Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Нотавонбинӣ то ба кай? Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!
Нотавонбинӣ то ба кай? Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!9-11-2019, 20:23. Разместил: admin |
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса муносибатҳои мутақобилаи судманд дошта, ҳамкориҳо байни ду давлат дар самтҳои гуногун хуб ба роҳ монда шудааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд. 3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму техника, фарҳанг ва ҳарбӣ ҷараён доранд. 28 ноябри соли 2012 дар ш. Париж дар бинои Сенати Фаронса Ассотсиатсияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро собиқ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани ба душ дошт. Ҳамчунин дар шаҳри Парижи Фаронса Анҷумани форсизабонони ҷаҳон бо номи Рудакӣ фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро шаҳрванди ин кишвар профессор Масъуд Миршоҳӣ ба уҳда дорад. Қобили қайд аст, ки дар заминаи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса (4 декабри соли 2002 дар ш. Париж имзо шуд) ҳамчунин дар ш. Душанбе Маркази фарҳангию-маорифии “Бохтар” (Centre Culturel Bactria) фаъолият менамояд, ки ҳамасола чорабиниҳои фарҳангию маорифӣ, аз ҷумла Ҳафтаи франкофония, намоиши филмҳои фаронсавӣ, намоишгоҳҳои китобу рассомон, озмунҳои забони фаронсавӣ ва ғайраро ташкил мекунад. Ҳамзамон, дар Маркази фарҳангии “Бохтар” курсҳои омӯзиши забони фаронсавӣ барои хоҳишмандон амал мекунанд. Барои хоҳишмандони таҳсил кардан дар Фаронса аз моҳи сентябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии “Бохтар” (ш.Душанбе) идораи барномаи Агентии таҳсилоти олии “Campus France” кушода шудааст, ки барои дарёфти бурсияҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои фаронсавӣ кумаку роҳнамоӣ мекунад. Сафари дар пешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2019 низ бо мақсади тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои муштарак ва манфиатбахш нақшабандӣ карда шудааст. Тибқи бархе аз расонаҳои ҳангоматалаб, пайравони оппозитсияи тоҷик, ки дар Аврупо зиндагӣ менамоянд, иддао доранд, ки ин сафари роҳбарияти давлати мо характери инфиродӣ ва пинҳонӣ дорад. Чуноне, ки барои ман ҳамчун як шаҳрванди оддӣ маълум гардид (агар сафар махфӣ мебуд, барои мо барин шахсон дарёфти маълумот дар ин ҷода мушкил мебуд) ҳангоми ин сафар роҳбарияти давлатро як қатор сарварони муассисаву ташкилоти ватанӣ, нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Дар ин замина ба имзо расонидани якчанд созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаву ташкилоти фаронсавӣ дар назар дошта шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки қабл аз вуқӯи сафарҳои хориҷии Президенти кишвар ҳафтаҳову моҳҳои зиёде барои мувофиқа намудани он, тартиб додани чорабиниҳои ташрифотӣ, таҳияи раводид ва таъмини амнияти меҳмонони воломақом сарф мегарданд. З-ин сабаб даъвои беасоси нотавонбинон, ки пешравии мамлакати моро, қабл аз ҳама ватани мо ва худи онҳоро дидан намехоҳанд, бе асосу бе мантиқ аст. Агар шумо ҳисси милливу ватандӯстӣ доред, чаро дар бораи корномаҳои варзишгарону мактаббачагони Тоҷикистон ки дар арсаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтаанд, намегуеду васф намекунед, шодишарики мо нестед. Танҳо ба паст задани обрӯй ва нуфузи кишвар, халқу миллат ва давлати тоҷикон машғулед. Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!
Собири Камол
Вернуться назад |