Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА" ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Главная > --- > ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА" ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА" ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН


5-10-2023, 22:28. Разместил: admin

     Рӯзи 2 октябри соли ҷорӣ дар назди майдони Парчами давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №621 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 - 2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабинии пуршукӯҳ бахшида ба "Рӯзи даъватшаванда" баргузор гардид.

     Дар маросими гусели даъватшавандагон раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва дигар сохторҳои дахлдор, инчунин волидайни даъватшавандагон иштирок доштанд.

     Нахуст раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр суханронӣ намуда, иброз доштанд, имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷасорату матонати шумо ҷавонони қавиирода ва далеру шуҷоъ дар роҳи ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон Тоҷикистон, эътимоди комил дошта, ояндаи дурахшони кишварро ба Шумо вогузор намудааст. Таъкид гардид, ки ҷавонони сарбаланди ноҳияро мебояд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз созанд.

     Дар идомаи чорабинӣ ба даъватшавандагон шаҳодатномаҳои хатми курси ронандагӣ дар заминаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва шаҳодатномаи сарбози ихтиёрии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар фазои тантанавӣ аз тарафи раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва дигар шахсони расмӣ, супорида шуд. 

      Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия хотири иштирокчиёнро бо сурудҳои саршор аз ватандӯстию хештаншиносӣ, шод гардониданд.


Вернуться назад