Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ4-11-2019, 20:49. Разместил: admin |
Вируси гепатит аз тариқи пӯст, пардаи луобї (аз ҷумла узвҳои таносул) ба организми инсон ворид мегардад. Ҳамчунин дар вақти гузаронидани хун, амалҳои табобатї профилактикї, аз истифодаи сӯзандоруҳои сироятёфта ва дигар асбобҳои тиббї, ҳангоми тазриқи маводи мухаддир, тасвиркашї дар пӯсти тан ва дигар корҳои ѓайритиббї, сӯрох кардани гӯшу холмонї ва хатнакунии ѓайри тиббї ин вирус ба организми инсон ворид мешавад.
Вируси В ба воситаи хун, алоқаи ҷинсї, сӯзандоруҳои тамйизношуда ба шахси дигар мегузарад, ки метавонад шахси мубталошударо ба бемориҳои сироз ва саратони ҷигар мубтало намояд. Вируси С ҷараёни ниҳоят тези сирояткунї дорад. Вирусҳои В, Д, С метавонанд ба воситаи хун ва алоқаи ҷинсї афроди солимро сироят кунанд.
Солҳои пеш бемории гепатит танҳо ба воситаи як дору, ки нархи он ҳам гарон буд, табобат меёфт. Вале, шукрона, ки дар солҳои охир якчанд доруҳо дар натиҷаи рушди корҳои илмї кашфу тавлид шуданд ва ҳамаи онҳо ба Тоҷикистони мо ворид мегарданду корафтодагон метавонанд бо нархи дастрас онҳоро пайдо намоянд.
Аз ҷумла солҳои охир бо талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба мамлакати мо доруҳои «Софосбувир» ва «Деклатасвир» ворид мегарданд, ки барои табобати бемории гепатити С нигаронида шудааст.
Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустї дар тамоми ҷаҳон миллионҳо нафаргирифторони бемориҳои гепатитҳои вирусї умр ба сар мебаранд ва сол то соло мори гирифторони ин беморї афзуда истодааст. Аз сӯи дигар дар сохтори этнологии гепатитҳои вирусї шумораи гепатитҳои омехта ва шадид афзоиш ёфтааст, ки ин бевосита аз зиёдшавии шумораи нашъамандон вобаста аст.
Ба шахси гирифтори бемории гепатит пиёдагардї, варзиши сабук, шиноварї тавсия дода мешавад.
Барои ташхис ва ошкор намудани гепатит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои хубу муосир фароҳам оварда шудааст. Инчунин бо фармони Вазорати тандурустї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурї гурӯҳҳои осебпазир (занони ҳомила, нашъамандон, донорҳои хун, кормандони соҳаи тандурустї, мактаббачаҳо, коркунони соҳаи маориф ва ѓайраҳо) аз муоинаи тиббї мегузаранд. Ҳамчунин навхонадорон, никоҳшавандагон ҳарду ҷинс ба таври ройгон ҳатман аз муоинаи тиббї мегузаранд.
Тахминан 10-15 сол пештар гирифторони гепатитҳо дар ҷомеа камтар мушоҳида мегардиданд. Гирифторони вируси гепатити С солҳои пеш ҳам буданд, вале азбаски ташхиси муайяни ин навъ вирусҳо набуд, ҳама навъ гепатитҳоро як ном мегирифтанд.
Зар замони муосир ва дар нигоҳи илмии тибби муосир шаш навъи гепатитҳо муайян шудааст. Инҳо вирусҳои А, В, С, Д, Е, Ф мебошанд, ки манбаи сироятияшон аз одамон ба ҳамдигар мебошад. Дар замони муосир олимон роҳҳои нави табобати ин бемориҳоро ёфта истодаанд.
Солҳои пешин асрори ташхис ва табобати гепатити С барои табибон маълум набуд. Беморї яку якбора хуруҷ намуда, табобати он сангин паси сар мешуд. Дар муддати ду моҳ пӯсти бадани гирифтори вируси гепатитҳо зард мешуд, зеро алайҳи пешгирї аз оризаҳои ин беморї доруворї вуҷуд надошт ва вирусҳои мазкур дар муддати як ё ду моҳ беморро ба ҳалокат мерасонданд.
Айни замон ташхисҳои лабораторї ДНК-и ҳамон вирусро пурра муайян намуда, гепатитҳоро ба гурӯҳ ва зергурӯҳҳо, дараҷаҳои гирифтории беморонро ба ин вирусҳо ҳам муайян карда метавонанд. Дар баробари рушди соҳаи ташхисҳои тиббї дар самти табобати ҳамагуна бемориҳо низ пешравиҳои чашмрас мушоҳида мешавад.
Аз сӯи дигар имрӯзҳо маводҳои табобатие истеҳсол мешаванд, ки нисбат ба доруҳои солҳои пешин босифат ва барои ҳама дастрас мебошанд. Дар баробари ин, ҳоло барои пешгирї аз вирусҳои гепатит барномаҳои эмгузаронї амалї маешаванд, ки ин хавфи хуруҷи минбаъдаи бемориро дучанд коҳиш медиҳад.
СИРОЯТШИНОС Вернуться назад |