Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ИНТИХОБИ НОЗИРИ МИНТАҚАВИИ БЕҲТАРИН
Главная > Хабар > ИНТИХОБИ НОЗИРИ МИНТАҚАВИИ БЕҲТАРИН

ИНТИХОБИ НОЗИРИ МИНТАҚАВИИ БЕҲТАРИН


4-11-2019, 20:47. Разместил: admin

 

Бо ин мақсад рӯзи  26-уми октябри соли равон дар толори машваратгузаронии бинои ШВКД дар ноҳияи Балҷувон чорабинї оид ба интихоби нозири минтақавии беҳтарин баргузор гардид. Дар чорабинї 15 нафар аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии ҳамкорї бо милитсия дар назди ШВКД дар ноҳияи Балҷувон, ҳайати шахсии ШВКД-и ноҳия ва намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Наврӯзов Қурбоналї иштирок доштанд.

 

Аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии ҳамкорї бо милитсия се нафар нозирони минтақавї – Сангаков Ҷумъахон – нозири минтақавии Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев, Фаттоҳзода Исмоил ва Раҳматуллоев Баҳодур нозирони минтақавии Ҷамоати деҳоти Сари Хосор ҳамчун нозирони минтақавии милитсия пешниҳод гардиданд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки нозирони минтақавии номбаршуда бо шаҳрвандон муомилаи хуб дошта, бо рафторҳои намунавї ва одилонаи худ ба эҳтиром ва эътиқоди халк сазовор гаштаанд. Зеро онҳо дар баҳсҳои оилавї иштирок намуда, бо маслиҳатҳои оқилонаи худ шаҳрвандонро ба ахлоқи ҳамида ва зиндагии осоишта даъват менамоянд. Ҳамчунин дар ҳамкорї бо халқ дар пешгирии бисёр ҷиноятҳо саҳм гузоштаанд.

 

Чунин рафтор ва хизматҳои содиқонаи нозирони минтақавї аз ҷониби намояндагони Шӯрои ҷамъиятии ҳамкорї бо милитсия иброз гардид.

 

Пешниҳод ва хизматҳои нозирони номбаршударо сардори ҳифзи тартиботи ҷамъиятии  ШВКД дар ноҳияи Балҷувон, лейтинанти калони милитсия Ҳусейнзода Илҳом ҷонибдорї намуда, инчунин дигар рафтору амалҳои шоистаи онҳоро ёдовар шуданд.

 

Ҳамин тариқ, Сангаков Ҷумъахон – нозири минтақавии Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев, Фаттоҳзода Исмоил ва Раҳматуллоев Баҳодур нозирони минтақавии Ҷамоати деҳоти Сари Хосор ҳамчун нозирони минтақавии беҳтарин номнавис гардида, аз ҷониби намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

 

Бояд гуфт, ки нозирони минтақавии милитсия дар таъмин намудани тинҷию осоиштагии ҷомеа ва ҳалли мушкилоти аҳолї нақши ҳалкунанда мебозанд ва қадр намудани меҳанти шабонарӯзии онҳо низ ба манфиати ҷомеа мебошад. 

 

Фахриддин САИДОВ 


Вернуться назад