Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ҚАРОРИ Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОРИ Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон17-04-2020, 17:33. Разместил: admin |
ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №2 қарор ба имзо расонид, ки матни онро дар зер манзур менамоем. — Вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба паҳншавии бемории сироятии коруно тибқи таҷрибаи кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд, зарурати муваққатан қатъи хондани намоз дар кишвари мо пеш омадааст. Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ чунин тадбирро амалӣ кардаанд. Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ҳамчунин доир ба манъи маросими ҳаҷ дар соли 2020 қарори дахлдор ба тасвиб расонид. Ин ҳама амалҳои фавриву саривақтӣ танҳо ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷот бахшидани одамон аз бемории сироятии короновирус мебошад, ки дар ҳақиқат то ба имрӯз ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда, садҳо корхонаҳо бекор мондааст. Ба ғайр аз ин мардуми зиёд бо иллати наҷот ёфтан аз офате, ки назирашро инсоният ёд надорад, дар хонаҳои худ «ҳабс» шуда, умедвори ҳар чи тезтар халос шудан аз ин балоро доранд. Мо низ бояд дар пайи офияти мардум ва ҳимояи шаҳрвандони худ тамоми чораҳоро мавриди истифода қарор диҳем, то аз ин вабои аср худамон, фарзандонамон, падару модарон ва умуман тамоми сокинони мамлакатамонро новобаста аз мазҳабу дин наҷот бахшем ва Ватани азизамонро аз ҳама хатарҳо ҳифз намоем. Тибқи фармудаҳои шариати Ислом ҳифзи саломатии инсон дар мартабаи аввал меистад. Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст: «Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед» (Сураи Бақара, ояти 195). Дар чунин вазъият, ки ҳифзи саломатӣ фарз аст ва намози ҷамоат суннат мебошад, бояд сиҳатии ҳар як бандаи муъмин ҳимоя ва ҳифз шавад. Вобаста ба ин риоя намудани тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб низ муҳим мебошад. Чунонки Худованди таъоло мефармояд: «… агар намедонед, пас, аз аҳли дониш суол кунед» (Сураи «Наҳл», ояти 43). Шароити мавҷударо ба инобат гирифта, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коруно, ки онро «фоҷиаи аср» номидаанд, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода №2 аз 17 апрели соли 2020 Вернуться назад |