ки ба «таблиғоти Эрон» рабт доштанд, ошкор  ва нест кардааст.

«Ин барои режими Эрон баландгӯяки (рупор) бузургест. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то кадом андоза гузаронидани чунин маъракаҳо оид ба паҳн кардани нуфуз дар интернет осон аст. Маъракаи Эрон ба сифат такя мекунад, на ба миқдор ва аз ин рӯ тӯли солҳо ноаён буд» — иқтибос меорад «Рейтер» гуфтаҳои ходими калони илмии озмоишгоҳи ташхиси рақамии «Atlantic Council»-и Америка Бем Нимморо.

 

 

Кирилл САРХАРЯНТС


Вернуться назад