Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ОИД БА ВАЗЪИЯТ ДАР АФҒОНИСТОН
ОИД БА ВАЗЪИЯТ ДАР АФҒОНИСТОН14-06-2020, 17:21. Разместил: admin |
Новобаста аз кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти ба эътидол овардани вазъ ва иҷрои талаботи Созишномаи сулҳ миёни Ҳаракати Толибон ва ИМА, рӯз ба рӯз дар ин кишвари ҳамсоя вазъияти амниятӣ мураккаб гардида, неруҳои тундрави исломӣ, Ҳаракати Толибон ва ташкилотҳои дигари террористӣ куштори шаҳрвандони мулкиро афзоши медиҳанд. Мувофиқи иттилои расмии Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, танҳо дар давоми ду ҳафтаи охир 90 нафар шаҳрвандони ин кишвар бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои исломии ифротӣ кушта шудаанд. Ғайр аз ин, дар ҳоле, ки Ҳукумат фаъолиятро оид ба барқарорсозии сулҳ идома медиҳад, ҳатто дар давоми моҳи рамазон ва баъд аз он низ, гурӯҳҳои террористии исломӣ зӯровариро нисбат ба мардуми бегуноҳ тақвият бахшида, дар ин муддат 150 нафарро дар 29 вилоят маҷрӯҳ кардаанд. Ҳамзамон, дар як ҳафтаи охир террористони исломӣ дар 2 масҷиди шаҳри Кобул ва дар масҷиди вулусолии Чоҳи Оби вилояти Тахор амалҳои террористиро роҳандозӣ карда, 3 имомхатиб ва даҳҳо нафарро куштаву захмӣ кардаанд. Коршиносони сиёсию амниятӣ бар он назаранд, ки сабаби аслии нооромии вазъ дар Афғонистон фаъолияти гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ буда, омили асосии беш аз 40 сол идома ёфтани ҷангу хунрезӣ ва террор дар ин кишвар сиёсӣ намудани дини ислом ба ҳисоб меравад. Вернуться назад |