Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Оид ба чораҳои пешгирифтаи кишварҳои минтақа вобаста ба COVID-19
Оид ба чораҳои пешгирифтаи кишварҳои минтақа вобаста ба COVID-194-06-2020, 00:25. Разместил: admin |
Дар Ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон расман маъракаи оммавии мубориза бо коронавирус анҷом ёфта бошад ҳам, вале мушкилоти вобаста ба пандемия ҳамчунон боқӣ мондааст. Ҳолатҳои хуруҷи такрории бемории сироятӣ дар ҳудуди вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Навоӣ ва Қашқадарё Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо пандемияи коронавирусро водор намуданд, ки реҷаи карантиниро то 15-уми июн тамдид созад. Ҳоло дар маҷмуъ, беш аз 40 шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон дар минтақаи «сурх», яъне аз лиҳози хуруҷи коронавирус хатарнок қарор гирифта, вазъи эпидемиологӣ дар онҳо ташвишовар арзёбӣ мегардад. Мақомоти ҶӮ изҳор намуданд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон тасмими сабук гардонидани меъёрҳои карантиниро нодуруст фаҳмида, фикр карданд, ки бемории сироятӣ пурра маҳв карда шудааст. Дар натиҷа аксарияти сокинон дар кӯчаҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд, фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, баъзеҳо аллакай дар хонаҳо чорабиниҳои оммавӣ гузаронида истодаанд, ки дар ниҳоят, ҳамаи ин бепарвогиҳо ҷомеаро метавонанд ба балои азимтар гирифтор созанд. Субҳиддин Зиёев, номзади илмҳои филологӣ Вернуться назад |