Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Таблиғи дурўғҳои наҳзатӣ дар фазои маҷозӣ
Главная > Хабар > Таблиғи дурўғҳои наҳзатӣ дар фазои маҷозӣ

Таблиғи дурўғҳои наҳзатӣ дар фазои маҷозӣ


2-09-2018, 13:09. Разместил: admin

     Бурузу ҳузури таҳоҷуми иттилоотӣ ва мафкуравӣ аз тариқи сомонаю расонаҳои берунӣ ва муҳимтар аз ин, шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои муҳими таблиғоти наҳзатӣ дар чанд соли ахир маҳсуб ёфта, дастандаркорони матолиби хашини ТТЭ ҲНИ-ӣ тавҳин задан ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва натиҷатан, нобоварии мардумро ба режими мавҷудаи сиёсии кишвар афзуданро мароми сиёсӣ ва ақидатии худ медонанд. Аз тариқи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок раҳбарияти созмони террористию экстремистии ТТЭ ҲНИ миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Тавассути ин навъи технологияи сиёсӣ раҳбарияти ТТЭ ҲНИ мехоҳад ҷомеаро таҳти султаи равонӣ ва идеологӣ қарор бидиҳад ва мисли пештара дар муҳитҳои иҷтимоии тоҷикӣ таъсиргузор бошад. Ин аст, ки аз хориҷ ба таҳоҷуми иттилоотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди политтехнологияи калидӣ мебардорад.

    Аксари кулли қаламбадастони фаъоли расонаҳои наҳзатӣ ба таври пайваста мушкилоти мавҷударо ба ҳадди ифрот расонда, оташи нафрату бадбиниро нисбат ба режими ҳукумат аланга додан мегиранд. Ба назари  мубаллиғи наҳзатӣ ҳама чиз дар қаламрави Тоҷикистон ба даст ва Ҳукумат ва масъулини давлатӣ ба дарде намехўранд. Дар баробари ин, донишу маърифати заифи худро, ки аз муште хурофот таркиб ёфтааст (вале бо завоҳири дунявӣ персота шудааст), реклама мекунанд. Аҷобатро бубинед, ки ба ном таҳлилгарони наҳзатӣ аз берун истода, дар мавриди Ватан, давлат ва миллат қазоват мекунанд ва кони дурўғ мебофанду ба иттилоои сармоягузорони хориҷӣ манзур месозанд. Зимнан, дурўғпароканиҳои онҳо на дурўғҳои оддию муқаррарӣ, балки ҳарзаю дурўғҳои осмонианд ва ба онҳо бовар кардан ба ақли солим намеғунҷад. Дар маҷмўъ, ба дуруғҳои осмонии наҳзатӣ метавон тақрибан чунин посух дод:

     1.Бояд тазаккур дод, ки аврупоиён ва таҳлилгарони хориҷӣ, ғолибан муҳтоҷи иттилооти дурўғини ин тоифа нестанд, онҳо барои гирифтани иттилооти дақиқ аз пойгоҳҳои хабарии ғарбӣ, ки иқтидори бузурги иттилоотӣ ва тахассусӣ доранд, истифода мебаранд ва ба расонаҳои иғвогари наҳзатӣ, аслан эътимод надоранд. Танҳо баъзе гурўҳҳои манфиатхоҳ барои доман задани буҳронҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ бар мабнои дину мазҳаб дар минтақаҳо аз манобеи хабарии наҳзатӣ истифода мебаранду халос. Албатта, ин танҳо ба гурўҳҳои «хос»-и таҳлилгарони хориҷӣ  тааллуқ дорад.

        2. «Таҳлилгарон»-и расонаҳои наҳзатӣ, минҷумла Акбари Сиддиқ ва мисли ў дар Ватан нестанд ва ҳарфи онҳо, ки бар асоси иттилооти муғризини дохилӣ такя мекунанд, наметавонад вазъи куллиро дар минтақа ташхис бидиҳад. Ин аст, ки назар ва матолиби Акбару ба Акбар монандҳо барои худашону мухлисонашон писанданду бас.

       3. Давлат ва Ҳукумати феълӣ ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ, сиёсати зиддимардумиро пеша накардааст ва пайваста барои баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷаҳду талоши фаровон варзидааст. Илова бар ин, ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ амнияту суббот ҳукмфармо буда, мардум дар фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ зиндагӣ карда истодааст. Мутаассифона, имрўз ҳам боқимондаҳои наҳзатӣ дар дохилу хориҷи кишвар ба паҳну интишор кардани дурўғу иғвоҳо пардохта, обру ва нуфузи давлатро дар арсаи байналхалқӣ костан мехоҳанд. Онҳо ба таври ошкору пинҳонӣ аз приёмҳои идеологӣ истифода бурда, ҷомеаро ба бероҳа мекашанд ва авзоъро муташанниҷ кардан мехоҳанд. Чи дар гузашта ва чи имрўз ҳадафи наҳзат буда ва ҳаст, ки мардуми Тоҷикистон зиёдтар бесавод бошанд, то аз тариқи ноогаҳӣ ва бесаводӣ рўйи шонаҳои онҳо савор шаванд ва хостаҳои худро бебаркаш амалӣ намоянд. Ин орзуи деринаи қишри рўҳонии муҳофизакор ва усулгаро аст, ки аксаран ба наҳзат бевосита ва ё бавосита иртибот доштанд ва мутаассифона, имрўз ҳамон равобити сиррӣ миёни онҳо вуҷуд дорад.

      4. Таъкид кардан бамаврид аст, ки имрўз дар сатҳи элитаи сиёсию давлатӣ ба самтҳои марбута, аз ҷумла илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад ва давра ба давра ва марҳила ба марҳила илму маориф дар кишвар беҳбудӣ меёбад. Маблағҳои калони давлатӣ аз буҷаи кишвар ба самти маориф ва илм ихтисос меёбанд, ҳамасола муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмир мегарданд ва муассисоти нави таълимӣ дар гўшаву канори мамлакат бунёд мегарданд. Бурсияҳои таҳсилотӣ дар хориҷ барои таҳсили ҷавонони тоҷик ихтисос меёбанд, шумораи назарраси муҳассилини тоҷик дар бонуфузтарин муассисоти таҳсилоти олии кишварҳои осиёию аврупоӣ ва амрикоӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳайати профессории бонуфузтарин донишгоҳҳои русию урупоӣ барои тадрис ба донишгоҳҳои мо даъват мешаванд. Тадриҷан сатҳу сифати таҳсилот ва таҳқиқот ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик мешавад. Магар ин навъи корҳо ва тасмимоти ҷиддии давлатӣ дар умури таҳсилотӣ ва илмиро метавон нодида гирифт? Албатта, ба забони «коршиносон»-и бурунмарзии наҳзатӣ ин навъи пешравиҳо намоёнгари тараққиёт нестанд. Дигар ин ки онҳо, аслан пешравиро дар ватан дидан намехоҳанд ва бояд аз таги нохун чирк бикобанд, то раҳбарони хориҷиашонро шоду масрур гардонанд ва сармояи зарурие дарёфт намоянд.

      5. ТТЭ ҲНИ ва дастгоҳҳои иттилоотии он дар дохилу хориҷ ба як нуқта таваҷҷуҳ доранд – ба ҳар роҳу васила пойин бурдани нуфузи кишвар ва миллат ва аз ин роҳ худро назди хоҷагони хориҷӣ, ки сармоягузори пружаи наҳзатианд, ширин кардан (ба умеди маблағгузории минбаъдаи пружа). Дигар ҳадафе фаротар аз ин, пушти найрангҳои наҳзатӣ ва хомабадастони онро намебинем. Аммо ёди қудрати сиёсӣ ва тасаллут бар хосу ом ҳамеша орзую ормони наҳзатӣ буду ҳаст ва он ормонгаройии вижаро набояд аз ёд баровард.

 

    Фаридун Ориёӣ

 

  

            

     

 

 


Вернуться назад