Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Чоҳканҳо зери чоҳ афтоданд….
Чоҳканҳо зери чоҳ афтоданд….8-03-2020, 15:06. Разместил: admin |
Боз нашармида 06-ум март дар баёнияатон бо каззобию маккорӣ изҳор мекунед, ки Шовализода узви ҲНИ нест ва ҳаргиз набудааст. Пас шумо ба ҳар як аъзои феъолии худ дар рўбарў гаштан бо чунин ҳодисаҳо бархурд хоҳед кард ва ба зудӣ аз ў даст мекашед. Аз ин пиндору кирдори роҳбарияти ҳизб бояд дигар аъзоёни гумроҳи он хулосаи мантиқӣ бароранд!
ТАРҶУМАИ ТОҶИКИИ МАКТУБИ МУҲИДДИН КАБИРӢ ОИД БА МАНСУБИЯТИ ШОВАЛИЗОДА ҲИЗБУЛЛО БА ТТЭ ҲНИ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Дафтари Идорӣ
Ба ҳар касе ки дахл дорад
Ман мехоҳам ба Шумо иттилоъ диҳам, ки шаҳрванди Ҷумуҳурии Тоҷикистон Шовализода Ҳизбуллоҳ, санаи таваллудаш 27.01.1991с., ҷонибдори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар се соли охир ба таври драматикӣ бад шуд, чун роҳбарияти давлат ҳизби пешсафи мухолифи кишвар ҲНИТ-ро моҳи сентябри соли 2015 мамнуъ эълон кард. САҲА, СММ, ИМА, ИА, Авфи байналмилал, HRW, Freedom House, ҳамчунин созмонҳои дигари ҳуқуқӣ башар ва нозирони байналмилалӣ барои аз ҷониби ҳукумат мамнуъ шудани ин ҳизб ва чораҳое ки нисбат ба он андешида мешаванд изҳори нигаронӣ кардаанд.
Бо эҳтиром Имзо Муҳиддин Кабирӣ
Агар Шумо ниёз ба маълумоти бештаре дошта бошед, Шумо метавонед бо сухангуи ҲНИТ ҷаноби Маҳмудҷон Файзраҳмонов, ки дар шаҳри Вена зиндагӣ мекунад, тариқи почтаи электронӣ mahmudjon.faizrahmonov@mail.com рақами +436649795485 дар тамос бошед.
Ғафуров Абдулло, мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶТ Вернуться назад |