Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ИЛОҶИ ВОҚЕЪА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ
Главная > Хабар > ИЛОҶИ ВОҚЕЪА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ

ИЛОҶИ ВОҚЕЪА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ


4-11-2019, 20:53. Разместил: admin

 

Мутахассисони соҳилбанд, тибқи нақша канори данбаи соҳилро ба андозаи 5, 48 м аз сатҳи болои об чуқур канда, онро бо усули бетонрезї мустаҳкам намуда истодаанд. Сипас ба тарзи васли оҳанї канори данбаро бо баландии 20 см ва дарозии 15 метраи бардевор бетонпӯш намуда истодаанд. Бо чунин усули мустаҳкамкорї кори соҳилмустаҳкамкунї бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.  

 

Мутахассиси соҳа, муҳандиси корҳои соҳилмустаҳкамкунї Абдураҳмонов Муҳаммадї ба сифат ва суръату раванди корҳо назорати ҷиддї намуда, ба кормандон маслиҳатҳои муфид медиҳад.

 

Дар ин мавзеи соҳил корҳои соҳилмустаҳкамкунї аз 29-уми сентябри соли равон оѓоз гардида, то санаи 29-уми октябр 265 метр таҳкурсї ва 150 метр бардевори бетонї рехта шудааст.

 

Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунї ду бригада ва дар маҷмуъ 15 нафар коргарон фаъолият намуда истодаанд. Аз ин теъдод коргарон 9 нафарашон шаҳрвандони маҳаллї мебошанд. Коргарон бо се вақт таом ва маоши баланду саривақтї таъмин мебошанд, ки ин ба раванди босуръати корҳо таъсири мусбат мерасонад. Бо дарназардошти наздик омадани фасли сармо ва зиёд будани корҳо роҳбарияти ҷамъияти сохтмонї ният доранд, ки дар оянда шумораи коргаронро зиёд намоянд.

 

Тибқи нақшаи пешбинишуда бояд 1 260 метр соҳили дарёи сурхоб бо чунин усули оҳану бетонии мустаҳкам соҳилбандї гардад, ки ин амал ба бехавфу хатар гардидани маркази ноҳия ва ободу зебо гардидани он мусоидат менамояд.

 

Муҳаммади ШОҲ


Вернуться назад