Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Хориҷи парастии «Ислоҳ нет»-и наҳзатӣ
Главная > Хабар > Хориҷи парастии «Ислоҳ нет»-и наҳзатӣ

Хориҷи парастии «Ислоҳ нет»-и наҳзатӣ


9-11-2019, 22:50. Разместил: admin

Агар шахс мақолаи навбатии пур аз ғарази Ислоҳ нет «Найрангҳои нав ё пеш аз сафари Раҳмонов»-и Ислоҳ нет-ро хонда бошад, бори дигар мутмаъин мегардад, ки то чӣ андоза ин лонаи чосӯсӣ аз хориҷиҳо химоят мекунад ва пойбанди онҳост. Ба навиштани чунин маводҳо онҳо соҳиби чанд пагон буданашонро ҳамнишон додаанд. Мавзуи сафари Чаноби Олӣ, Президенти кишварамонро баҳона намуда аз «Радиои озодӣ» пуштибонӣ доранд. Гуё, ки Президенти Радиои озодӣ язнаашон бошад ва ҳамзамон дар ин мавзуъ хоҷагони хориҷиашонро ҳам ифшо намудаанд, ки онҳо вакилони сенати Амрико, конгрессменҳо, муовини вазорати хориҷаи Амрико ва Сафири ин кишвар дарТоҷикистон мебошанд.

Боиси зикр аст, ки вақто, ки мӯҳлати аккредитатсияи хабарнигори “Озодӣ” ба итмом мерасид, пеш аз ҳама наҳзатиҳо ба ташвиш афтода аз тамоми минбарҳо баромад намуда, аз озодии сухан ва ҳуқуку озодиҳои хабарнигорон ҷоғ мезаданд ва акнун, ки он хабарнигорон иҷозати идомаи фаъолиятро гирифта бошанд ҳам, наҳзатиҳо фолбиниҳои худро идома дода истодаанд.

Ислоҳ нет ба мисли он шағолак аз филми тасвирии «Маугли»-ро ба ёд меоварад, ки палангро ҳамроҳӣ намуда, доимо ибораи «мо ба шимол меравем, мо ба шимол меравем»-ро такрор менамояд.  Ислоҳ нет бошад Тоҷикистонро аз вакилон ва конгресменҳои амрикоӣ тарсонида истодааст. Гуё Президенти кишварамонро, ки рӯзҳои наздик ба Аврупо сафар дорад, мушкилиҳои зиёде интизор аст. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ наҳзатиҳо ба ин андоза бегонапарастанд? Барои чӣ онҳо дар ҳар маврид моро аз Амрикову Аврупо метарсонанд. Магар онҳо тоҷик нестанд ва Тоҷикистон Ватани онҳо нест. Аз навиштаҳои онҳо маълум мегардад, ки барои наҳзатиҳо азизтар аврупоиҳо ва амрикоиҳост.

 Пеш аз ҷаласаи САҲА низ наҳзатиҳо доира мезаданд, ки акнун намояндагони Точикистон бо мо рубарӯ мешаванд ва бо мо як ба як мешинанду ба саволҳои мо ва САҲА ҷавоб мегӯянд ва ғайраву ҳоказо. Аммо дар натиҷаи ин ҷаласа наҳзатиҳо аз иштирокашон пушаймон шуданд. Кабиру сағири онҳо ба ғайр аз чор ҷумлаи тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон дигар гапе надоштанд. Шармандавор ҷаласаро тарк намуданд. Намояндагони Тоҷикистон бошад бо як сарбаланди ба Ватан баргаштанд.

         Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки наҳзат айни замон як шиор дорад, ки он ҳам бадном сохтани давлату миллати тоҷик мебошад. Дигар ба ягон кор қодир нест ва ҳатто дар байни худ созиш надоранд, чӣ кор карданашонро намедонанд. Агар онҳо аз ин шиорашон даст кашанд, аз куҷо дар Аврупо зиндагӣ карда метавонанд.

 

Абдукарим Рашидов

 


Вернуться назад